Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Акнун занҳо аз занҳо дифоъ мекунанд


Занҳо дар Тоҷикистон акнун метавонанд мутмаин бошанд, ки озордиҳандаҳои онҳо беҷазо намемонанд.

Даҳ корманди пулис, ки ҳамагӣ зан ҳастанд, баъди иштирок дар тамрини мубориза бо хушунати хонаводагӣ ба сафи ҳамкорони дигар пайвастанд. Беш аз шаш ҳафта занҳои пулис роҳҳои пешгирӣ аз озори занҳо дар хонаводаҳоро тамрин карданд ва акнун мутмаин ҳастанд, ки озордиҳандаҳои занон беҷазо намемонанд.

лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:40 0:00
Линки мустақим


Бисёре аз занҳое, ки дар хонаводаҳо латту кӯб мешаванд, бар ин боваранд, ки дар масъалаи латту кӯби онҳо аз тарафи шавҳар ва ё модаршавҳар ё бародаршавҳар пулис ҳатман тарафи мардро мегирад, чун аз эҳтимол дур нест, ки баъзеи инҳо онҳо низ ба сари ҳамсарони худ даст бардоранд. Бинобар ин, ҷалб шудани занҳо ба мубориза бо хушунати хонаводагӣ аз як тараф эътимоди ҷабрдидаҳоро ба пулис бештар ва аз тарафи дигар адолатро барқарор мекунад.

Ҳанифа Холиқова 47-сол ва панҷ фарзанд дорад. Ӯ бо ҳамсараш беш аз 20 сол хонадорӣ кардааст ва тӯли ин муддат борҳо шаллоқ хӯрдааст. Ҳанифа Холиқова мегӯяд, ин ҳама латту кӯбҳои сабукро таҳаммул карда буд, вале шаттаҳои чаҳор дафъаи ахир тоқатнопазир буданд. Ҳанифа мегӯяд, шавҳари масташ ӯро чунон зад, ки шадидан маҷрӯҳ шуд ва муддате дар бемористон бистарӣ гардид.

Ҳанифа мегӯяд, аз зарби мушту лагади шавҳараш се дандонаш шикаст ва бачадонаш аз кор монд. Ӯ мегӯяд, азбаски шавҳараш марди пулдор аст, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ҳамеша қазияро ба нафъи ӯ ҳал мекунанд. Хонум Холиқова аз шунидани хабаре, ки акнун акнун занҳои пулис низ ба баррасии қазиҳояи хушунати хонаводагӣ ҷалб мешаванд, истиқбол кард: «Барои он, ки мардҳо бисёри вақт мардҳоро ҳаққ меҳисобанд. Занҳо низ шояд ба хотири «женская солидарность», моро ҳимоят кунанд.»

Дар зимн як давраи омузишӣ барои занони пулис тавассути Сафорати ИМА сурат гирфт, ки ҷилавгирӣ аз хушунати хонаводагӣ ва ҷинояткорӣ миёни ноболиғон дар меҳвари ин дарсҳо қарор дошт. Як корманди сафоратхонаи ИМА дар Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки даҳ зан-афсари вазорати корҳои дохилӣ муддати шаш ҳафта ба нозукиҳои мубориза бо хушунати хонаводагӣ ва ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ошно шуданд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ин давраи омузишӣ дар маҷмуъ 20 мавзӯъ матраҳ гардид: "Аз қабили омӯзиши мавзӯҳое, ки занҳо дар сохторҳои қудратӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Рондани дучарха, тадбирҳои ҳимоявӣ барои занон дар сохторҳои қудратӣ, масоили гендерӣ, тафтишоти таҳдиди ҷинсӣ ва кӯдакон, бозпурсm оиди зӯроварии хонаводагӣ омӯзонида шуд.»

Ин манбаъ афзуд, дар ин муддат мутахассисони амрикоӣ ва намояндагони вазорати корҳои дохилӣ ба занони пулис дар ин мавзӯъҳо дарс гуфтанд. Масъулони вазорати корҳои дохилӣ аз баргузории ин давраи омузишӣ истиқбол карданд ва худи занони пулис низ мегуянд, ки ин иқдом ҳатто барои худи онҳо низ муҳим будааст.

Зеро яке аз ин занони пулис бидуни овардани номаш гуфт, худи ӯ борҳо зери шиканҷаи шавҳараш қарор гирифтааст ва ҳамеша худи ӯро «гунаҳгор» меҳисобиданд. Ӯ мегӯяд, кори хубе шуд, ки ин давраи омузишӣ ташкил шуд ва мо занҳо минбаъд аз ҳамҷинсонамон дифоъ карда метавонем: «Дар ин курс дар баробари омӯхтани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ҳамчунин тарзи бурдани тадқиқотро ҳангоми хушунат дар хонаводаро аз худ кардем. Ба мо тарзи дуруст кор карданро бо занону кӯдакони хушунатдида омӯзониданд.»

Бо таваҷҷуҳ ба он, ки хушунат аз мушкилоти доғу умдаи ҷомеаи Тоҷикистон аст, равоншиносону мутахассисон низ бар ин назаранд, ки фарогирии занони пулис ва дигар ниҳодҳои давлатӣ дар ҷиҳати ҷилавгирӣ аз зуроварӣ дар хонаводаҳоҳо кори муассир ва муфид хоҳад буд. Ба андешаи Заррина Кенҷаева, равоншиноси Маркази бӯҳронии Кумитаи кор бо занони Тоҷикистон, дар чунин маворид, яъне ба хушунат гирифтори шудани зан, албатта ӯро зан хубтар дарк мекунад ва метавонад ёрии равониву маънавӣ кунад.

Зарина Кенҷаева
Зарина Кенҷаева
Хонум Кенҷаева меафзояд, бояд давраҳои омузишӣ бештар карда шавад ва на танҳо даҳ зан - афсари пулис, балки аз 50 бештар занони соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва дигар соҳаҳоро дар ин гуна курсҳо гирди ҳам овард ва ба он таҷриба андӯхт.

Заррина Кеҷаева мегӯяд: «Дар кадом ҳолате набошад, зан бояд донад, ки чӣ гуна ҳуқуқ дорад ва метавонад аз дигарон ба таври солим дифоъ кунад. Агарчи русҳо «женская солидарность» мегӯянд, аммо сарфи назар аз ин, гумон мекунам занҳо аз ҷиҳати равонӣ низ зани дигарро метавонанд бештару хубтар дарк кунад.»

Аммо бо вуҷуди истиқболи гарми ҳатто равоншиносон, соҳибназарон мегӯянд, ки ташкили ин гуна давраҳои омузишӣ наметавонад пеши роҳи зуроварӣ дар хонаводаи тоҷикро бигирад. Чун ба таъкиди Амнияти Абдулназар, коршиноси тоҷик, Тоҷикистон, аз ин гуна давраҳои бозомӯзиҳо ҳеҷ манфиате надорад. Зеро: «Он чизе, ки дар семинарҳо меомӯзанд, амалӣ карданаш хело мушкил аст. Зеро идораҳо пойбанди раҳбарияти вазорату раёсатҳо мебошанд.»

Ин аст, ки ба қавли ин коршиноси тоҷик, кормандон дар вазорату кумитаҳо бояд аз рӯй малака интихоб шаванд ва дар қазоватҳои худ мустақил бошанд. Дар ин сурат тамрину таҷрибаҳои андӯхта метавонад мушкилеро ҳал кунад.
XS
SM
MD
LG