Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беназир Бҳутторо кӣ кушт?


Созмони ал-Қоида иттиҳоми мақомоти Покистонро рад кард ва эълом дошт, ки дар куштори сарвазири пешини Покистон Беназир Бҳутто даст надорад.

Байтулло Масъуд, яке аз раҳбарони ал-Қоида иттиҳоми Вазорати дохилаи Покистон дар мавриди аз сӯи ин созмон тарҳрезӣ шудани куштори хонум Бҳутторо қатъӣ рад кард.

Қаблан, Вазорати умури дохилаи Покистон эълом дошт, ки сӯиқасд ба ҷони Беназир Бҳутто дар шаҳри Равалпиндӣ маҳз аз сӯи Байтулло Масъуд тарҳрезӣ шудааст. Ҷовид Иқбол Хима – сухангӯи Вазорати дохилаи Покистон дирӯз ба хабарнигорон гуфт:

«Мо иттилоъе дорем, ки даст доштани яке аз раҳбарони ал- Қоида Байтулло Масъуд дар ин кушторро собит мекунад. Тибқи иттилоъе, ки мо ҳамин субҳ сабт кардем, Байтулло Масъуд одамони худро барои анҷом додани ин амали номардона табрик гуфтааст.»

Ва аммо имрӯз Мавлавӣ Умар – сухангӯи Байтулло Масъуд ин изҳоротро чун “тарғиботи ҳукумат” арзёбӣ намуд. Тибқи як сӯҳбати телефонӣ бо хабаргузориҳо аз як минтақаи ношинос Мавлавӣ Умар куштори хонум Бҳутторо маҳкум кард:

Ба назар мерасад, ки ба фарзияи ҳукумат дар бораи аз сӯи ал-Қоида ба қатл расидани Бҳутто раҳбарони ҳизби мардумии Покистон низ бо шубҳа менигаранд. Ин ҳизб, ки сарварияшро хонум Беназир бар ӯҳда дошт, мақомоти кишварро дар таъмини нокофии амнияти сарвазири пешин муттаҳам кардааст. Мақомоти ҳизб ҳамчунин иддаъои Вазорати дохиларо дар бораи бар асари беэҳтиётӣ ба ҳалокат расидани сарвазири пешинро рад карданд. Ба тахмини вазорат, баъди таркиш Бҳутто талош кардааст, ҳарчӣ тезтар вориди мошин шавад ва ин лаҳза сараш ба болопӯши мошин бархурдааст.

Дар ҳамин ҳол, сарнавишти интихоботи порлумонии рӯзи 8 январи соли 2008 низ рушан нест – мақомот дар бораи лағв ё ба мӯҳлати дигар гузоштани он тасмим нагирифтаанд. Интизор меравад, ки Комиссиюни марказии интихоботи Покистон рӯзи душанбе, 31 декабр дар нишасти фаврии худ таъсири куштори хонум Бҳутто ба баргузории интихоботи порлумониро баррасӣ кунад. Ва аммо агар ин маърака баргузор ҳам шавад, гумон аст аҳзоби мухолиф дар он ширкат кунанд.

Ҳизби дигар аз сарвазири пешини Покистон Навоз Шариф интихоботро таҳрим эълон кардааст. Ҳизби мардумии хонум Бҳутто бошад рӯзи 30 декабр, дар бораи ширкат кардан ё накарданаш дар ин маърака тасмим мегирад.

Дар ҳамин ҳол, Парвиз Мушарраф ба хотири эҳёи оромӣ дар Покистон амр кард, ки алайҳи созмондиҳандагони бенизомиҳо дар кишвар аз чораҳои қатъӣ кор гирифта шавад. Ин амр дар нишасти раисҷумҳур бо раҳбарони сохторҳои қудратӣ содир шуд. Бар асари бенизомиҳо ва задухурдҳо бо пулис, ки баъд аз куштори Беназир Бҳутто шурӯъ шуданд, то имрӯз дасти кам 40 нафар ба ҳалокат расиданд.

XS
SM
MD
LG