Зане дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба мақомот шикоят кардааст, ки кӯдаки 6-солааш “барои хабаркашӣ аз шароити бади боғча” аз ҷониби мураббие лату кӯб шуда, дар натиҷа садояшро гум кардааст.
“Писарам барои хабаркашӣ лату куб шуд”
Ин ҳодиса аввали моҳи июн дар боғчаи “Андалеб”-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рух дод. Дар паи ин ҳодиса фаъолияти боғча пурра қатъ шуда, ҳодиса таҳқиқ мешавад.
Малоҳат Қурбонова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рӯзи 25-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, писари шашсолааш пайваста аз шароити хоб ва муносибати нохуб дар боғча шикоят мекард. Вақте ӯ шикояти писарашро барои баррасӣ ба раҳбарияти боғча расонд, фардо вазъи сиҳатии фарзандаш бад шуд.
Ҳуқуқшиноси ҳукумат ва Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия бо супориши бевоситаи раиси ҳукумати ноҳия шикояти Малоҳат Қурбоноваро месанҷанд
Ӯ мегӯяд, писарашро вақте аз боғча гирифт, ки ӯ аз латукӯб шуданаш аз ҷониби як мураббӣ шикоят кард. Малоҳат Қурбонова гуфт:
“Шаб аҳволаш нохуб шуд ва саҳар аз гап задан монд. Беморхона бурдем. Ташхис нишон дод, ки ӯ аз зарб дар сар ва тарси сахт ба ин ҳолат афтодааст. Равоншиносон пас аз ба худ омаданаш бо ӯ сӯҳбат карданд ва ба онҳо номи мураббие, ки ӯро барои хабаркашӣ задааст, ба забон овард. Ҳанӯз табобат дорем ва то ҳол дуруст гап зада наметавонад”, - гуфт ин зан.
Шикояти зан ва ҳодисаи Қирғизистон боғчаро баст
Ин зан мегӯяд, писараш то замони ин ҳодиса комилан сиҳат буд ва санади сиҳат буданаш маҳфуз аст. Баъди ин ҳама ҳодисаҳо, ба қавли модар, рафтори писар тағйир ёфта, сӯҳбаташ берабт шуд ва ҳоло таҳти назорати пайвастаи пизишкон аст.
Малоҳат Қурбонова ба Шӯъбаи корҳои дохилӣ ва ҳукумати маҳаллӣ шикоят бурдааст.
Як масъули ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 25-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бар асоси шикояти ин зан як комиссия фаъолияти боғчаро, ки хусусӣ будааст, санҷид ва бинобар ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯ набуданаш ба хулосае омад, ки фавран фаъоляташро қатъ кунад.
Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ, ки аз нашри номаш худдорӣ кард, гуфт, боғча дар канори нуқтаи маводи сӯзишворӣ ҷойгир шуда буд ва хилофи талаботи бехатарӣ кор мекард.
Шикояти ин зан ва бастани боғча замоне сурат гирифт, ки рӯзи 4-уми июл нуқтаи сӯзишворие дар марзи ин ноҳия бо Қирғизистон оташ гирифт. Дар ин ҳодиса як шаҳрванди Қирғизистон ва се шаҳрванди Тоҷикистон ҷароҳат бардоштанд.
Намояндаи ҳукумат гуфт, ки боғча бо сабаби дар макони хатарнок ҷойгир буданаш баста шуд, вале шикояти модар дар бораи латукӯб шудани тифл ҳатман санҷида мешавад. Ӯ, аз ҷумла, гуфт:
“Барои пешгирӣ аз чунин ҳодисаҳои нохуш фаъолияти боғча пурра қатъ шуд. Ҳуқуқшиноси ҳукумат ва Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳия бо супориши бевоситаи раиси ҳукумати ноҳия шикояти Малоҳат Қурбоноваро месанҷанд. Худи раиси ноҳия супориш додааст,” - гуфт ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ дар ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров.
“Кӯдакро ҳамсолонаш задаанд”
Вале масъулини боғчаи “Андалеб” ҳарчанд латукӯб шудани тифлро рад намекунанд, вале мегӯянд, ин кори дасти мураббӣ неву ҳамсолон буд. Зайнура Ҳоҷибоева, мудири боғчаи “Андалеб” рӯзи 25-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, “ҳамсолонаш писари ин занро бо попӯш задаанд ва мураббие, ки ин ҳодисаро пешгирӣ накард, аз кор пеш карда шуд”.
Ӯ гуфт: “Ин одам ба се сохтор аз болои мо шикоят кардааст. Ягон мураббӣ ба бачаи ӯ даст нарасонидааст. Аввал гуфта буд, ки падари ҳамсолони писарашро, ки ӯро ба попӯш задаанд, пайдо кунед. Ба онҳо коре карда натавонист ва муаллимаҳоро дар бало монданд. Мо он муалимаро барои бемасъулиятӣ аз кор рондем, ки аз ҷанҷоли миёни кӯдакон пешгирӣ накардааст. Он чизе, ки ин зан мегӯяд, ягон асос надорад. Умуман лату куб нест”.
“Бигзор мақомот ҳал кунанд”
Дилбар Бобоева, мудири маорифи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 25-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, бо супориши раиси ноҳия шахсан бо ду ҷониб сӯҳбат кардааст. Ӯ гуфт, ҳадаф дошт, ҳарду ҷонибро ба созиш биёрад, вале ба он даст наёфт.
Ӯ гуфт: “Бо зан сӯҳбат кардам. Гуфт, ки барои табобати писараш 5 ҳазор сомонӣ лозим аст. Боғча гуфт, ки фақат дар асоси ҳуҷҷат пул медиҳад. Пуле, ки то ҳол зан сарф кардааст, 500-600 сомонӣ буд. Хулоса ҳарду ҷониб созиш накарданд. Барои ҳамин, дигар мақомот худашон ҳал мекунанд, кӣ гунаҳкор аст, кӣ не.”
“Андалеб” як шабакаи боғчаҳо ҳаст, ки дар вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе кор мекунад. Дар боғчаи “Андалеб” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров то замони қатъи фаъолият ҳудуди 200 кӯдаки хӯрдсол тарбият мегирифт.
Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар канори шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, бузургтарин ноҳия дар вилояти Суғд аст. Дар ин ноҳия наздики 300 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад.
Хабарҳо дар бораи муносибати бад бо кӯдак дар кӯдакистонҳои Тоҷикистон хеле кам нашр мешаванд. Соли 2012 Радиои Озодӣ навишта буд, ки дар паи шикояти волидон аз бадрафтории масъулони боғчаи бачагонаи "Санҷобча" чанд масъули ин муассиса аз кор барканор шуд.
Сохторҳои ҳифзи қонун мегӯянд, ки мавзӯи амният ва бехатарии сӯхтор дар муассисаҳои томактабиву ятимхонаҳои кишвар пайваста мавриди санҷиши масъулин қарор мегирад.
Аз ҷумла, моҳи маи соли ҷорӣ ВКД Тоҷикистон навишт, ки хадамоти оташнишонӣ беш аз 40 қитъаи барқии дар ҳолати хавфи сӯхтор қарор доштаро дар ширхоргоҳу кӯдакистонҳо ошкор ва мудиронро ба ҷавобгарӣ кашиданд. 42 мудиру масъули ширхоргоҳу кӯдакистон барои нақзи меъёрҳои бехатарӣ ба маблағи 36600 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.