Брюс Паннер
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов соле пеш дар натиҷаи интихоботе, ки Туркманистон аз замони касби истиқлолияташ дар соли 1991 барои нахустин бор барпо карда буд, ба курсии раҳбарии ин кишвар нишаст. Аммо интихоботе, ки ноозод ва ноодилонааш мехонанд.
Вақте Сафармурод Ниёзов, мулаққаб ба Туркманбошӣ, раҳбари пешини Туркманистон дар моҳи декабри соли 2006 даргузашт, кам касе бар рӯи Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳамчун вориси тахти Ниёзов ҳисоб мекард. Бердимуҳаммадов, ки аз рӯи касб пизишки дандон аст, он замон вазири беҳдошт ва ҳамагӣ чанд муддат муовини сарвазири Туркманистон буд.
Туркманистонро, қарори маълум, бар пояи иғроқу ифрот дар тавсифу парастиши шахси Ниёзов бино карда буданд. Туркманбошӣ дар ин кишвар меҳвари тамоми чиз ҷилвагар мешуд: ҳам раҳбару ҳам доҳӣ, ҳам муассиси Туркманистони мустақил ва ҳам нависандаи таърихи навини мардуми туркман…
Туркманбошӣ исмҳои ҷуғрофӣ ва ҳатто исми моҳҳо ва рӯзҳои ҳафтаро тағйир дода, бархеро ҳатто ба номи худу модараш гардонд ва ҳунарҳое мисли операву балет ва сиркро дар кишвараш манъ кард.
Вале Бердимуҳаммадов бархе аз ин корҳои Ниёзовро зуд ислоҳ кард. Аз ҷумла, ӯ таълими ҳатмии даҳсоларо, ки Туркманбошӣ то 9 сол камаш карда буд, барқарор кард. Ӯ ҳамчунин дарҳои бемористонҳои дар музофоти Туркманистон дар даврони Ниёзов аксаран басташударо дубора боз кард ва даҳҳо ҳазор нафар нафақахурони дар он даврон аз ҳаққи нафақаи давлатӣ маҳрумшударо аз нав бо нафақа таъмин намуд ва операву балет ва ҳам сиркро дар Туркманистон дигарбора иҷозати фаъолият дод.
Эҳёи он чӣ, ки дар даврони Ниёзов аз байн бурда шуд, танҳо оғози кори Бердимуҳаммадов буд ва ӯ даст ба иҷрои барномаҳое ҳам зад, ки дар замони Туркманбошӣ ғайри қобили тасаввур буд. Раҳбари нави Туркманистон ҳамин тавр, ҳама посгоҳҳои пулисро дар дохили кишвар аз байн бурд, интернет-кафеҳоро иҷозаи фаъолият дод ва се моҳ пеш эълон кард, ки мехоҳад бахши аъзами фоидаҳоеро, ки бо шарофати нархи ҳангуфти нафту газ ба ҷайби давлати Туркманистон мерезанд, сарфи иҷрои барномаҳои иҷтимоӣ кунад.
Аммо Эрика Дэйли, раҳбари собиқи бахши туркманистонии Институти Ҷомеаи Кушода, ниҳоди марбут ба Бунёди Сорос мегӯяд, асароти ин ҳама тағйирот дар дохили Туркманистон ҳанӯз чандон назаррас нест.
Боди нармтаре, ки як сол ба ин тараф аз сӯи Ишқобод мевазад, бархе аз ин мухолифинро нисбат ба дурнамои ҳамкорӣ бо давлати Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов дилгармтар кардааст. Рӯзи душанбе, дар солгарди аввали президентии Бердимуҳаммадов, Ҳизби ҷумҳурихоҳон, як ташаккули мухолифин туркман дар рӯбарӯи сафорати Туркманистон дар Берлин бо талаби ислоҳоти амиқтар ташкили раҳпаймоӣ кард.
Ҳамзамон раҳбарони мухолифин, аз ҷумла вазири пешини нафту гази Туркманистон Назар Суюнов ба Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов ҳатто нома навишта, аз ӯ барои бозгашт ба ватан ва фаъолият ба ҳайси мушовири раисиҷумҳур иҷоза хостаанд.