Ба иттилои Кумисиюн, бар тибқи натоиҷи пешакӣ, ба Ислом Каримов тақрибан 88 дар сади мардум раъӣ додаанд. Се номзади боқимонда дар маҷмӯъ андаке бештар аз 3 дарсади раъйҳоро соҳиб шудаанд. Дар ҳамин ҳол Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо интихоботи президенти Узбакистонро дур аз меъёрҳои демократӣ арзёбӣ кард. Дар изҳороти созмон омадааст, ки «ин маъракаи сиёсӣ таҳти назорати комили ҳукумат қарор дошт ва нерӯҳои мухолиф аз имкони ширкат дар рақобати воқеӣ маҳрум буданд». Аз нигоҳи САҲА, рақибони Ислом Каримов фақат ба он хотир дар интихобот ширкат доштанд, ки ин маърака демократӣ намоиш дода шавад.
Ёдовар мешавем, дар интихоботи раёсати ҷумҳур ба ҷуз Ислом Каримов, ки ҳанӯз аз даврони шуравӣ қудратро дар Узбакистон зери даст дорад, боз се довталаби дигар ширкат доштанд, ҳарчанд ин номзадҳо дар маъракаи пешазинтихоботӣ аз даъват ба пуштибонии худ парҳез ва аз сиёсати Ислом Каримов ситоиш мекарданд. Дар ҳамин ҳол аҳзоби мухолифи ҳукумати Узбакистон аз далелҳои зиёди тақаллубу қонуншиканиҳо дар маъракаи интихоботӣ ҳарф мезананд. Ва аммо КМИР-и Узбакистон иддаъо намуд, ки ягон далели ҷиддии тақаллуб ва ё эътирози мардум сабт нашудааст. Нозирон аз Ҷомеъаи Кишварҳои Ҳамсуд низ интихоботро озоду демократӣ арзёбӣ кардаанд. Қабл аз интихобот «Ҳуман Райтс Вотч» ва созмони Дидбони ҳуқуқи башар озоду одилона сурат гирифтани интихоботи президенти Узбакистонро зери суол бурда буд. Аз нигоҳи ин созмон, «манъи фаъолияти аҳзоби мухолиф ва расонаҳои хабарии мустақил имкони рақобати воқеӣ дар ин маъракаро аз байн бурдааст». Интихоботи раёсати ҷумҳур дар ҳоле баргузор шуд, ки ҳукумат аз сабти номи аҳзоби мухолифи «Бирлик», «Эрк» ва «Озод деҳқон» сарпечӣ кардааст.
Гуфта мешавад, баъд аз ҳаводиси хунини Андиҷон дар моҳи майи соли 2005, ки бар асари саркӯб кардани тазоҳурот аз сӯи артиши Узбакистон, ба гуфтаи шоҳидон ва фаъолони ҳуқуқи башар, садҳо одамони бегуноҳ кушта шуданд, Тошканд муборизаи беамон бо демократияро шурӯъ кард – нашри расонаҳои мустақилро манъ ва дафтари чанд созмони байнулмилаливу расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ, аз ҷумла, Радиои Озодӣ ва Би-Би-Си дар кишвар баста, садҳо нафар бо иттиҳомоти тақаллубӣ равонаи зиндон шуданд. Ин ҳама ва сарпечии Тошканд аз тафтиши мустақилонаи байнулмилалии ҳаводиси Андиҷон равобити Узбакистон бо Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупоро сард кард. Гуфта мешавад, ки дар арафаи интихобот ҳукумат дастрасӣ ба чандин сомонаи интернетӣ, аз ҷумла, fergand.ru, muslimuzbekiston.org, сомонаи «Ҳуман райтс вотч» ва дигар сайтҳо дар Узбакистон номумкин гардонд.
Бештари таҳлилгарон мутмаинанд, ки бо идомаи қудрати Ислом Каримов вазъ дар Узбакистон ва сиёсати хориҷии кишвар тағйир нахоҳанд ёфт. Аз нигоҳи Сергей Абашев, корманди Фарҳангистони улуми Русия ва таҳлилгари масоили минтақа, равобити Тошканд бо кишварҳои ғарбӣ ҳамчунин сард боқӣ хоҳад монд. Ӯ мегӯяд: «Каримов талош хоҳад кард, ки мухторияти худ аз Русияро нигаҳ дорад, яъне ба таври ҷиддӣ побанди Русия нагардад ва, аз нигоҳи ман, шояд барои дарёфти тамос бо Ғарб кӯшиш кунад. Ва аммо суол ин аст, ки айни ҳол кишварҳои Ғарб то куҷо омодаанд бо Узбакистон дар тамос бошанд? Зимнан, сиёсати Каримов ҳамеша пешгӯинашаванда буд ва ӯ доимо талош мекард мухторияти Узбакистон дар баробари дигар кишварҳоро ҳифз кунад ва, аз нигоҳи ман, Каримов ҳамин гуна сиёсатро идома хоҳад дод».
Сергей Абашев меафзояд, Ислом Каримов дар чанд масъала, аз ҷумла, дар мавриди иҷозаи фаъолияти аҳзоби мухолиф ва расонаҳои мустақил, дубора боз шудани дафтари бархе аз созмонҳои байнулмилалии дифоъ аз ҳуқуқи инсон, ба Ғарб гузашт нахоҳад кард, зеро «аз ҷиҳати сиёсӣ ӯро Русия пуштибонӣ хоҳад кард, Каримов бо Чин низ гуфтушунидҳое анҷом додааст ва қимати нафту газ имкон медиҳад, ки кишвар аз ҷиҳати иқтисодӣ каму беш қавӣ шавад».