Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги мармузи рақиби Саакашвилӣ


Бадрӣ Патаркатсишвилӣ, миллионер ва собиқ номзад ба мақоми раисҷумҳури Гурҷистон
Бадрӣ Патаркатсишвилӣ, миллионер ва собиқ номзад ба мақоми раисҷумҳури Гурҷистон

Субҳи имрӯз аксари гурҷиҳо бо хабари даргузашти Бадрӣ Патаркатсишвилӣ, миллионер ва довталаби курсии раисҷумҳур, аз рахти хоб бархостанд.

Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Патаркатсишвилӣ шаби гузашта дар Лондон бар асари маризии қалб аз дунё даргузаштааст. Тоҷири маъруф ва сиёсатмадори мухолифи ҳукумат шурӯъ аз моҳи ноябри соли гузашта, баъди он ки мақомоти Гурҷистон ӯро дар талоши табаддулоти давлатӣ муттаҳам ва барои боздошташ амр содир намуданд, дар поӣтахти Бритониё ба сар мебурд.

Дар бораи сабабҳои марги Патаркатсишвилӣ иттилоъи дақиқ мавҷуд нест ва пулиси Лондон изҳор намуд, ки ҳама далелҳои марбут ба ин ҳодисаро тафтиш хоҳад кард, зеро даргузашти ӯ ногаҳон рух додааст ва аз ин рӯ шубҳабарангез аст. Мақомоти Гурҷистон ҳанӯз ҳалокати Патаркатсишвилиро ташреҳ накардаанд. Нино Накасидзе, узви ҳизби Ҳаракати миллии раиси ҷумҳур Саакашвилӣ гуфт, ки ба ҷуз фарзияи расмӣ, яъне бар асари маризии қалб аз дунё даргузаштани Патаркатсишвилӣ дигар иттилоъе зери даст надорад.

Ва аммо иддае аз ҷонибдорони Бадрӣ Патаркатсишвилӣ марги сармоядори маъруфро бо иттиҳомоти алайҳи ӯ эълонкардаи ҳукумат ва мавриди кофтукоби байнулмилалӣ қарор додани Патаркатсишвилӣ марбут мекунанд. Бадрӣ Патаркатсишвилӣ аз раҳбарони пасипардагии намоишҳои эътирозии моҳи ноябри соли гузашта дар Тифлис буд ва раҳбарони Гурҷистон ӯро дар кӯшиши ташкили кудатои давлатӣ ва аз маснад барканор кардани Михаил Саакашвилӣ айбдор мекарданд. Ва аммо ӯ ин иттиҳомотро қатъӣ рад мекард ва фақат иқрор намуд, ки ба кормандони пулис маблағи бузург дода буд, то намоиши эътирозии мухолифинро саркӯб накунанд.

Ва аммо бо вуҷуди ин рӯзи 7 ноябр пулис гирдиҳамомадагон дар канори бинои порлумонро пароканда кард ва ба думболи ин раисиҷумҳур Саакашвилӣ дар Гурҷистон вазъи фавқулодда эълон намуд. Гуфта мешавад, ки маҳз мухолифати Бадрӣ Патаркатсишвилӣ бо мақомоти Гурҷистон бархе аз ҷонибдоронашро дар робита ба ин даргузашти мармӯз сари андешае овардааст, ки шояд зери коса нимкосае бошад. Заур Киркитадзе, узви гурӯҳи интихоботии Бадрӣ Патаркатсишвилӣ, марги ӯро шубҳаангез номида гуфт, ки Патаркатсишвилӣ ба маризии қалб мубтало набуд.

Худи Патаркатсишвилӣ борҳо ишора карда буд, ки ба ӯ хатар таҳдид мекунад. Моҳи декабри соли гузашта хабаргузории амрикоии "AP" гуфта буд, ӯ навори видеоие дастрас кардааст, ки дар он як масъули вазорати умури дохилаи Гурҷистон бо як фармондеҳи чечен дар робита ба куштори Патаркатсишвилӣ дар Лондон музокира кардааст.

Моҳи октябри соли гузашта Ираклий Окруашвилӣ, собиқ вазири дифоъи Гурҷистон эълом дошт, ки Саакашвилӣ ӯро барои куштори Патаркатсишвилӣ таҳрик додааст. Ва аммо баъд аз боздошт Окруашвилӣ аз ин изҳороташ рӯ тофт.

Гуфта мешавад, ки Патаркатсишвилӣ сармояи худро дар солҳои 90-уми қарни гузашта дар ҳамкорӣ бо Борис Березовский, мунаққиди имрӯзаи Кремл ҷамъ оварда буд. Борис Березовский имрӯз ба хабаргузориҳо гуфт, ки чанд соат қабл аз ҳалокати Патаркатсишвилӣ бо ӯ дидору гуфтугӯ дошт. Ӯ афзуд, ки фақат баъд аз анҷоми тафтиши қазияи даргузашти Патаркатсишвилӣ аз сӯи пулиси Лондон назари худро дар ин бора баён хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG