Гуфта мешавад, ки бо бастани дафтарҳои ин Шӯро дар шаҳрҳои Санкт Петербург ва Екатеринбург мухолифати миёни Маскаву Лондон торафт жарфтар мешавад. Дэвид Милибанд, вазири хориҷаи Бритониё амали мақомоти Русия дар баробари Шӯрои Бритониёро “барои як кишвари бузург ношоиста” номид. Ба гуфтаи ӯ, ин гуна рафтор фақат дар солҳои ҷанги сард мушоҳида мешуд. Ҳамзамон вазири хориҷаи Бритониё гуфт, ки “Лондон дар посух аз амалҳои ҳамсон кор нахоҳад гирифт”.
Ба гуфтаи Дэвид Милибанд, мақомоти Русия Шӯрои Бритониёро дар пардохт накардани андозҳо муттаҳам мекунанд ва ин дар ҳолест, ки ин созмони фарҳангӣ дар ниҳодҳои андози Русия сабти ном шудааст. Вазири хориҷаи Бритониё ба он нукта ишора кардааст, ки Маскав аз манфиатҳои худ дар додгоҳ ҳимоят накарда, ду дафтари Шӯрои Бритониёро аз роҳи судури амр бастааст.
Дар ҳамин ҳол Мартин Давидсон, раиси Шӯрои Бритониё изҳор кард, ки ин ниҳоди фарҳангӣ фаъолияти худро дар Русия идома хоҳад дод ва ҳама хоҳишмандон метавонанд ба дафтари Шӯро дар Маскав муроҷиат кунанд. Ба гуфтаи ӯ, фишори мақомоти Русия болои кормандони маҳаллии дафтарҳои Шӯро дар Санкт-Петербург ва Екатеринбург фаъолияти Шӯрои Бритониё дар ин шаҳрҳоро ғайримумкин гардондааст.
Раҳбари Шӯрои Бритониё таъйид кард, ки фаъолияти ду дафтари Шӯро дар шаҳрҳои Санкт Петербург ва Екатеринбург мутаваққиф шудааст. Рӯзи чаҳоршанбе аксари кормандони ин дафтарҳо ба бахшҳои маҳаллии Хадамоти федеролии амният даъват шуда буданд.
Мақомоти Бритониё мегӯянд, тасмим дар бораи бастани дафтарҳои Шӯрои Бритониё – посухи Маскав ба тақозои истирдоди Андрей Луговой ба Лондон аст. Лондон Андрей Луговойро дар куштори шаҳрванди Бритониё ва собиқ корманди Хадамоти федеролии амнияти Русия Александр Литвиненко гунаҳкор медонад.