Ин тасмими Интернюс ба он рабт дорад, ки мақомоти Тоҷикистон, ба хусус Комиссияи литсензионӣ, намехоҳад ба ин шабакаҳои радиоии минтақавӣ иҷозаи пахши барномаҳоро бидиҳад. Ва бо баҳонаи он, ки Интернюс созмони хориҷист ва ва ба ин шабакаҳои радиоӣ кӯмаки фаннӣ кардааст, дархости ин радиоҳо барои дарёфти муҷаввизро рад мекунад.
Ин дар ҳолест, ки чаҳор шабакаи радиоӣ аз ин шаш радиоро вазорати адлия расман сабти ном кардааст ва ба онҳо иҷозаи кор додааст. Радиои ҷамъиятии «Насими Вахш» дар Тоҷикистон расман номнавис шудааст, вале ба далелҳои норавшан Комиссияи литсензионӣ аз додани иҷоза, ё муҷаввизи пахши барномаҳои ин радио худдорӣ мекунад. Аз Хуршед Сафаров, раиси ин радио, пурсидем, ки ба чӣ далел Комиссияи литсензионӣ аз додани муҷаввиз худдорӣ мекунад?
Вай гуфт, «далел надоранд, вале баҳона пеш меоранд, ки қонуни Тоҷикистон иҷоза намедиҳад, ки бо кӯмаки созмонҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон радио ташкил шавад. Дар ҳоле, ки ин иддаоҳои онҳо бо қонуни Тоҷикистон муғоират дорад. Ба ин далел, ки муассисони радиои «Насими Вахш» шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд. Созмони Интернюс танҳо дастгоҳҳоро ба мо додааст ва дар тарҳрезии барномаҳои мо саҳм надорад».
Иззатманд Саломов, намояндаи созмони Интернюс дар Тоҷикистон, иддаоҳои Комиссия литсензионии Тоҷикистонро беасос ва муғоир бо қонунҳои Тоҷикистон медонад. Вай гуфт, «тибқи қонун, радиое ҳақи пахши барномаро надорад, ки муассисони он хориҷӣ бошанд ва дар барномаҳо саҳм бигиранд. Ҳол он, ки муассисони ин радиоҳо шаҳрвандони худи Тоҷикистонанд ва Интернюс ба онҳо танҳо кӯмаки фаннӣ расондааст».
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, мухолифати Комиссияи литсензионӣ ба ин радиоҳоро як навъ ҳарос аз рақобати ин радиоҳо ба шабакаҳои радио ва телевизиони давлатӣ хонд. Ва раёсати Комиссияи литсензиониро раиси Кумитаи радио ва телевизиони давлатӣ бар ӯҳда дорад.
Оқои Қаршибоев афзуд, модоме, ки бо кӯмаки фаннии хориҷӣ ташкили радио дар Тоҷикистон хилофи қонун бошад, пас чаро Комиссия литсензионӣ ба «Радиои Русии Ориёно» иҷозаи пахши барномаҳоро додааст? Дар ҳоле, ки ин радио бо кӯмаки фаннии Русия ташкил шудааст.
Бахши аъзами хабарнигорон дар Тоҷикистон низ мухолифати Комиссияи литсензионӣ ба шаш радиои минтақаиро ҷуз рақобати носолим ва ҳароси давлат аз иттилооти воқеъӣ чизи дигаре намедонанд.