Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Д. Медведев дар остонаи курсии президентӣ


Фардо миллионҳо нафар дар сартосари Русия аз тариқи телевизион маросими савгандёдкунии раиси ҷумҳури нав Дмитрий Медведевро тамошо хоҳанд кард.

Ин маросими пуршукӯҳ дар Кремлин дар ҳузури Раиси Додгоҳи Қонуни асосӣ, Раиси Комиссиюни Марказии Интихоботӣ ва раҳбари Калисои ортодокси Русия баргузор хоҳад шуд. Дмитрий Медведев, муовини аввали сарвазир ва садри раёсати ширкати бузурги давлатии “Газпром” дар курсии президентӣ устод ва дӯсти худ Владимир Путинро иваз хоҳад кард, ки ду навбат сарварии Русияро бар ӯҳда дошт.

Ва аммо оё ҳукумат дар Русия воқеан ба фарди дигар интиқол хоҳад ёфт? Бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ бо такя ба маъруфияти Путин миёни мардум ҳадс мезананд, ки ӯ дар курсии сарвазирӣ низ раҳбарии Русияро идома хоҳад дод. Евгений Волк, раиси дафтари Бунёди амрикоии Мерос дар Маскав, мегӯяд, «дар бораи интиқоли воқеии қудрат ҳарф задан ғайримумкин аст, зеро сохтори давлатие, ки замони Путин ташаккул ёфтааст, побарҷо мондааст. Ва зиёда аз ин Путин аз ҳама чораҳо кор гирифт, то ки ҳатто дар курсии сарвазир баъзе ваколатҳои қаблии президентро ҳифз кунад ва ӯ қудрати сарвазирро аз раисиҷумҳур дида қавитар кардаст».

Евгений Волк меафзояд, Путин тарҳи интиқоли қудратро хеле мушикофона таҳия кард. Ҳафтаи гузашта ӯ бо судури як амр назорат аз болои волиҳо ё губернаторҳоро аз ихтиёри Кремл берун кард ва бар дӯши кобинаи вазирон гузошт. Тибқи амри дигари ӯ, аз ин ба баъд мақомоти маҳаллӣ таҳти назорати комили сарварони ҷумҳуриву вилоятҳо қарор мегиранд.

Алексей Макаркин, таҳлилгари сиёсии рус мегӯяд, ки Владимир Путин тайи чаҳор соли ахир нуктаҳои Қонуни асосиро барои таҳкими қудрати худ истифода кард ва ҳамзамон худро дар чашми мардум чун пуштибони боэътимоди Қонуни асосӣ намоиш дод. Намунаи рушани ин, ба гуфтаи таҳлилгар, аз байн бурдани интихоботи волиҳои вилоятҳо аз сӯи мардум аст, ки хилофи Қонуни асосист.

Таҳлилгарон ба он низ нукта ишора мекунанд, ки ахиран Владимир Путин хостори тағйири чандин қавонин шудааст. Владимир Плигин, муовини раиси кумитаи қонунгузории Думаи Давлатӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки порлумон барои вуруди тағйирот ба 150 қонуни феълӣ омодагӣ мегирад.

Алексей Малашенко, таҳлилгари сиёсии Маркази Карнегии Маскав мегӯяд, ки сабаби тағйирот рушан аст – Путин талоши дубора ба садри Русия баргаштан дорад. Вай мегуяд, “Ман фикр мекунам, ки беҳтарин роҳ ва беҳтарин васила барои Путин, ба истилоҳ, бастани дастҳои Медведев аст. Ва агар мо аз рӯи ин мантиқ андеша кунем, бояд иқрор кунем, ки Медведев шояд тайи чаҳор сол дар курсии раисиҷумҳур боқӣ намонад. Шояд баъд аз муддати кӯтоҳ Путин ӯро дар ин маснад иваз кунад”.

Дмитрий Медведев дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ маҳз бо пуштибонии Владимир Путин пирӯз шуд. Ӯ чун Путин хатмкардаи бахши ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург аст ва солҳои тулонӣ ҳамсафу ҳампаймони наздики Путин маҳсуб мешавад. Ва маҳз ба ин хотир, мегӯяд Алексей Малашенко, Медведев шояд қабл аз хатми мӯҳлати раёсаташ курсии раисиҷумҳурро дубора дар ихтиёри Владимир Путин гузорад. Ва аммо, меафзояд ӯ, хатаре низ мавҷуд аст, ки Медведев аз ширкат дар ин бозии сиёсӣ сарпечӣ кунад. Ва аммо, аз нигоҳи коршиносони рус, рушан аст, ки ҳама гуна ихтилофи назар миёни ин ду абардмарди сиёсӣ ба манфиати Путин анҷом хоҳад ёфт.

XS
SM
MD
LG