Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Талко"-ро ҳиндуҳо мехаранд?


Бархе расонаҳои хориҷӣ хабар медиҳанд, ки як ширкати ҳиндустонӣ тасмим гирифтааст 51 %-и сиҳоми "ТалКо"-ро бихарад.

Ин расонаҳо навиштаанд, ки мавзӯъи хариди саҳмияҳои корхонаи алюминиюми Тоҷикистон – «Талко» аз сӯи ширкати миллии алюминиюми Ҳиндустон, мавсум ба «Налко», миёни мақомоти Тоҷикистон ва Ҳиндустон матраҳ аст. Ва тарафи Ҳиндустон мунтазири посухи Тоҷикистон дар ин замина мебошад.

Ба эътиқоди баъзеи соҳибназарон, ин пешниҳоди ширкати алюминиюми Ҳинд дар ҳоле сурат гирифт, ки Тоҷикистон ба захоири глинозёми ин кишвар алоқамандӣ зоҳир кард. Ва ҷониби Ҳинд эҳсос намуд, ки аз судури глинозём ба Тоҷикистон дида, хариди 51 дарсади саҳмияҳои корхонаи алюминиюми Тоҷикистон барояш судовартар аст. Ба ин далел, ки аз як сӯ тавлиди алюминиюм дар Тоҷикистон ва фурӯши он дар бозорро контрол мекунад ва аз сӯи дигар контроли конҳои глинозём дар дасти Ҳинд боқӣ мемонад.

Далели дигари судманд будани хариди саҳми идории корхонаи алюминиюми Тоҷикистон аз ҷониби Ҳинд дар он аст, ки корхонаи алюминиюми Тоҷикистон нерӯи барқро бо нархи 5 дирам, яъне дар қиёс бо нархҳои ҷаҳонӣ муфт мегирад.

Ба гуфтаи Тоҳири Абдуҷаббор, иқтисоддони саршиноси Тоҷикистон, фуруши аксарияти саҳмияҳои бузургтарин корхонаи Тоҷикистон – «Талко» ба Ҳинд иштибоҳе аз сӯи Тоҷикистон мебуд. Вай афзуд, «саҳмияи идории корхонаи «Талко»-ро набояд фурухт. Дар сурати фуруш Тоҷикистон имкони эҳдоси корхонаҳои дигари тавлидотӣ бо истифода аз алюминиюмро аз даст медиҳад».

Аммо бархи дигари коршиносон бар ин назаранд, ки ба далели дар ин авохир ба мушкил рӯбарӯ шудани судури алюминиюми Тоҷикистон фуруши 51 дарсади саҳмияҳои «Талко» ба Ҳинд бар нафъи Тоҷикистон аст. Ва ба ҳамин далел корхонаи алюминиюм усули додуситади торинг, яъне баробаркуниро пеш гирифтааст.

Аммо Тоҳири Абдуҷаббор ба ин иддаоҳо розӣ нест ва ин усулро бар нафъи пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистон намедонад. Вай дар ин бора гуфт, «кор бо усули «торинг»-ро ширкати «РусАл»-и Русия дар Тоҷикистон мехост. Яъне мехост корхонаи алюминиюми Тоҷикистонро бихарад ва дар Кӯлоб як корхонаи дигари алюминиюм сохта ва сохтмони нерӯгоҳи Роғунро ба итмом расонад ва барқи онро барои тавлиди алюминиюм масраф кунад. Ва нақша дошт, ки ба Тоҷикистон чизе нарасад. Ҳамин усулро дар ҳоли ҳозир корхонаи алюминиюми Тоҷикистон «Талко» пеш гирифтааст».

Тоҳири Абдуҷаббор ин усул ва ҳадаф аз онро чунин тавзеҳ дод: «75-80 дарсади масрафи алюминиюм дар «Талко» ин қиммати нерӯи барқ аст, ки «Талко» онро бо нархи 5 дирам, яъне муфт, мегирад. Ва иддаоҳо, ки гӯиё ин корхона аз тавлиди алюминиюм миллионҳо доллар ба буҷаи Тоҷикистон ворид мекунад, ҷуз афсона чизи дигаре нест».

Ба эътиқоди коршинос Тоҳири Абдуҷаббор, шояд ба далели арзонии барқ бошад, ки ширкати миллии алюминиюми Ҳинд алоқаманди хариди саҳмияи идории корхонаи алюминиюми Тоҷикистон аст, ки ба ҳеҷ ваҷҳ ба нафъи Тоҷикистон нахоҳад буд.

XS
SM
MD
LG