Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳосили чанд соли мубориза бо фасод дар Тоҷикистон чӣ будааст?


Акс аз бойгонист
Акс аз бойгонист

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, мубориза бо фасод мушкили танҳо ниҳодҳоди давлатӣ нест ва бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар он нақш дошта бошанд. Бархе аз соҳибназарон гуфтанд, мардум аз вуҷуди фасоди молӣ борҳо шикоят кардаанд ва ин ба иродаи мақомот вобастааст, ки барои пурра решакан кардани он иқдоми ҷиддӣ кунанд, ё на.

Радиои Озодӣ дар рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасод, ки ҳар сол 9-уми декабр таҷлил мешавад, ба ин масъала рӯй овард ва аз сокинону коршиносон пурсид, ки мубориза бо фасод дар Тоҷикистон то куҷо муассир будааст?

Дар ин рӯз мақомот барои шарҳи масъала дастрас набуданд, вале охири ҳафтаи гузашта Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия бо нашри матлабе гуфт, "коррупсия зиндагии солиму амн дар ҷомеаро халалдор намуда, давлатдориро ба хатар меандозад. Ҳар яки мо уҳдадорем, ки дар коҳиши назарраси ин падидаи номатлуб саҳми худро бигузорем."

Вай иттилоъ надодааст, ки мубориза бо фасод дар Тоҷикистон ба куҷо расидааст ва оё чӣ иқдоми ҷиддие дар ин бора гирифтаанд, аммо хабар додааст, ки бинои нави 7-табақаи Оҷонсӣ воқеъ дар паҳлӯи Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 17-уми декабри имсол кушода мешавад.

Гулафшон Салимова, сокини 43-солаи Тоҷикистон, ба ин назар аст, ки фасод ба ҷузъе аз зиндагии мардум табдил ёфта, бе додани ришва ҳалли мушкил ғайримумкин шудааст. Ӯ гуфт, "вақте кӯдак таваллуд мешавад, волидон ба пизишкон “ҳақ” медиҳанд. Сипас, барои ба боғча рафтани тифл боз “ҳақ” месупоранд. Дар вақти мактабхонӣ муаллимон бо ҳар баҳона пул металабанд. Агар бузург шаведу бемор шудед, дар беморхона бе додани ришва шуморо касе табобат намекунад."

Алиакбар Абдуллоев, раиси созмони "Ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ" дар навбати худ шаҳрвандонро ба бепарвоӣ гунаҳкор кард, ки ба назари ӯ боис шудааст мақомот дар мубориза бо фасод то ҳадди зарурӣ муваффақ нашаванд.

"Мутаассифона, бештаре аз сокинони кишвар дар раванди ин мубориза беэътиноӣ нишон медиҳанд ва ҳамчунон ришва медиҳанд. Бовар дорам, агар ҳар як нафар аз додани пора худдорӣ кунад, расидан ба пирӯзӣ ба фасодкорӣ дар Тоҷикистон осон мешавад," -- афзуд ӯ.

Бархе аз коршиносон мегӯянд, сокинон дар масъалаи фасод дар ҷомеа бетараф нестанд. Агар баъзе барои бе дарди сар ҳал шудани мушкили худ ба додани пора розианд, бархеи дигар ба ниҳодҳо муроҷиат мекунанд, вале зоҳиран пуштибонӣ намебинанд. Барои мисол, ба гуфтаи онҳо, Хайрулло Мирсаидов, хабарнигори тоҷик ду сол пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз "ҳақталабӣ"-и як мақом дар вилояти Суғд хабар дод, аммо ба ҷойи расидагӣ ба нома ӯро 12 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Дертар ӯ зери фишори созмону кишварҳои ғарбӣ шартан озод шуд.

Ойниҳол Бобоназарова, раиси созмони ғайридавлатии "Перспектива Плюс" ва яке аз довталабони мақоми президентӣ дар интихоботи соли 2013 ришваситонӣ дар сатҳҳои пойини ҳукуматро мушкили ҷиддӣ намедонад. Ба бовари ӯ, фасодкорӣ дар сатҳи болоии ҳукумат мояи нигаронии ҷомеаи тоҷик ва байналмилалӣ шудааст.

"Фасодкорӣ дар сатҳи болоии ҳукумат гардиши садҳо миллиондолларӣ дорад. Дар муқоиса бо ришваситонӣ аз сокинони одӣ ин маблағҳо даҳшатнок аст. Ин аллакай пайванди мафия бо мақомот аст. Он чизе, ки президент мегӯяду нишон медиҳад, чандон муассир нест. Зеро як нафареро боздошт карданду боз ҳам ҷавоб доданд ё аслан ҷазо ҳам надоданд. То замоне ки ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳалли мушкили фасодзадагӣ ҷалб нашавад, ин зуҳуротро ба пуррагӣ наметавон аз байн бурд," -- шарҳ дод ӯ.

Алиакбар Абдуллоев мегӯяд, аз оғози мубориза бо фасод мақомоти Тоҷикистон то андозае муваффақ будаанд. Вай ба унвони далел гуфт, "чандин мақоми баландпоя бо иттиҳоми порагирӣ дастгир ва тавассути шабакаҳои телевизионӣ нишон дода шуданд."

Ин дар ҳолест, ки солҳо боз сокинон аз мақомот мепурсанд, чаро ба шасти онҳо фақат омӯзгорону табибон меафтанд, вале мансабдорони баландпоя не.

Мақомот мегӯянд, онҳо дар масъалаи мубориза бо фасод ба касе раҳм намекунанд ва ҳар касе ба шаст афтид, ҷазо медиҳанд. Аз ҷумла, онҳо ба унвони мисол мегӯянд, ду сол пеш даҳ мақоми баландпояи худи Оҷонси зиддифасодро дастгиру муҷозот карданд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, ҳимоят шудани баъзе аз афрод аз тарафи мақомоти болоии кишвар шаффофият ва ҷиддӣ будани маъракаи мубориза бо фасодро зери соя қарор додааст. Барои мисол, ба гуфтаи онҳо, моҳи майи имсол раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи расмие Шаҳбоз Раҷабзода, сардори дидбонгоҳи гумрукии Душанберо ба иттиҳоми хилофкорӣ, аз ҷумла хариди чанд хонаву мошин ва сафарҳои зиёди хориҷӣ дар муддати тақрибан ду соли кораш танқид кард, аммо гуфт, ҷавониашро ба назар мегирад ва ҷазо намедиҳад.

Тоҷикистон 6 сол пеш Стратегияи мубориза бо коррупсияро барои то соли 2020 тасвиб кардааст, ки ҳадаф аз он решакан кардани ин падида буд, аммо ба назари таҳлилгарон ин дарахт "меваи зиёде надодааст". Бино ба раддабандии созмони Шаффофияти Байнулмилал, ки ҳар сол мизони фасодкорӣ дар кишварҳои ҷаҳонро чен мекунад, Тоҷикистон дар ҷойи 152 қарор дорад. Мақомоти Тоҷикистон вуҷуди фасодро рад намекунанд, аммо гузоришҳои байналмилалиро "ғаразнок" мехонанд.

Шоҳиди ҳодисае шудед, ё аксе видеое доред, лутфан, ба ин шумораҳо ва ба воситаи Вотсап, Вайбер, Телеграм ва ё ИМО бифристед: (+420) 607 900 808; (+420) 724 056 681; (+420) 724 053 959; (+992) 980 15 10 10

XS
SM
MD
LG