Барои нахустин бор дар 36 соли кори ин нерӯгоҳ фанноварии фарсудаву корношоями он бо чархаи нави корӣ, ки наздик ба 2,5 миллион доллари амрикоӣ қимат доштааст, иваз карда мешавад. Аммо ин ҳама дар ҳолест, ки дар ҷануби Тоҷикистон бо вуҷуди эъломи расмии лағви маҳдудиятҳои интиқоли барқ дар кишвар, мавориди гоҳу ногоҳ қатъ шудани барқ мушоҳида мешавад.
Мақомоти энержии вилояти Хатлон иллати маҳдудиятҳо дар интиқоли барқ ба манозили мардумро дар норасоии оби обанборҳо ва фаъолияти номӯътадили нерӯгоҳҳои барқи обии Норак ва Сарбанд мехонанд. Бо вуҷуди то 40-48 дараҷа боло рафтани ҳарорати ҳаво, ҳанўз ҳам сатҳи оби обанбори нерўгоҳи Норак 11 метр поинтар аз дараҷаи мўътадил қарор дошта ва ҳамзамон қабати лойи турбинаҳо афзуда, боиси коҳиши мизони тавлидоти нерў шудааст. Ва барои ин ки ҳаҷми оби обанбори Норак ба меъёри таъиншуда бирасаду ҳамзамон захира низ бишавад, беш аз як моҳ фурсат лозим будааст.
Як масъули риштаи энержии Хатлон дар сўҳбати бидуни микрофон бо радиои Озодӣ гуфт, ин ҳам дар ҳолест, ки Узбакистону Қирғизистон аллакай тақозои бозгардони барқе шудаанд, ки Тоҷикистон дар зимистону баҳори сипаришуда аз ин ду кишвар дарёфт кардааст.
Коршиносони маҳаллӣ мегўянд, мушкили энержӣ тирамоҳу зимистони меомада шадидтар хоҳад шуд ва дар баробари норасоии ғизо ва болоравии қиматҳо дар бозор, сар задани як садамаи қобили мулоҳизаи иҷтимоӣ дар кишвар низ аз эҳтимол дур нест.
Нарзулло Муҳаммадризоев, коршиноси масоили энержӣ, мегўяд, соф кардани лойи турбинаҳои нерўгоҳи Норак танҳо дар сурати корандозии нерўгоҳи Роғун даст хоҳад дод. Дар акс ҳол, истифода аз нерўгоҳи Норак танҳо то чанд соли оянда имконпазир хоҳад буд ва тамом. Ба эътиқоди оқои Муҳаммадризоев, ҳанӯз дастгоҳҳое ихтироъ нашудаанд, ки лойи турбинаҳоро тоза бикунанд, то кори нерӯгоҳ дурусту пурсамар ҷараён бигирад. «Дар чандин соли ахир нашунидаам, ки ҳамон лой тоза карда шуда бошад. Барои тоза кардани лойи нерӯгоҳ маблағи бисёре лозим аст, аммо анҷоми ин кор бисёр зарур», - гуфт Н. Муҳаммадризоев.
Мақомоти Тоҷикистон дар роҳи ба эътидол овардани вазъи энергетикии кишвар «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерўгоҳҳои хурди барқӣ то соли 2020»-ро таҳия кардаанд, ки тибқи он қарор аст дар 12 соли оянда 90 нерўгоҳи кўчаки барқӣ ба маблағи беш аз як миллиарду 270 миллион доллари амрикоӣ бунёд шавад. Аммо таҳлилгарон ба иҷрои сад дар садии барномаи мазкур шак бурда, мегўянд, беҳтар ин аст, ки ҳамин сармояи беш аз якмиллиардӣ танҳо барои таҷдиди нерўгоҳи Норак ва бунёди нерўгоҳи Роғун масраф шавад.
Гуфтанист, дар маҷмўъ, то соли оянда барои таҷдиди нерўгоҳи барқи обии Норак бояд се агрегати укроинӣ ба Тоҷикистон бирасад.
Ширкати «Барқи тоҷик» мегўяд, бо таҷдиди нерўгоҳи Норак сокинони кишвар шоҳиди сахтиҳои монанд ба бебарқии зимистони гузашта нахоҳанд шуд, ваъдаҳое ки беш аз ҳафт миллион шаҳрванди «нобовар»-и Тоҷикистон ба дурустию иҷроишаш умед доранд.