Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Китоби ишора". Барои онҳое ки моро намешунаванд


Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон аз нашри нахустин китоби марбут ба забони имову ишора барои кӯдакони маълул хабар дод.

Кам касон медонанд, ки ҳар ҳарф, ашё ё амалро метавон ба воситаи ангуштон ва ҳаракати дастҳо дақиқан баён кард. Забони ишора барои онҳое муҳим аст, ки аз қобилияти гуфтан ва шунидан маҳруманд. То соли равон ин забон дар Тоҷикистон мафҳумҳоро ба русӣ ифода мекард ва акнун, нахустин бор китобе нашр шуд, ки бо истифода аз он кӯдакони маълул «ба тоҷикӣ ҳарф хоҳанд зад».

Саттор Қувватов, муаллифи «Китоби ишора», ки чанде пеш бо талоши Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон мунташир гашт, мегӯяд, ин аввалин китоб дар таърихи кишвар аст, ки барои кӯдакони лол омода шудааст: «Ҳар касе ин китобро хонад метавонад, бе мушкили бо кару гунгҳо муошират кунад ва аз дарди дилашон хуб огоҳ шавад. Зеро дар нашри ин китоб мо бевосита худи ношунавоёнро ҷалб кардаем. Барои он, ки танҳо онҳо имкони бе хато гузоштани ишораҳоро доранд. Бо як гурӯҳи ношунавоён давоми як сол кор кардем ва аксбардорӣ намуда, китобро таҳия намудем. Ҳамчунин ин китоб бар пояи омӯзиши таҷрибаи Маркази кару гунгҳои Русия омода шудааст. Мо ба Русия рафта, таҷрибаи онҳоро омӯхта, баъдан китобро таҳия намудем.»

"Китоби ишора" барои атфол ва афроди имкониятҳояшон маҳдуд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:50 0:00

​Муаллим Қувватов беш аз 25 сол ба кӯдакони маълул «забон» ёд медиҳад ва мегӯяд, ин таҷриба ба ӯ дар навиштани «Китоби ишора» мадад кардааст. Вай ба радиои «Озодӣ» гуфт, дар чанд соли охир таваҷҷӯҳи падару модарон ба таълим гирифтани фарзандони маълулашон бештар шудааст ва ҳатто худи онҳо забони ишорарро меомӯзанд, то тавонанд, бо фарзандони худ «суҳбат» кунанд.

Саида Комилова, ки писараш дар мактаби ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ таҳсил мекунад, мегӯяд, қаблан писари хурдсолаш худ барои худ забон сохта буд ва бо имову ишораҳео «ҳарф мезад», ки танҳо худаш мефаҳмид. Модар ин ишораҳоро намефаҳмид ва мегӯяд: «Вақте писарам ишораҳои навро омӯхта дар хона бо ман гап мезанад, намефаҳмам чӣ мегӯяд. Зеро ин ишораҳо бароям бегона буданд. Рӯзҳои аввал гумон мекардам ӯ маро дашном медиҳад, аммо вақте ба назди муаллимонашон рафта пурсидам, гуфтанд ин забони аслии ношунавоён аст. Муаллимон ишораҳоро ба ман фаҳмониданд. Ҳатто баъзеяшонро кашида доданд. Акнун аз рӯй ишораҳо мефаҳмам писарам хӯрок мехоҳад, ё ба берун рафтанӣ аст ва ё чизи дигар. Вақте писарам дасташро ба ҳарду рӯйяш мебарад, медонам, ки модар гуфтанӣ аст. Ҳангоме як дасташро ба рӯяш мебараду дасти дигарашро аз рӯйяш мегирад, гуфтан мехоҳад, ки ӯ падар надорад.»

"Китоби ишора"
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:47 0:00
Линки мустақим

Китоби нав кори омӯзгорони мактаби лолу ношунавоҳоро, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ воқеъ аст, мушкилтар кард. Акнун онҳо бояд забонро аз нав омӯзанд, то тавонанд, онро ба кӯдакон ёд диҳанд. Яке аз онҳо Ҷалил Раҳимов мегӯяд, вай пас аз рух додани ҳодисае тасмим гирифт забони ишораро омӯзад: «Боре бо кӯдакон футбол бозӣ доштем, ки тӯб аз девор парида рафт. Ман барои овардани тӯб рафтам. Кӯдакон ишора карданд, ки нарав он ҷо саги газанда аст.
Хонум Софа
Хонум Софа
Ман инро нафаҳмида рафтам. Қариб буд саг маро мегазид. Боз худи кӯдакон маро наҷот дода, гуфтанд онҳо маро огоҳ кардаанд. Аммо нафаҳмидаам. Бинобар ин ҷиддӣ тасмим гирифтам то забони ишораро аз худ кунам.»

Хонум Софа, ки низ бо имову ишора гап мезанад, мегӯяд тамоми умр дар мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони лоли ноҳияи Рӯдакӣ зиндагӣ кардааст. Баъд аз таҳсил дар ин ҷо вай ҳоло омӯзгор аст ва мегӯяд бо гузашти 45 сол маҷбур аст, забони ишораи тоҷикиро аз рӯй китоби нозанашри «Китоби ишора» омӯзад. Вай мегӯяд, дар солҳои Шӯравӣ забони ишораро бо русӣ омӯхтааст, ки имрӯз дар омӯзиши забони ишораи тоҷикӣ мушкилӣ мекашад: «Ман 8 сол мешавад чун омӯзгор ба кӯдакони кару гунг дарс мегӯям. Бароям дарс гуфтан бо забони ишораи русӣ мушкил нест, аммо бо забони тоҷикӣ мушкил дорам. Аммо ба мушкили нигоҳ накарда намехоҳам аз дигар ҳамкоронам қафо монам. Бинобар ин талош дорам то ба зудтарин фурсат ишораҳои тоҷикиро аз худ кунам.»

Дар Тоҷикистон беш аз 3 ҳазор кӯдакон аз қобилияти шунидан ва сухан гуфтан маҳруманд. «Китоби ишора», ки барои онҳо нашр шудааст, 23 мавзӯъро дар бар гирифта, наздики 1600 ишора ё рамзро меомӯзонад ва ба онҳо имкон медиҳад, худро бахше аз ҷомеа эҳсос кунанд.
XS
SM
MD
LG