Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барқи Тоҷикистон ба Покистон хоҳад рафт


Мақомоти Тоҷикистон, Қирғизистон, Покистон ва Афғонистон барои эҳдоси хатти барқ аз Тоҷикистон ба Покистон, мувофиқатнома имзо карданд.

Ин мувофиқатномаи байнидавлатӣ дар шаҳри Исломободи Покистон аз сӯи намояндагони чор кишвар ба имзо расид. Бар асоси ин санад, ки шабакаҳои барқи Тоҷикистон ва Қирғизистонро бо Покистон тавассути Афғонистон пайваст хоҳад кард, солона аз Тоҷикистон ва Қирғизистон 1300 мегават нерӯи барқ ба Покистон интиқол дода хоҳад шуд. Ва тули хатти баландшиддати барқ, ки Тоҷикистонро бо Покистон хоҳад пайваст, 750 километр тул хоҳад дошт.

Бисёре аз коршиносон эҳдоси ин хатти баландшиддати барқ ба Покистонро гоме ба пеш дар эҳдоси нерӯгоҳи Роғун ва сарозер шудани сармояҳои ширкатҳои энержии хориҷӣ дар эҳдоси нерӯгоҳи Роғун медонанд.

Содиқ Ҳаитов, коршиноси бахши энержии Бонки ҷаҳонӣ низ ба ҳамин назар аст. Ба гуфтаи ӯ, як бахши тавофуқномаи имзошуда миёни Бонки ҷаҳонӣ ва мақомоти Тоҷикистон дар мавриди рушди бахши энержӣ эҳдоси нерӯгоҳҳои ҷадиде мисли Роғун, нерӯгоҳи ҳароратӣ бар асоси ангишти Фон-Яғноб ва эҳдоси хатти интиқоли барқ ба Покистону Афғонистон мебошад.

Оқои Ҳаитов гуфт, «дар сурате, ки хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистон то Покистон сохта шавад, қарор аст, ин тарҳ то соли 2012 анҷом шавад. Дар он сурат шанси эҳдоси нерӯгоҳи Роғун бештар мешавад».

Мақомоти Тоҷикистон низ дар ҳамин талош ҳастанд. Ба гуфтаи Ғафурҷон Расулӣ, намояндаи вазорати рушди иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон, иҷрои чунин тарҳҳо дар авлавияти сиёсати давлат қарор дорад. Ва давлати Тоҷикистон талош дорад ба бозорҳои Осиёи Ҷанубӣ даст ёбад.

Оқои Расулӣ гуфт, «мо ба бисёр кишварҳои хориҷӣ ба қадри кам бошад низ нерӯи барқ содир мекунем, ба хотири он ки бозори энержӣ дар Афғонистон ва Покистонро дар оянда аз даст надиҳем. Ба ин далел эҳдоси хатҳои интиқоли барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ тарҳрезӣ шудааст».

Ҳадафи ширкати энержии «AES International Сorporation»-и амрикоӣ, ки чанд моҳ пеш фаъолияташ дар Тоҷикистонро ба таъвиқ андохта буд, низ эҳдоси хатти интиқоли нерӯи барқ аз Тоҷикистон ба Покистону Афғонистон буд. Ва ин ширкат омода буд ҳазинаҳои эдоси ин тарҳро дар Тоҷикистон ҳамчунин эҳдоси нерӯгоҳҳои ҷадид, амсоли нерӯгоҳҳои ҳароратӣ бар асоси зуғолсанги Фон-Яғноб ва нерӯгоҳи обии Даштиҷумро пардохт кунад.

Ба ин далел бархе аз коршиносон фаъолияти дубораи ширкати «AES International Сorporation» дар Тоҷикистонро мумкин хондаанд. Ба эътиқоди Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси бахши энержӣ, ин дар ҳолест, ки имкон дорад Русия ва Узбакистон дар чорчуби фаъолият дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ва бар асоси равобити дуҷониба дар баҳрабардорӣ аз захоири обу энержии минтақа дар эҳдоси ин тарҳҳо аз сӯи ширкатҳои амрикоӣ ва созмонҳои сармоягузори ҷаҳонӣ мухолифат кунанд.

Ба эътиқоди вай, мухолифати ин кишварҳо метавонад фишор ба Тоҷикистон дар барномаҳои ҳамкорӣ дар чорчуби фаъолияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой бошад. Дар ҳоле, ки манофеъи Амрикову кишварҳои Аврупо ба манофеъи Русия ва Чин дар Тоҷикистон бархурд мекунад.

Аммо ойои Сайфиддинов хушбин аст ва ба гуфтаи вай, дар сурате, ки Тоҷикистон қотеъан дар мавзеъи худ пофишорӣ кунад ва дар иҷрои ин тарҳҳо ба кӯмаку ҳамкории ширкатҳои хориҷӣ умед бандад, дар он сурат ба ҳадафи худ – истиқлоли энержӣ хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG