Ин ҳизб аз соли 2002 ба ин сӯ талош дорад дар вазорати адлия сабти ном ва дар радифи ҳашт ҳизби дигари сиёсии кишвар расман ба фаъолият шурӯъ кунад. Ради сабти номи ҳизби «Ваҳдат» аз сӯи вазорати адлияи Тоҷикистон бо эътирозот ва нигаронии Ҳикматулло Саидов, раиси ин ҳизб, рӯбарӯ шудааст.
Ҳикматулло Сайидов, раиси ҳизби номнависнашудаи «Ваҳдат», дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ далоили вазорати адлия дар мавриди номутобиқатии ойинномаи ҳизбаш бо қонуни кишвар дар бораи аҳзоби сиёсиро нокофӣ хонд.
Ин дар ҳолест, ки ба таъйиди Сулаймон Давлатов, сардори идораи сабти номи аҳзоби сиёсӣ ва иттиҳодияҳои иҷтимоии вазорати адлияи Тоҷикистон, тайи чаҳор ҳафтаи омӯзиши асноди ин ҳизб ошкор шудааст, ки ойинномаи он бо қонуни ҳизбҳои сиёсӣ муғоират доштааст. Оқои Сулаймонов афзуд, дар як мулоқоте, ки бо раиси ҳизби «Ваҳдат» анҷом додааст, иллати ба қайд нагирифтани ойинномаи ҳизбро тавзеҳ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷумла мувофиқи моддаи шашуми қонуни аҳзоби сиёсӣ, ки аз 13 банд ва ё талабот иборат аст, бояд дар ойиннома ҳам ба таври умумӣ ва ҳам ба таври мушаххас дар бораи ҳизб маълумот дода шавад. Аммо ҳизби «Ваҳдат» аз ин миён танҳо ба ҳашттои ин талабот посух додааст.
Аммо Ҳикматулло Сайидов, раиси ҳизб, мӯътақид аст, ки иштибоҳоти зикршуда ҷузъӣ аст ва ӯ метавонад дар зудтарин фурсат онҳоро ислоҳ кунад. Ба таъйиди раиси ин ҳизб, ӯ ва масъулони вазорати адлия ба ин тавофуқ расидаанд, ки то даҳ рӯзи дигар бо ислоҳи аснод дубора дархости иҷозаи фаъолияти расмиро кунад.
Ҳикматулло Саидов мегӯяд, далели пофишории ӯ ва ҷонибдоронаш барои сабти ном ҳизб таййи шаш соли ахир ин будааст, ки мехоҳад бо роҳи қонунӣ вориди арсаи сиёсӣ бишавад. Раиси ҳизби «Ваҳдат»-и Тоҷикистон мегӯяд, мавқеи ҳизби ӯ дар баробари ҳукумат марказгароист ва ӯ омодааст дар роҳи мубориза бо фасод, маҳалгароӣ ва таъмини ваҳдати миллӣ бо ҳама неруҳои сиёсӣ ҳамкорӣ ба роҳ монад. Аммо ба бовари оқои Сайидов ҷалби мутахассисони ғайриҳирфаӣ дар идорот ва вуҷуди фасоди густарда миёни мақомот аз мавонеи аслии рушди кишвар будааст.
Ҳизби «Ваҳдат»-и Тоҷикистон нахустин анҷумани муассисонашро дар соли 2002 ва анҷумани дуввумашро дар соли 2006 дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон доир кардааст. Масъулони ин ҳизб мегӯянд, дар аксари навоҳии кишвар созмонҳои ибтидоии он фаъолият мекунад ва дар ҳоли ҳозир наздик ба се ҳазор нафар ҷонибдор доштаанд.