Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотамӣ бо қудрат видоъ кард


Муҳаммади Хотамӣ, раиси ҷумҳури пешини Эрон гуфтааст, ки дигар қасди бозгашт ба арсаи қудратро надорад ва ҳамнаслҳои ӯ низ набояд ба қудрат бозгарданд.

Суханони оқои Хотамӣ рӯзи душанбе дар дидор бо намояндагони Конуни зиндониёни сиёсии пеш аз инқилоб баён шудааст, ки рӯзномаи ислоҳталаби “Шарқ” аз он ба унвони “Видоъ бо қудрат”ном бурдааст. Хотамӣ дар ин суханронӣ бо ишора ба вазъияти кунунии худ дар сохтори ҳукумати Эрон гуфтааст, “на қасд доштам, на дорам ва на заминааш фароҳам аст, ки ба қудрат бозгардам.”

Хотамӣ гуфтааст, “мо насле ҳастем, ки набояд дигар ба қудрат бозгардем, аммо дӯст дорем, арзишҳо ва меъёрҳо ҳифз шавад ва шахсиятҳое, ки нисбат ба низом, ормонҳо ва сарнавишти Эрон дағдағаи бештаре дорад, рӯи кор биёянд ва барои ин мавзуъ талош мекунем.”

Бар пояи гузориши рӯзномаи “Шарқ”, оқои Хотамӣ худ ва ислоҳталабонро мунтиқиди ҳукумати Эрон номида, аммо таъкид кардааст, ки асли низомро қабул доранд ва ба гуфтаи ӯ, намехоҳанд, ки эътирозҳо ва танқидҳо ба асли низом латма бизанад.

Хотамӣ гуфтааст, мутаассифона тангназариҳое вуҷуд дорад, ки низомро дар як дидгоҳи маҳдуд хулоса мекунад ва ҳар касе хилофи он гап бизанад, мегӯянд? низом тазъиф шуд. Дар ҳоле, ки худи ин маҳдудиятҳо бузургтарин зарба ба низом аст.

Муҳаммади Хотамӣ аз раҳбари гурӯҳҳои ислоҳталаби Эрон аст, ки баъди интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2009 таҳти назорати муоҳифзакорони наздик ба раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ қарор гирифт. Ба тавре, ки аз ӯ ба унвони яке аз сарони “фитна” ном мебаранд. Истилоҳе, ки муҳофизакорон ба Мирҳусайни Мусавӣ ва Меҳдии Каррубӣ низ нисбат медиҳанд. Ду номзади интихоботи соли 2009, ки ҳукуматро ба тақаллуб ва даст задан ба райъҳо муттаҳам карданд.

Бо ин ҳол, оқои Хотамӣ дар суханронии рӯзи душанбеи худ таъкид кард, ки низом аз осебҳо эмин бимонад ва танқидҳои ӯ асли низомро ҳадаф қарор намедиҳад.
XS
SM
MD
LG