Дар пайи таркиши хунини рӯзи 31-уми май дар Кобул, ки садҳо кушта ва захмӣ ба ҷой гузошт, раиси ҷумҳури Афғонистон ҳукми эъдоми 11 тан аз зиндониёни гурӯҳи Толибон ва "Шабакаи Ҳаққонӣ"-ро имзо кардааст.
Пс аз ҳамлаи хунини рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул, шуморе аз сиёсатмадорони афғон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳукумат хостанд, ки зиндониёни Толибон ва "Шабакаи Ҳаққонӣ", эъдом шаванд.
Раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, ки зиндониён ва террористҳое, ки ҳукми эъдомашон имзо шудааст, ба дор овехта хоҳанд шуд.
Наҷиб Озод, муовини сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон рӯзи 31-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки Додгоҳи олии он кишвар бояд ба зудӣ расмиёти лозимро анҷом дода ва феҳристи маҳкумшудаҳо ба эъдомро ба раёсати ҷумҳурӣ бифиристад.
Бархе аз манбаъҳои давлатӣ гуфтаанд, ки ҳукми эъдоми ин афрод рӯзи гузашта аз сӯи президенти Афғонистон имзо шудааст. То ба ҳол дар мавриди ҳувият ва ҷузъиёти ин афрод чизе гуфта нашуда ва мушаххас нест касоне, ки дар феҳристи эъдом қарор доранд, киҳо ҳастанд.
Ҳукумати Афғонистон се сол пеш Анас Ҳаққонӣ, фарди шумораи дувуми шабакаи террористии Ҳаққониро бо яке аз афроди калидии ин гурӯҳ боздошт карда буд. Анас Ҳаққонӣ, писари Ҷалолиддин Ҳаққонӣ ва Абдулло Ҳофиз Рашид, яке аз мақомоти низомии ин гурӯҳ, дар як амалиёти вижа боздошт гардида буданд ва акнун дар зиндон ба сар мебаранд.
Ин дар ҳолест, ки пас аз ҳамлаи хунини рӯзи чаҳоршанбе дар Кобул, шуморе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва Раҳматулло Набил, раиси пешини Раёсати амнияти миллии Афғонистон ба эъдоми Анас Ҳаққонӣ ва дигар террористоне, ки дар зиндонҳои Афғонистон ба сар мебаранд ва аз сӯи додгоҳҳо ҳукми эъдом дар нисбати онҳо содир шудааст, таъкид карда буданд.
Субҳи 31-уми май таркиши шадиде пойтахти Афғонистонро такон дод. Тибқи гузоришҳо, ин таркиш ончунон нерӯманд будааст, ки садои он ҳатто аз манотиқи дури пойтахти Афғонистон, низ шунида шудааст. Таркиш дар минтақае рух додааст, ки Қасри раёсати ҷумҳури Афғонистон, дафтари Созмони Милали Муттаҳид, Академияи улуми Афғонистон ва чандин сафоратхонаҳо, аз ҷумла сафорати Олмон дар он воқеъ мебошанд.
Дар ҳамлаи рӯзи гузашта дар минтақаи дипломатнишини шаҳри Кобул, ҳудуди 90 нафар кушта ва 360 тани дигар захмӣ шуданд. Раёсати амнияти миллии Афғонистон мегӯяд, ки ин ҳамларо шабакаи Ҳаққонӣ -- як шохаи гурӯҳи Толибон дар ҳамкорӣ бо Созмони истихбороти аскарии Покистон (ISI), анҷом додааст.
Бо гузашти як шабонарӯз аз ҳамла ба шаҳраки дипломатии Кобул, ягон гурӯҳ масъулияти онро ба зимма нагирифтааст. Намояндаи Толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид даст доштани ин ҷунбиш дар ҳамлаи рӯзи чаҳоршанберо рад кард ва гуфтааст, ки онҳо ҳама гуна ҳамлаҳои маргборро миёни сокинони осоишта, маҳкум мекунанд.
Гурӯҳи даҳшатафкани "Давлати исломӣ" (ДИ), ки қаблан чандин ҳамлаҳои хунинро дар Афғонистон анҷом дода буд, то ҳол роҷеъ ба ин қазия изҳори назар накардааст. Моҳи марти соли ҷорӣ дар натиҷаи ҳамлаи гурӯҳи "Давлати исломӣ" ба Беморхонаи низомии Сардор Муҳаммад Довудхон дар Кобул, беш аз 50 кас кушта шуданд.