Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози тағйирот дар ҳукумати Тоҷикистон


Дар ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, 25 январ, чанд мақоми аршади кишвар аз вазифаашон барканор ва ба мансабҳои дигар таъин шуданд.

Дар ин миён Муродалӣ Алимардон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон аст, ки пас аз 11 соли фаъолияташ дар ин мақом аз вазифа озод ва муъовини нахуствазири кишвар дар умури иқтисод таъин гардид. Вазири кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист Абдураҳмон Қодирӣ, ки танҳо як сол дар ин мақом кор мекард, муъовини аввали раиси вилояти Хатлон ва раиси Ожонси заминсозии Тоҷикистон Давлатшоҳ Гулмаҳмадов муовини аввали раиси устони Суғд таъин шуданд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон дар ин ҷаласаи ҳукумат фаъолияти нокифояи корхонаву вазоратхонаҳо ва бемасъулиятии вазирони молия, рушди иқтисод ва тиҷорат, энержию саноат ва ширкати «Барқи тоҷик»-ро таъкид кард. Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор шуд, ки Тоҷикистон дучори бебарқӣ, камбуди гази табиӣ, тавқифи кори марокизи гармидиҳии кишвар мебошад. Дар сармоҳои шабу рӯзҳои ахир танҳо дар шаҳри Душанбе 22 трансформатор аз кор бозмонда, мардум низ бебарқ мондаанд. Э. Раҳмон раҳбарони вазорати энержӣ ва ширкати «Барқи тоҷик»-ро мавриди сарзаниш қарор дода, онҳоро «бевиҷдон» хонд ва барои ислоҳи вазъ барояшон 6 моҳ мӯҳлат дод. Президент аз «Барқи тоҷик» тақозо кард, ки аз ҳисоби барқи Ширкати алюминиуми Тоҷикистон сокинони кишварро бо нерӯи бештар таъмин намояд.

Э. Раҳмон ба Шарифхон Самиев, раиси ширкати «Барқи тоҷик», чунин хитоб карда, гуфт, «агар аз уҳдаи корат набарои, ҷоятро холӣ мекуни! Ин ба ҳама тааллуқ дорад... Натавонед, ҷойҳоро холӣ кунед...».

Дар ҷаласаи ҳукумат таъкид шуд, ки талафоти барқ дар соли гузашта 18 дарсад ва бар тибқӣ нишондиҳандаҳои ҳисобкунакҳои барқӣ то 90 дар сад арзёбӣ шуд. Ба иттилоъи раиси ширкати «Тоҷикгаз» Фатҳиддин Муҳсиддинов, то 8 миллион сомонӣ аз талафоти гази табиӣ зиён расидааст. Президент аз раҳбари «Тоҷикгаз» талаб кард, ки аҳолии Душанберо 100 дарсад бо гази табиӣ таъмин намояд. Дар ҳамин ҳол раисҷумҳур мақомоти зирабтро уҳдадор кард, то ҷараёни иҷрои тарҳҳои марбут ба сохтмони нерӯгоҳҳои барқи обӣ дар кишварро суръат бахшанд.

Э. Раҳмон таъкид кард, ки бояд ба зудтарин фурсат музояда ё тендер барои бозсозии нерӯгоҳи Роғун эълом шавад. Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар соли 2008 чанд нерӯгоҳи хурди барқи обӣ мавриди истифода қарор хоҳад гирифт, ҳоло дар кишвар сохтмони 17 нерӯгоҳи хурд ҷараён дорад ва дар назар аст, то соли 2020 71 нерӯгоҳи хурд сохта шавад. Барои иҷрои тарҳҳои вобаста ба сохтмони нерӯгоҳҳои хурд давлати Тоҷикистон ним миллиард доллари амрикоӣ ихтисос додааст.

Раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт, ахиран ҳукумати кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ 110 миллион сомонӣ тахассус дод, то хоҷагиҳои пахтакор тавонанд, барои анҷоми умури кишоварзӣ аз ин маблағҳо ба унвони қарзи боимтиёз истифода бикунанд.

Интизор меравад, ки ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон рӯзи шанбе ҳам идома кунад ва имкон дорад, баъзе аз тағйироти кадрӣ эълом карда шавад. Дар ҷаласаи ҳукумат беш аз 40 масъалаи марбут ба рушди иқтисоду иҷтимоъи Тоҷикистон дар соли 2007 баррасӣ шуд.

XS
SM
MD
LG