Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯёнро ба тарғиби референдум бароварданд


Субҳи рӯзи ҷумъа дар шаҳри Хуҷанд ҳазорон тан аз ҷавонон, ки аксари онҳо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ буданд, ба тарафдорӣ аз раъйпурсӣ барои тағйиру иловаҳо ба Қонуни асосӣ раҳпаймоӣ карданд.

Субҳи рӯзи ҷумъаи 13 май ҳазорон тан аз ҷавонон дар Хуҷанд ба нишони пуштибонӣ аз баргузории раъйпурсии ислоҳ ва тағйири Конститутсия раҳпаймоӣ карданд. Дар ин раҳпаймоӣ беш аз 10 ҳазор ҷавонон ва умдатан донишҷӯёни маркази вилояти Суғд ҳамроҳи муаллимони худ ва масъулони Кумитаи ҷавонон, ширкат намуданд.

Онҳо дар чорчӯби чорабиниҳои «20 рӯзи ҷавонӣ» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва зери шиори «Ҷавонон - ҷонибдори рушди босуботи кишвар», аз се самти хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Раҳмон Набиеви маркази Хуҷанд ҳаракат карда, дар пояи Парчами Миллӣ, дар назди ҳукумати Суғд, ба ҳам омаданд.

Бархе ҷавонон дар даст парчами Тоҷикистон ва шиору навиштаҳо доштанд. Он шиору навиштаҳо тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро аз ҷумла "марҳилаи муҳими ислоҳоти сиёсӣ" ва "барои ҷавонон муҳим"

​Ҷавонон чеҳрахандону шод ба назар мерасиданд ва маълум буд, иштирок дар раҳпаймоӣ ба ҷои таҳсил, ба онҳо хуш омадааст. Вале теъдоди ками донишҷӯё ва устодони онҳо ҳозир буданд бо хабарнигорон сӯҳбат кунанд.

Хирадманд Қурбонов, донишҷӯи Донишгоҳи ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар Хуҷанд дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҷиҳати дастгирӣ аз баргузории раъйпурсии умумихалқии ислоҳ ва тағйири Конститутсияи Тоҷикистон, ба раҳпаймоӣ ҳозир шудааст. Вай афзуд, рӯзи 22-юми май дар раъйпурсӣ ҳатман иштирок хоҳад кард. Як муаллимаи ин донишгоҳ афзуд: "Мо тарафдор ҳастем ба Конститутсия тағйироти пешниҳодшуда ворид шавад. Барои ҳамин раҳпаймоӣ мекунем."

Вале мусоҳибонам ва чанд донишҷӯи дигаре ҳам, ки сӯҳбат доштем, аз ҳадафи ин раъйпурсӣ ва ислоҳу тағйироти пешниҳодшуда ба Конститутсияи кишвар ва ин, ки ин ислоҳот барои ояндаи онҳо чӣ аҳамият дорад, изҳори бехабарӣ карданд.

Ҳамин тавр, соати 9-и субҳ издиҳоми донишҷӯён ба ҳаракат даромад ва бо сар додани шиорҳои "Мо бо шумоем, Пешвои миллат!" ва "Овози мо, ҷавонон дар раъпурсӣ ҳалкунанда аст!" дар пояи Парчами миллии Тоҷикистон дар назди ҳукумати Суғд қарор гирифт. Ҳамин тавр, ба он ҷо аз ду самти дигар низ сафҳои бузурги донишҷӯён ҳозир шуданд.

Ҷавононро ба тарғиби референдум ба хиёбонҳо бароварданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Канори роҳҳои ҳаракати раҳпаймоён ба ҷуз кормандони милисаи нозир ва ягон - ягон раҳгузарон, ки аз баста шудани роҳҳои асосии маркази Хуҷанд пиёда равон буданд, дигар бинанда надошт.

Дар назди раҳпаймоён дар пояи Парҷами миллӣ Назира Ғаффорӣ, муовини раиси вилояти Суғд ва як намояндаи Кумитаи ҷавонони Тоҷикистон дар бораи аҳамияти ворид кардани ислоҳу таййирот ба Конститутсияи Тоҷикистон, суханронӣ намуданд.

Хонум Ғаффорӣ тағйиру иловаҳо ба Конститутсияро "тақозои замон" номид ва ба нақши муассири ин амр "дар густариши равандҳои демократӣ, пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву маънавии ҷомеа, тарғибу ҳифзи арзишҳои миллӣ, оиладорӣ, таълиму тарбияи насли ҷавону наврас, ба камол расонидани инсони комил ва рушди нерӯи инсонӣ" таъкид кард. Вай афзуд, ки ворид шудани тағйирот ба Қонуни асосӣ ба ҷавонон имкон медиҳад аз синни 30 ба мансабҳои давлатӣ, аз ҷумла ба мақоми президентӣ, вакилии парлумон ва аъзоии ҳукумат, номзад шаванд.

Пас аз суханрониҳои расмӣ, қисми фарҳангӣ ва аз ҳама шавқовари раҳпаймоӣ оғоз ёфт. Ҷавонон бо суруду шеърхонӣ ва рақс ҳамоишро хотима доданд ва пароканда шуданд. Роҳҳо низ ба зудӣ боз гардид ва мушкили сокинони дар миёни раҳ дармонда хотима ёфт.

Барои иштироки сокинони вилояти Суғд дар раъйпурсии ислоҳу тайғири Конститутсияи Тоҷикистон дар рӯзи 22 май ин минтақа ба 18 ҳавза ва 923 қитъа тақсим карда шудааст. Дар шимоли Тоҷикистон 1 миллиону 509 нафар раъйдиҳанда ба қайд гирифта шудаанд ва бар пояи маълумоти расмӣ, 40 ҳазору 600 нафари онҳо барои бори аввал дар раъйпурсӣ иштирок хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG