Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 рӯзи аввали президент Обама


Дар 100 рӯзи аввали кораш дар Кохи Сафед, Барак Обама, лаҳзае аз фишори бӯҳрони иқтисодӣ берун набуд, ҳарчанд дар ин байн тавонист, бо тундии тирворе сиёсати хориҷии худро низ оғоз ниҳад.

ИҚТИСОДИЁТ -- МАСЪАЛАИ АВВАЛ

Аммо маҳз иқтисодиёт ояндаи дури раёсати Обама, ҳатто лақаби таърихӣ ва мероси ӯро муайян хоҳад кард. Вай дар ҳоле савганди президентӣ хӯрд, ки Иёлоти Муттаҳида дар умқи бадтарин бӯҳрон қарор дошт ва дар сукути ғамангезу нигаронкунанда танҳо садои ӯ шунида мешуд, ки "бояд умедвор буд" ва "мо метавонем."

Дар рӯзи расми савганди ӯ, 20-уми январ, ки бо ширкати наздик ба 2 миллион нафар ба пуриздиҳомтарин расми савганд дар таърихи Амрико табдил ёфт, шохисҳои иқтисодии Иёлоти Муттаҳида боз чанд зина поён афтоданд ва ин фурӯпошӣ рӯзи 9-уми март ба пасттарин нуқта дар 12 соли охир расид.

Барномаи харҷи 787 миллиард доллар барои ҷонбахшӣ ба иқтисодиёт низ бузургтарин як чунин тарҳ дар таърихи Амрикост. Ва ҳарчанд то ҳол натиҷаи ҷиддие надодааст, тарафдорони Обама коҳиши суръати пасравии иқтисодиётро натиҷаи ҳамин барнома мешуморанд.

"Сармоярезӣ"-и Обама бо моҷароҳо низ ҳамроҳ буд. Ширкатҳои бузург кӯмаки давлатро ба мукофотпулии сардорон харҷ мекарданд ва ё раҳбарон барои худ ҳавопаймо мехариданд.

Тарҳи Обама ба аврупоиён хуш наомад, дар ҳоле ки мухолифонаш дар Вошингтон ӯро ба нусхабардорӣ аз аврупоиҳо айбдор мекунанд.

БАРНОМАИ ИҚТИСОДИИ ОБАМА

Аслан ҳам, иқтисодшиносони амрикоӣ ва ҳам раҳбарони аврупоӣ барномаи ӯро танқид мекунанд. Яке, монанди барандаи Ҷоизаи Нобел дар иқтисодиёт, Пол Кругман онро "cash for trash" ё "пули нақд барои партов" ва Мирек Тополанек, сарвазири собиқи чех "роҳе ба дӯзах" меноманд.

Дар як фурсат ноумедӣ кам монда буд, сабаби истеъфои вазири молияи Обама -- Тимотӣ Гейзнер шавад, аммо рӯшании бештар дар ҷузъиёти барнома ҳаракати мусбате дар бахши молиявӣ ба мушоҳида расид, ки танқидҳоро коҳиш дод.

Дувуми апрел, дар нишасти гурӯҳи 20, дар сатҳи байнулмилалӣ, Обама, барномаи кӯмакҳои иловагии Сандуқи байнулмилалии пулро баробар бо 500 миллиард доллар пеш бурд. Аммо камбуди буҷаи давлати ӯ ба ҳайси як варта боқӣ монда, сарвазири Чин, Вен Ҷябао гуфт, аз вазъи ин дороии кишвараш нигарон аст.

АВВАЛИН САФАРҲОИ ХОРИҶӢ

Ба Чин, дар ин сад рӯ Обама ҳанӯз сафар накардааст, аммо аз Канада, чандин кишвари Аврупо ва Амрикои Марказӣ дидан кард ва дар Прага, пойтахти Ҷумҳурии Чех, ҳаракат ба сӯи ҷаҳони бе силоҳи ҳастаиро пешниҳод намуд. Иди Наврӯзро бо давъати рӯзи наву давраи нав ва як ҷумлаи форсӣ табрик гуфт ва хостори гуфтушуниди мустақим бо Эрон шуд, ки барномаи ҳастаияш ба дарди сари ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Дар Тринидад ва Тобаго гуфт, кишварҳо набояд шарики "калонӣ" ва "хурдӣ" бошанд, балки шарикони баробар ва дасте ба сӯи Куба дароз кард. Имрӯзҳо бори дувум аст, дипломатҳои Куба ва Амрико сари мизи гуфтугӯ менишинанд.

Ӯро танқид мекунанд, ки якбора ба чандин кор машғул мешавад, вай механдад, ки ин дунё гунаҳкор аст, ки ин қадар корро якбора ба миён мегузорад. Вай мегӯяд, кишварҳо ба киштиҳои бузург монанданд ва ба сӯе гардондани онҳо фурсат мехоҳад.

МАҲБУБИЯТИ БЕТАҒЙИР


Албатта, сад рӯз барои муайян кардани натиҷаи тасмимгириҳои ӯ хеле кам аст, аммо барои дидани роҳи баргузидаи ӯ кофӣ мебошад. Сиёсатшиноси тоҷик, Абдуғаффори Камол мегӯяд, Обама ин роҳро кайҳо интихоб кардааст: "Ин аз ҳамон оғоз роҳи сулҳу тафоҳум, ҳамзистии осоишта ва тағйиру таҳаввул буд ва боқӣ мемонад. Маъмулан, маҳбубияти президентҳои Амрико пас аз 100 рӯзи корашон ё дар давоми то ним соли аввал поин меравад, аммо худи ин ки рейтинги Обама дар ин муддат коҳиш наёфт, як дастоварди муҳими ӯ мебошад."

Бояд афзуд, эътимод ба Обама ҳатто афзудааст. Тибқи охирин назарсанҷӣ агар дар мояи декабри соли гузашта танҳо 33% омода буданд, саҳмия бихаранд, ҳоло шумораи онҳо ба 41% расидааст.

ХУЛОСА

Аммо дар Аврупо, гуфта мешавад, Обама натавонист, шарикони Амрикоро ба ирсоли нерӯи бештар ба Афғонистон водор кунад, ҳарчанд дар Ироқ ба хуруҷи нерӯҳо оғоз ниҳодааст. Ва Кореяи Шимолӣ як имтиҳони дигари Обама хоҳад буд. Дар садумин рӯзи кораш ба ёд меоранд, ки дар рӯзи 22-вуми январ вай онгуна ки дар маъаракаи интихоботӣ мегуфт, фармони барҳам додани маҳбаси Гуантанаморо имзо кард. Ба гуфтаи коршиноси тоҷик Абдуғаффори Камол, Обама ҳанӯз коре ё изҳороте накардааст, ки хилофи барномаҳои пешазинтихоботияш бошад. Ва коршиноси Пажӯҳишгоҳи Брукингз, Ин Галстон касе буд, ки дар бораи 100 рӯзи аввали раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, кӯтоҳтарин посухро дод: "Ин як оғози баде нест."
XS
SM
MD
LG