Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин нерӯгоҳи "Ёвон"-ро хоҳад сохт


Ба иттилоъи ширкати «Барқи тоҷик», қарор аст, мувофиқатномаи Чин ва Тоҷикистон дар бораи сохтмони нерӯгоҳи «Ёвон» дар рудхонаи Зарафшон имзо шавад.

Ба гуфтаи Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», интизор меравад, ин санад дар охирҳои моҳи ҷорӣ ба имзо расад.

Нерӯгоҳи «Ёвон» дар Зарафшон, ки 200 мегават тавоноӣ хоҳад дошт, аз сӯи ширкати «Синоҳидро»-и Чин сохта хоҳад шуд. Коршиносон ҳазинаҳои сохтмони ин нерӯгоҳро 300 миллион доллар тахмин задаанд.

Рашид Гулов, муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик», иҷрои ин тарҳ барои Тоҷикистонро чунин тавзеҳ дод: «Ҳамзамон барои ин нерӯгоҳ барои ин нерӯгоҳ хатти баландшиддати 220-киловаттии интиқоли барқ низ сохта хоҳад шуд, ки ин нерӯгоҳро бо зеристгоҳи «Рӯдакӣ»-и шаҳри Панҷакент пайваст мекунад. Ва ин нерӯгоҳ метавонад тамоми водии Зарафшонро бо барқ таъмин кунад».

Оқои Гулов гуфт, ки ин нерӯгоҳ қарор аст, дар тули се соли оянда эҳдос ва мавриди истифода қарор гирад.

Тоҷикистону Чин қаблан дар бораи эҳдоси нерӯгоҳи «Ёвон» дар рудхонаи Зарафшон тавофуқ карда буданд. Аммо ба иллати иддаоҳо ва тақозоҳои Узбакистон, ки гӯиё эҳдоси ин нерӯгоҳ ба вазъи экологии Узбакистон садама ворид мекунад, иҷрои ин тарҳ ба таъхир афтод. Узбакистон тақозо кард, ки ин тарҳ аз сӯи коршиносони байнулмилалӣ ташхис шавад.

Ҳамрохон Зарифӣ, вазири берунаи Тоҷикистон, ахиран дар як нишасти матбуотӣ дар ин бора гуфт, «дар ин маврид мо бо мутахассисони олмонӣ муроҷиъат кардем ва онҳо ҳамчунин ташхисро анҷом доданд. Ва натиҷаҳои ташхис ин аст, ки эҳдоси нерӯгоҳи «Ёвон» дар рудхонаи Зарафшон ба табиату вазъи экологии ҷумҳурии ҳамсоя ҳеҷ садамае ворид нахоҳад кард, балки баръакс ба беҳтар шудани вазъ мусоидат хоҳад намуд».

Муъовини сармуҳандиси ширкати «Барқи тоҷик» Рашид Гулов гуфт, пас аз ба даст омадани натиҷаҳои ташхиси коршиносони олмонӣ масъалаи эҳдоси неругоҳи «Ёвон» дубора матраҳ шуд. Вай афзуд, қарор аст, мувофиқатнома дар ин замина дар ҷараёни сафари раҳбари давлати Чин ба Тоҷикистон дар охирҳои моҳи ҷорӣ имзо шавад». Ба гуфтаи Рашид Гулов, эҳдоси ин неругоҳ барои Тоҷикистон аз аҳамияти зиёди иқтисодӣ бархурдор аст.

Аммо Ғуломиддин Сайфиддинов, коршиноси бахши энержӣ, ба аҳамияти сиёсии иҷрои ин тарҳ бештар таъкид мекунад. Ба эътиқоди вай, ташхиси коршиносони олмонӣ нишон дод, ки иддаъоҳои кишварҳои ҳамсояи мо, ки бар сари мавзуъоти экологӣ таъкид мекунанд, ҷуз як шиорпартоӣ ва баҳрабардорӣ аз захоири оби ройгон чизи дигаре нест. Ба эътиқоди оқои Сайфиддинов, Узбакистон дар мавриди эҳдоси нерӯгоҳи обанбори Роғун низ аз ҳамин мавзеъ пофишорӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG