Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созиши таърихии Кореяҳои Ҷанубӣ ва Шимолӣ имзо шуд. ВИДЕО


Дар Пхенян, маркази Кореяи Шимолӣ, созиши таърихии халъи силоҳ дар нимҷазираи Корея имзо шуд.

Ба мувофиқа расидем, ки нимҷазираи Кореяро ба як минтақаи сулҳомез ва бидуни силоҳи ҳастаӣ табдил диҳем

Дар як мулоқоти таърихии раҳбарони Кореяҳои Ҷанубӣ ва Шимолӣ - президентони ду кишвар гуфтанд, ки барои орӣ аз силоҳи ҳастаӣ шудани нимҷазираи Корея иқдоми ҷиддӣ меандешанд.

Дар нишасти хабарии субҳи 19-уми сентябр дар шаҳри Пхенян раҳбарони ду кишвар гуфтанд, ки дар наздиктарин фурсат раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чен Ун ба Кореяи Ҷанубӣ сафар мекунад. Агар ин сафар амалӣ шавад, дар таърихи низоъҳои бисёрсолаи байни ду кишвар нахустин бор мешавад, ки раҳбари Кореяи Шимолӣ аз Сеул дидан мекунад.

Гузориши видеоӣ дар инҷост:

Мулоқоти таърихии раҳбарони Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ дар Пхенян
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:02 0:00

Ваъдаи боздид аз Сеул

Мун Чжэ Ин, президенти Кореяи Ҷанубӣ дар ин замина гуфт:​ "Ман раҳбар Ким Чен Унро ба Сеул даъват кардам. Раҳбар Ким тасмим гирифт, ки дар фурсати наздик сафар мекунад. Наздиктарин фурсат ба ин маъност, ки ин сафар, агар кадом ҳодисаи фавқулодда рух надиҳад, соли ҷорӣ ҷараён хоҳад гирифт".

Президенти Кореяи Ҷанубӣ айни замон ба хабарнигорон гуфт, ки Ким Чен Ун розӣ шуд, полигон ё макони озмоишҳои мушаки ҳастаиро дар ҳузури нозирони байналмилалӣ тахриб кунад.

Ким Чен Ун гуфт, "мо созиши низомиро ба имзо расондем, ки ба мухолифатҳои шадиду фоҷеабор нуқта мегузорад ва ба мувофиқа расидем, ки нимҷазираи Кореяро ба як минтақаи сулҳомез ва бидуни силоҳи ҳастаӣ табдил диҳем."

Ҷузъиёти созиши миёни раҳбарони ду кишвар ба хабарнигорон ҳам ошкор шуд. Дар матн гуфта мешавад, ки раҳбарон ба халъи силоҳ шудани марзи муштарак, ки дар як деҳа ҷойгир буда, аз ҷониби ҳарду кишвар назорат мешавад, мувофиқат мекунад. Дар чаҳорчӯби ин барнома, инчунин, амалиёти поккории қаламравҳои марзӣ аз мина пешбинӣ шудааст.

Ду кишвар гуфтанд, ки 11 посгоҳи назоратӣ аз минтақаи халъи силоҳшуда бардошта мешавад. Ин минтақа дар байни ду кишвар ҷойгир аст. Кореяҳои Шимоливу Ҷанубӣ инчунин ба мувофиқа расиданд, ки барои ширкат дар бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2032 муштарак иштирок мекунанд.

Яхҳои сиёсии 70-сола об мешавад?

Мулоқоти Ким ва Мун дар соли ҷорӣ бори сеюм баргузор мешавад.

Аз ин пеш вазирони дифои ду кишвар барои имзои созишномаи ҳамкориҳои низомӣ ташкили ҷаласа карданд, ки ба коҳиши таниш дар нимҷазира равона шудааст.

Таърихи мухолифатҳои сиёсии Кореяҳои Шимоливу Ҷанубӣ ба соли 1948 бармегардад. Он сол ҳарду Корея бар асоси раъйпурсӣ ва ҷаласаи порлумонӣ дар бораи таъсиси ҷумҳуриҳои мухтори Кореяҳои Шимолу Ҷанубӣ қарор қабул карданд ва соли 1950 Пхенян гуфт, ки расман дар ҳолати ҷанг бо Сеул қарор мегирад.

Ҷанги беш аз сесолае, ки идома кард, барои ҳарду тараф ҳам хисороту қурбонии зиёд овард. Соли 1953 бар асоси созишномаи оштии ду кишвар, ки яке рӯ ба Русия ва дигаре рӯ ба Ғарб буданд, миёни онҳо як хати марзӣ кашида шуд. Музокироти ахири президентони ду кишвар умедвориҳоеро барои беҳтар шудани равобит ва рафтуомади мардум, ки дар ҳарду тарафи марз хешу табор доранд, бештар кард.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG