Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъномаи нави Шурои Амният бар зидди Эрон


Нишасти Шурои Амнияти СММ дар мавзуъи барномаи ҳастаии Эрон
Нишасти Шурои Амнияти СММ дар мавзуъи барномаи ҳастаии Эрон

Тавре ки интизор мерафт, Шӯрои Амнияти СММ баъд аз чанд ҳафтаи музокирот севвумин қатъномаи таҳримот бар зидди Эронро ба тасвиб расонд.

Баъд аз се даври музокирот 14 аъзои Шурои Амнияти СММ ба тарафдории тақвият додани таҳримҳо овоз додаанд. Дар овоздиҳи танҳо намояндаи Индонезӣ ширкат накрд. Ин аллакай бори севум аст ки ба хотири саркашии Эрон аз тавқифи фаъолиятҳои ғанисозии ураниум ки ҳамчунин метавонад барои сохтани силоҳи ҳастаӣ истифода шавад он кишвар мавриди таҳримҳои байналмилалӣ қарор мегирад.

Фиристодаи доимии ИМА дар СММ Залмай Халилзод сабаби эъмол гаштани таҳримҳоро чунин шарҳ дод, ҷомеаи байнулмилалӣ бо ин, ки Эрон барномаи сулҳомези ҳастаӣ дошта бошад, мушкил надорад. Вай гуфт, мо мефаҳмем, ки Эрон барои неругоҳҳои ҳастаие, ки месозад, мехоҳад маводи сӯхт дошта бошад ва ҷомеаи байнулмилал инро мепазирад. Ба ҳамин хотир мо таъмини неругоҳҳои бунёдшудаи Эрон бо маводи сӯхт аз ҷониби Русияро дастгирӣ мекунем. Вай афзуд, мо инчунин хоҳони он ҳастем, ки мавзуъи таъмини сузишвориро барои неругоҳҳое, ки дар оянда бунёд мешаванд, бо Эрон муҳокима кунем.

Қатъномаи Шӯрои Амният ба эъмоли як силсила таҳримоти моливу мусофиратӣ алайҳи теъдоде аз мақомот ва ширкатҳои мушаххаси марбут бо фаъолиятҳои ҳастаи ва барномаи мушакии Эрон даъват мекунад. Департаменти давлатии ИМА аз натиҷаҳои овоздиҳии Шурои Амнияти СММ истиқбол намуда, гуфтааст ба ҳамин тариқ қатънома бори дигар тасдиқ мекунад, ки барномаи ҳастаии Эрон ҳамчун хатар боқӣ мемонад.


Ин дар ҳолест, ки сафири Эрон дар СММ Муҳаммад Хазоӣ гуфт, қатънома қавонини байнулмилалиро поймол карда ва эътибори Шуроро зери шубҳа мегузорад. Теҳрон ҳамеша мегӯяд, барномаҳои ҳастаияш танҳо табиъати мусолиматомез дошта ва ягона ҳадафаш даст ёфтан ба тавлиди нерӯи барқи ҳастаист.


Залмай Халилзод, сафири Амрико дар СММ, гуфт, Эрон бояд ин нуктаро дарк кунад, ки дар сурати идомаи саркашаш метавонад ба таҳримоти боз ҳам сангинтар рӯбарӯ шавад. Вай афзуд, қатънома ҳамин ҳоло бидуни ягон овози мухолиф ба тасвиб расид. Ин гоме хеле муҳимест ва Эрон бояд дарк кунад, ки то даме ки фаъолиятҳои ҳастаиаш ба тақозоҳои Шурои Амният ҷавобгу набошанд, Эрон бо паёмадҳои нохуш, ба фишори афзоянда рӯбарӯ хоҳад шуд.

СММ дар муқобили Эрон барои саркашиаш аз мутаваққиф кардани ғанисозии ураниум ду бор соли 2006 ва соли 2007 таҳримҳои иқтисодиро эъмол карда буд. Кишварҳои Ғарб ба табиъати сирф сулҳомез доштани барномаҳои ҳастаии Эрон шубҳа доранд ва мегӯянд Теҳрон тавассути ин барномаҳояш мехоҳад ба тавлиди силоҳи ҳастаӣ даст биёбад. Аммо Теҳрон ин иттиҳомро ҳамеша рад мекунад.

XS
SM
MD
LG