Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии БАБТ аз маҳкумияти раиси "Орима"


Гонзало Рамес, намояндаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Тавсеъа
Гонзало Рамес, намояндаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Тавсеъа

Намояндаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Тавсеъа (БАБТ) маҳкумияти раиси фурӯшгоҳҳои «Орима»-ро доғе ба обрӯи Тоҷикистон дар сатҳи байнулмилалӣ номид.

Гонзало Рамес, намояндаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Тавсеъа, пас аз мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе гуфт, ҳарчанд Бонки Аврупоии Бозсохт ва Тавсеъа низ дар иҷрои лоиҳаи ширкати тоҷикию ҳолландии «M&P» маъруф ба «Орима» саҳмдор буд, вале ҳоло на аз халалдор шудани ин барномааш, балки бештар аз обрӯи сиёсии Тоҷикистон дар назди созмон ва кишварҳои сармоягузор меандешад. Чанде пеш додгоҳи Олии Тоҷикистон Маъруф Орифов, мудири ширкати «Орима»-ро бо гуноҳи фурӯхтани моли мӯҳлати истифодааш сипаришуда ва пешниҳоди ришва ба мақомоти амниятӣ ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард, иддаъое, ки вакилони дифоъаш бофта медонанд.

Гонзало Рамес мегӯяд, чунин бархӯрд бо тоҷирони маҳаллӣ, ки аксаран бо қарзҳои тӯлонимуддати сармоягузорони хориҷӣ кор мекунанд, эътимоди сармоягузонро низ коҳиш медиҳад ва садди роҳи сармоягузорӣ мегардад: «Мо ҷараёни ин қазияро то ахир дунболгирӣ мекунем ва гуфтан ҳам бамаврид аст, ки ин қазияи додгоҳӣ ба рушди минбаъдаи сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ҳатман таъсир хоҳад гузошт». Гонзало Рамес ҳамчунин гуфт, ки барои сармоягузории бештар дар Тоҷикистон танҳо фазои мусоид лозим аст ва дар он сурат сармоягузорӣ низ саҳл хоҳад буд.

Массару Хонма, намояндаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Тавсеъа дар минтақаи Осиёи Марказӣ

Массару Хонма, намояндаи Бонки Аврупоии Бозсохт ва Тавсеъа дар минтақаи Осиёи Марказӣ, низ гуфт, дар сурати муносиб шудани фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ин бонк ҳозир аст, ки ба Тоҷикистон дар як сол аз 100 то 150 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ кунад. Аммо, мегӯяд вай, дар сурати бетаваҷҷӯҳии давлати Тоҷикистон дар ин самт сармоягузорӣ камтар хоҳад буд: «Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз мо хост, ки ҳаҷми сармоягузориҳои худро 3-4 маротиба боло барем. Ин ҳама ба як шарт амалишаванда аст. Ба шарте, ки бояд фазои сармоягузорӣ озод бошад. Агар ин шарт риъоят нашавад, пас, сармоягузории мо низ кам хоҳад буд».

Дар ҳамин ҳол, мақомоти Ҳизби демократи ҷиноҳи Маҳмадрӯзӣ Искандаров низ бо пахши як баёния аз маҳкумияти Маъруф Орифов, раиси ширкати “M&P”, ба ҳаштуним соли зиндон изҳори ташвиш кардааст. Раҳматулло Валиев, сарпарасти ин ҷиноҳи Ҳизби демократ, мегӯяд, маҳкумияти Орифов, ки ширкаташ бо сармоягузории хориҷӣ фаъолият мекард, ба рушди сармоягузорӣ дар кишвар зарбаи сахт мезанад ва сармоягузоронро дилсард мекунад.

Пештар аз ин қазия ва дар авоили моҳи март Сандуқи Байналмилалии Пул эълом кард, ки давлати Тоҷикистон ба хотири гирифтани қарз аз ин созмон дурӯғ гуфтааст ва инро латмаи сахте ба обрӯи ҳукумат хонданд. Зоҳиран мақомоти Бонки аврупоии бозсохт ва тавсеъа низ ин масъаларо бо мақомоти олирутбаи Тоҷикистон баррасӣ кардаанд, ки ин мақомот мегӯянд барои ҷалби сармоягузорӣ тамоми шароит дар кишвар муҳайёст. Кишваре, ки ташнаи сармоя аст, вале шароити сармоягузориаш ба гуфтаи коршиносони хориҷӣ на муносиб, балки тарснок аст.

XS
SM
MD
LG