Бан Кӣ Мун, Дабири кулли Созмони миллали муттаҳид, ҳадс задааст, ки ҳадафи ҳамла вазири хориҷаи Норвегия Ҷонас Гаҳр Сторе буд – сафорати Норвегия дар Кобул дар меҳмонсарои “Сирена” мулоқотеро бо ширкати вазири хориҷаи кишвар тарҳрезӣ карда буд.
Ба иттилоъи намояндаи вазорати умури дохилаи Афғонистон Замири Башарӣ, дар ин ҳамла ҳамчунин 6 кас шудаанд. Мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳалокати як шаҳрванди худ дар ин ҳодисаро таъйид карданд. Ҳамчунин гуфта мешавад, ки як хабарнигори норвегӣ низ бар асари ҷароҳатҳои сангин аз олам даргузаштааст.
Ба иттилоъи шоҳидон, дар аввал дар меҳмонсаро инфиҷори сахт рух дод ва баъдан тирпарронӣ сурат гирифт. Аксари меҳмонони “Сирена” ва аз ҷумла вазири хориҷаи Норвегия Сторе дар таҳхона панаҳ бурданд. Ширкати телевизионии NRK-и Норвегия бо истинод ба вазорати хориҷаи кишвар хабар дод, ки ба вазир осеб нарасидааст ва ӯ айни ҳол ба мавзеъи бехатар интиқол ёфтааст.
Масъулияти ҳамларо ҷунбиши Толибон ба дӯш гирифтаанд. Намояндаи ин ҷунбиш гуфтааст, ки як тан аз мусаллаҳон кушта шуда, дуввумӣ худро инфиҷор кардааст.