Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Ҳизби наҳзати исломӣ


Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ
Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Мақомоти ҲНИТ нигарон аз онанд, ки фаъолияти ин ҳизб на ба мисли аҳзоби дигар аз сӯи ниҳодҳои маданӣ, балки тавассути идороти амниятиву интизомии ин кишвар назорат мешавад.

Мақомоти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчунин аз он нигаронанд, ки ин ҳизби сиёсӣ дар радифи созмон ва гурӯҳҳое, ки имкони мушорикат дар анҷоми амалҳои террористӣ ва экстремистиро доранд, ном бурда шудааст.

Вале масъулони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯянд, онҳо созмон ва гурӯҳҳои мазҳабиеро, ки бо сармоя ва пуштибонии хориҷӣ фаъолият мекунанд, таҳти назорат мегиранд ва ҳеҷ ниҳоди вижае ҳам барои назорати фаъолияти созмон ва ташкилотҳои мазҳабӣ, ки дар кишвар расман сабти ном шудааст, дар сохторҳои амниятӣ таъсис дода нашудааст.

Зимни муаррифии тарҳи қонун дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон дар Маҷлиси Намояндагон Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, таъкид кард, ки дар шароити имрӯзаи ҷаҳон, ки фаъолияти созмон ва гурӯҳҳои террористӣ ва тундрави мазҳабӣ густариши бештар ёфта, барои амният ва осоиши зиндагӣ хатар эҷод мекунад, бо усулҳои суннатӣ ва кӯҳна мубориза бурдан бо онҳо ғайриимкон аст.

Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар порлумони кишвар, аз он ибрози нигаронӣ кард, ки фаъолияти ҲНИТ на дар радифи аҳзоби дигари сиёсӣ тавассути ниҳодҳои маданӣ балки аз сӯи идороти амниятиву интизомии ин кишвар, ки алайҳи созмон ва гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ мубориза мебаранд, назорат карда мешавад.

Оқои Кабирӣ афзуд, чунин тарзи муносибат эътимод миёни мақомот ва аҳзоби сиёсиро аз байн бурда, эҳтимол ё имкони таҳти шубҳа қарор додани фаъолияти як ҳизби расмиро ба бор меоварад.

Аммо Хайриддин Абдураҳимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, бо такзиби ин иддао гуфт, ҳеҷ ниҳоди махсус барои назорати фаъолияти созмон ва ташкилотҳои мазҳабӣ, ки дар кишвар расман сабти ном шудаанд, дар сохторҳои амниятӣ таъсис дода нашудааст. Ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ таҳти назорати хос қарор надорад.

Дар қонун дар бораи мақомоти амнияти миллии Тоҷикистон, ки аз сӯи Маҷлиси Намояндагон қабул гардид, ҳамчунин барои аввалин бор шароити ҳуқуқии истифода аз силоҳ барои ходимони он ҳамчун чораҳои қонунии таъмини бехатарии кормандони ин ниҳод ва доираи фаъолияти он мушаххас таъкид шудааст.

XS
SM
MD
LG