Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чин ба соҳили Зарафшон бармегардад


Маркази тарроҳии «Чиндун»-и Чин бо тақозо ва дархости ҷониби Узбакистон дар тарҳи эҳдоси нерӯгоҳи барқи Зарафшон таҷдиди назар кардааст.

Тарҳи фаннии эҳдоси ин нерӯгоҳ ба вазорати энержӣ ва саноъати Тоҷикистон ироъа шудааст. Абдулло Қурбонов, аз Вазорати энержӣ ва саноъати Тоҷикистон, дастёбӣ ба ин тарҳи ҷадидро таъйид карда, гуфт: «Мо ин тарҳро дарёфт кардем, вале, мутаассифона, он бо забони русӣ буда, тарҷумааш хуб нест. Мо танҳо баъдитар ҷумаи он метавонем назарамонро ироъа кунем. Ҷониби Узбакистон низ аз мо ин тарҳро дархост».
Узбакистон мухолифи эҳдоси нерӯгоҳи Зарафшон бар асоси тарҳи аввалия буд. Ахиран як кумисюн бо ҷалби коршиносони хориҷӣ бо мақомоти Узбакистон дар ин замина гуфтугу кард. Ва маркази тарроҳии «Чиндун» бо дарназардошти натоиҷи ин гуфтугӯҳо ва тақозоҳои Узбакистон дар тарҳи фаннии эҳдоси ин нерӯгоҳ таҷдиди назар кард.
Вазорати энержӣ ва саноъати Тоҷикистон аз тавзеҳи тақозоҳои тарафи Узбакистон дар робита ба тарҳи эҳдоси нерӯгоҳи мазкур худдорӣ кард. Аммо, ба назари бархе аз соҳибназарон, Узбакистон иддаъо дорад, ки эҳдоси ин нерӯгоҳ ва захираи об дар рӯдхонаи Зарафшон ба системи обёрии чанд вилояти Узбакистон садама ворид мекунад.
Ва ба илова захираи об дар рӯдхонаи кӯҳӣ, бо дарназардошти ҳолати геологӣ ва ноустувории қишри замин дар маҳалли сохтмон, барои сокинони чанд вилояти ҳаммарзи Узбакистон бо Тоҷикистон хатар эҷод мекунад. Аммо тарафи Тоҷикистон иддаъоҳои Узбакистон дар ин заминаро ба далели захира нашудани об дар рӯдхона баъди эҳдоси нерӯгоҳ ва ба обёрии заминҳои корам дар Узбакистон садама эҷод накардани он беасос медонад.
Нерӯгоҳи барқи обӣ рӯи рӯдхонаи Зарафшон дар ноҳияи Айнии Тоҷикистон эҳдос мешавад. Гуфта мешавад, дар ҳолеки ҳазинаи иҷрои ин тарҳ 250 миллион доллари амрикоиро дар бар мегирад, иқтидори ин нерӯгоҳ 150 мегаватт хоҳад буд. Ин нерӯгоҳ метавонад ноҳияи Панҷакенти Тоҷикистонро бо нерӯи барқ таъмин кунад.
Ба гуфтаи мақомоти ширкати «Барқи тоҷик», тарҳи ҷадид низ мавриди баррасии ҳарду кишвар ва коршиносони мустақил қарор хоҳад гирифт. Имкон дорад, ки Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёии Тавсиъа ва Бонки исломии Рушд дар ин кор кумак кунанд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, ширкати «Синоҳидро»-и Чин дар замоне ба эҳдоси нерӯгоҳи Зарафшон мепардозад, ки коршиносони мустақил тарҳи ҷадиди аз сӯи Маркази тарроҳии «Чиндун»-и Чин пешниҳодшударо бипазирад.
Ширкати «Синоҳидро»-и Чин бо ҳукумати Тоҷикистон чанд соле қабл дар бораи эҳдоси нерӯгоҳи барқи Зарафшон» мувофиқатномаеро имзо карда буд.
XS
SM
MD
LG