Чунин хулосаро коршиносони Иттиҳодияи мудирони зиддибўҳронии Тоҷикистон ахиран дар пайи баҳсу баррасиҳо бо доираҳои тиҷоратию мақомоти зирабти вилояти Хатлон ироа кардаанд.
Номзади улуми иқтисодӣ, мудири зиддибўҳронӣ Мунир Калимуллоев дар ин робита мегўяд, қонуни амалкунандаи Тоҷикистон оид ба муфлисшавӣ дар шаш соли қабл аз қонуни муфлисшавии Русия нусхабардорӣ шуда ва ба шарту шароити иқтисод ва тиҷорати Тоҷикистон то ахир мувофиқат намекунад.
М. Калимуллоев афзуд: «Аз он ҷумла, дар яке аз моддаҳои қонун ҳамин тавр баён шудааст, ки агар хоҷагиҳои деҳқонӣ ё субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар мўҳлати се моҳ қарзи худро пардохт карда натавонанд, онҳо муфлис эълон карда мешаванд. Чи тавре ки ба ҳама мо маълум аст, гирдгардиши воситаҳои махсусан хоҷагиҳои деҳқонӣ дар муддати як сол амалӣ мегардад ва хоҷагии деҳқонӣ дар се моҳ дар ҳеҷ сурат қарзи худро баргардонида наметавонад. Кишоварзон тирамоҳ тухмиро харида, онро кишт мекунад, баҳору тобистон ҳосил меғундорад, онро ба фурўш мегузорад ва тирамоҳи оянда маблағе рўйи даст мегирад. Дар сурати ҳамин талаботи қонун бетағйир амал кардан ман бовар дорам, ки аксари хоҷагиҳои деҳқонии кишвар ба муфлисшавӣ рў ба рў мешаванд».
Ва аммо дар зарфи 6 соли амалкарди қонуни муфлисшавӣ дар Тоҷикистон танҳо 8 парванда дар судҳои иқтисодии кишвар баррасӣ шуда ва шаш бонки тиҷоратию ширкат, аз он миён, ширкати алоқаи мобилии «Тоҷик-Тел», бонкҳои тиҷоратии «Душанбе» ва «Текстинвестбонк» расман муфлис эълом шудаанд.
Толиб Буриев, додраси додгоҳи иқтисодии Хатлон, мегўяд, дар таҷрибаи кори додгоҳи иқтисодии минтақа то ҳанўз сабаби истифода аз қонуни муфлисшавӣ пайдо нашудааст, яъне ҳеҷ парвандаи марбут ба муфлисшавию маҳви ширкату корхонаҳо баррасӣ нашудааст. Ба қавли Т. Буриев, мушкили аслӣ на дар нуқси қонуни муфлисшавист, балки дар адами маърифати ҳуқуқии худи соҳибкорон аст: «Ин ки мо ҳеҷ парвандае дар робита ба муфлисшавӣ баррасӣ накардаем, маънои онро дорад, ки шояд шаҳрвандон ҳанўз омодаи аз тариқи суд ҳал намудани баҳсҳои вобаста ба муфлисшавӣ нестанд ва ҷараёни онро пурра сарфаҳм намераванд».
Ва аммо мудирони зиддибўҳронии Тоҷикистон бар ин андеша ҳастанд, ки қонуни муфлисшавӣ як ҷараёни сангину тўлонимуддати додгоҳиро ба қасди эъломи муфлисшавӣ муқаррар кардааст, ки муғойир ба қавонини байнулмилалист. Тақдир Шарифов, раиси Иттиҳодияи мудирони зиддибўҳронии Тоҷикистон, мегўяд, бо пазируфта шудани пешниҳодоти ин созмон аз сўйи вакилони парлумон, мизони ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кишвар афзуда, бахши соҳибкории бахусус кўчаку миёна рушд хоҳад кард: «Дар сурати одисозии қонунҳо мизони ҷалби сармояи хориҷӣ низ ба иқтисоди кишвар афзун хоҳад шуд, соҳибкорон ҳаққи бештари дифоъ аз моликияти худро пайдо мекунанд».
Дар ҳамин ҳол, мудирони зиддибўҳронии Тоҷикистон таъкид мекунанд, ки қонуни муфлисшавӣ ҳамчунин барои шомил шудани кишвар ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат низ таъсиргузор буда ва талошҳои мақомотро барои дарёфти ҳаққи узвият ба ин ташаккул ба ақиб мезанад.
Номзади улуми иқтисодӣ Мунир Калимуллоев дар ин робита мегўяд: «Аз сабаби он ки мо аз ҷиҳати татбиқи қонуни «муфлисшавӣ» дар ҷаҳон ҷойи 99-умро ишғол мекунем ва ин қонун дар амал иҷроиши худро кам ёфта истодааст, яке аз сабабҳои он ки қонуни амалкунанда метавонад садди роҳи шомилшавии Тоҷикистон ба Созмони Ҷаҳонии Тиҷорат шавад, ин аст, ки қонуни мазкур ҳуқуқи сармоягузорони хориҷиро барои сармоягузорӣ кардани соҳаҳои алоҳидаи иқтисоди кишвар…»
Ҳамакнун Иттиҳодияи маъмурони зиддибўҳронӣ дар садади ирсоли беш аз 20 пешниҳоди тоза оид ба таҷдиду бозбинии қонуни муфлисшавӣ ба порлумони Тоҷикистон будааст.