Оё дар ин қаламрав ба ҳангоми интихоб ва таъйини кадрҳо ба мақомҳои баланди давлатӣ бештар аз кадом усул – ҳунарсолорӣ, садоқатсолорӣ ё минтақагароӣ ё таборгароӣ ё дигар истифода мешавад?
Тоҷикистон дар масъалаи интихоб ва таъйини кадрҳо зоҳиран шабеҳи Лубнон шудааст, ки дар он кишвар мақоми раисҷумҳурро ҳатман масеҳиҳо, сарвазириро ба сунниҳо ва раёсати парлумонро ҳатман ба намояндагони лубнониҳои шиъа мегузоранд. Аммо дар Тоҷикистон бо ин фарқ, ки раисҷумҳур акнун намояндаи ҷануб, сарвазир аз шимол ва раҳбари парлумонаш намояндаи манотиқи шарқи кишвар аст. Дар ин раддабандӣ тайи 15 соли охир танҳо як тағйирот ба амал омада, намояндагони шимол бо таслими мақоми раёсати ҷумҳурӣ ба намояндагони ҷануб акнун бо касби мақоми дуввумдараҷаи сарвазирӣ иктифо кардаанд.
Дар ин авохир дар расонаҳои гурӯҳии Тоҷикистон матолибе ба нашр мерасад, ки дар онҳо сӯҳбат аз эҳтимоли иваз шудани сарвазир ва ҳамин тавр тағйироти кадрӣ дар ҳайати ҳукумат меравад. Бештари онҳое, ки дар иртибот ба ин масъала андешаронӣ кардаанд, бо таваҷҷӯҳ ба собиқаи ташкили ҳукуматҳо дар Тоҷикистон омили маҳалро дар таъйини сарвазири нав ва аъзои дигари кобина асосӣ арзёбӣ мекунанд.
Ба эътиқоди бархе аз коршиносон ва намояндагони аҳзоб, интихоб ва таъини кадр дар мақомоти давлатӣ дар ин кишвар асосан бар пояи маҳал сурат мегирифтааст. Ғаюр Қаҳҳоров - раиси созмони иҷтимоии мавсум ба «Сотсиолог» ва муҳаққиқи масоили иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, бештари пурсидашудагон дар як назарсанҷӣ гуфтаанд, ки меъёри таъини афрод ба ниҳодҳои давлатӣ дар заминаи маҳалл, хешу таборӣ ва муносибати шахсӣ боқӣ мондааст:
«Яке аз омилҳои асосии ҷобаҷогузории кадр дар Тоҷикистон ин ба ҳамагон маълум аст, ки аз нуқтаи назари маҳал аст. Ин решаҳои чуқур дорад, ки онҳо дар замони нав бештар афзоиш ёфтанд. Омили дуюмаш аз рӯи хешу таборӣ аст ва омили сеюмаш аз рӯи муносибатҳои шахсӣ аст. Ва имрӯз аз рӯи ҳамин се омил ҷобаҷогузории кадр дар Тоҷикистон сурат мегирад ва дар вазифаҳои гуногуни давлатӣ вуҷуд дорад.»
Муҳиддин Кабирӣ - раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар порлумони кишвар низ таъсири омили маҳал дар сиёсати кадрии ҳукуматро таъйид кард. Аммо вай гуфт, ки дар мавриди интихоб ва таъйини кадрҳо садоқати шахсӣ ва адами истиқлолияти фикрӣ дар нафари ба ин ё он мақом таъиншаванда бештар нақш мебозидааст:
«Тақрибан мо ҳолатеро дорем, ки тамоми команда ё фикри мустақил ва шахсии худро надоранд, ҳамагон якранг ва якхел фикр мекунанд ё ба ҳар роҳу восита садоқати шахсии худро ба нафари аввал изҳор мекунанд ва ин ду омил боиси боқӣ мондани онҳо дар мақомот мегардад. Ман ба ҳар сурат омили садоқати шахсиро болотар мемондам, ҳатто агар аз ҳамон маҳал ҳам бошад. Барои мисол, агар як кадр аз лиҳози маҳал бо роҳбарони кишвар ҳаммаҳал аст, ҳамдеҳа аст, вале аз лиҳози фикрӣ агар фарқ кунад, тамоили фикр ва андешааш мустақил бошад, ҳаммаҳал буданаш ба нафъаш кор нахоҳад кард ва ҳеҷ гоҳ таъсир нахоҳад расонд, ки соҳиби ин ва ё он мақом шавад. Омили маҳал ҷой дорад, вале на ба он ҳадде, ки омили садоқати шахсӣ ё омили адами истиқлолияти фикрӣ дар тасмим»
Абдуғанӣ Мамадазимов - раиси Анҷумани миллии сиёсатшиносони Тоҷикистон, ки равандҳои сиёсӣ дар кишварро дар чанд соли ахир пайгирӣ мекунад, гуфт, сиёсати кадрии Тоҷикистон бо гузашти даҳ сол аз имзои созишномаи умумии сулҳ ва хатми ҷанги шаҳрвандӣ гароиш ва такяи бештар ба як минтақаи хос кардааст. Оқои Мамадазимов афзуд, ҳатто баъд аз интихоби саввумбораи раисҷумҳур низ афроде, ки собиқаи тӯлонии фаъолият дар ҳукуматро доштаанд, иваз нашуданд:
«Он вақт як маҳал бисёртар аз тарафи ҳарбӣ пурзӯр омад, ин ҳам бошад минтақаи Кӯлоб буд. Ин қувва - ин қувваи маҳалл, яъне қувваи минтақавӣ рӯ ба сабзиш аст. Ва охирон интихоботи президент нишон дод, ки ҳама умед доштанд, ки президент Эмомалӣ Раҳмон президент мешаванд ва он кас командаи навро ба арсаи сиёсӣ меоваранд. Афсӯс, ки ин кор нашуд ва нафароне, ки ба он кас содиқ буданд, дар вазифаҳо монданд, ҳам дар блоки иқтисодӣ ва ҳам дар блоки сиёсӣ. Охирон маҷлисии ҷамъбастии имсола, ки моҳи январ баргузор мешавад, ман фикр мекунам, ки нафақат сарвазир бояд, ки дигарҳо низ иваз шаванд. Инро раванди ваҳдати миллӣ талаб мекунад.»
Коршиносони тоҷик ба шурӯъи як раванди ҷадид дар сиёсати кадрии ин кишвар таъкид мекунанд. Яъне, дар сиёсати кадрии Душанбе дигар на ба усули минатақагароӣ, балки акнун такяи бештар ба усули ҳатто таборгароӣ ба мушоҳида расида, фишангҳои давлативу молӣ акнун ҳарчӣ бештар дар дасти афроди наздик ба хонаводаи раисҷумҳур басиҷ мешаванд.
Аммо Давлаталӣ Давлатзода - муовини аввали раиси Ҳизби халқӣ-демократӣ, ҳизби ҳоким дар Тоҷикистон, ки раёсати онро Эмомалӣ Раҳмон бар ӯҳда дорад, иддаоҳои дар пояи маҳал ташкилёбии ҳукуматро рад мекунад. Оқои Давлатзода гуфт, афроде дар мақомоти давлатӣ ҷалб шудаанд, ки соҳиби дониш, таҷриба ва тахассус ҳастанд.
«Ба фикри ман, ин начандон дуруст аст. Чунки ҳам дар ҳайати ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар ҳайати вазорату идораҳои ҷумҳурӣ намояндагони қариб ҳамаи маҳалҳои Тоҷикистон фаъолият доранд. Аз ҷумла, ман дар бораи ҳизби халқӣ - демократии Тоҷикистон ҳам гуфта метавонам, ки дар дастгоҳи мо намояндагони маҳалҳои гуногун кору фаъолият мекунанд ва аз ҳайъати роҳбарияти ҳизб сар карда то дастгоҳҳои марказӣ ва вилоятиву ноҳиявию шаҳрии он намояндагони ҳамаи маҳалҳо фаъолият карда истодаанд. Аз ин рӯ, мо гуфта наметавонем, ки намояндагони танҳо як маҳал дар ҳукумати имрӯза фаъолият карда истодаанд. Яъне, дар ҳайъати ҳукумат ба фикрам намояндагони ҳамаи маҳалҳо ҳастанд.»
Дар ҳамин ҳол, Амнияти Абдулназар - муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон - яке аз аҳзоби мухолифи давлат суханони оқои Давлатзодаро дур аз воқеияти рӯз арзёбӣ кард:
«Мо хуб медонем, ки ҳукумати Тоҷикистон аз демократия дар ҳарос аст. Ба ҳамин хотир, ҳар боре ҳам, ки интихобот мешавад, касеро интихоб намекунанд. Ҳама чиз таъинӣ аст аз вакили мардумӣ сар карда то ректори донишгоҳ. Аз рӯи чӣ онҳоро таъйин мекунанд? Аз рӯи маҳал ва садоқат ба ҷаноби раисҷумҳур. На бо хотири чӣ хеле дар кишварҳои соҳибтамаддун роиҷ аст, қобилияти корӣ. Минбаъд ҳам ин ҳукумат як чиз дорад, ки дар порлумон ва дар ҳукумат одамони худӣ бошанд, одамоне, ки ҳеҷ вақт ақидаи хеш надошта бошанд. Ва ҳамзамон ба хотири ягон мансаберо соҳиб шудан шароити моливиаш ҳам бояд хуб бошад, то тавонад он вазифаро харад.»
Соҳибназарон фақру нодории саросарӣ, иқтисоди дар ҳоли рукуд ва фасодкории густарда дар ниҳодҳои давлатиро пайомади сиёсати номуносиби кадрии ҳукумат арзёбӣ мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон дар чанд соли ахир тағйироти кадрӣ дар ҳайъати ҳукуматашро одатан дар оғози соли нав ва баъди натиҷагирӣ аз як соли фаъолияти ҳукумат анҷом медиҳад. Аммо ин навбат дар сиёсати кадрии ӯ то куҷо тағйирот ба вуҷуд хоҳад омад ва таъйини кадрҳо бештар дар заминаи кадом меъёр - тахассус, садоқат ё маҳал сурат хоҳад гирифт, ҳанӯз дақиқ маълум нест. Вале коршиносон бо ишора ба ин ки ахиран мушовири давлатии раёсатҷумҳурӣ оид ба масоили робита бо ҷомеа нафаре аз ҳаммаҳалони президент таъйин шуда ва масъулияти сафири Тоҷикистон дар Ҷопон низ ба дӯши яке дигар аз ҳаммаҳалони ӯ вогузор гардид, баъид медонанд, ки дар сиёсати кадрии давлати Тоҷикистон кадом як ислоҳоти тоза ва густарда ба вуҷуд ояд.