Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманҳо Халқ Маслиҳатиро интихоб мекунанд


Рӯзе, ки президенти Тоҷикистон бо сафари расмӣ вориди Туркманистон шуд, дар ин кишвар интихоботи Халқ Маслиҳатӣ ё худ Шӯрои Мардумӣ ҷараён дошт.

Ин баландтарин ниҳоди қонунгузор дар Туркманистон аст. Мардуми ин кишвар умед доранд, ки интихобот дар ҳаёти онҳо саҳифаи наве боз мекунад. Халқ Маслиҳатиро президенти аввалини Туркманистон Сапармурод Ниёзов ташкил кардааст.

Соли 2004-ум ӯ гуфта буд:

"Парламенти мо аз маҷлисҳои қонунгузори кишварҳои дигар фарқ дорад. Тибқи конститутсия "Халқ маслиҳатӣ" қонунгузори асосӣ мебошад. Парламент қонунҳоро фақат барои тасдиқ дар Халқ маслиҳатӣ таҳия мекунад. Ин кори парламент аст."

Соли 2003 шумораи вакилони парламент ё худ Маҷлис то 50 нафар коҳиш дода шуд. Халқ маслиҳатӣ бошад, 2500 узв дорад.

Аз корҳои маъруфи Халқ маслиҳатӣ президенти абадӣ эълон намудани Сапармурод Ниёзов дар соли 1999 мебошад. Ҷои ёдоварист, ки рӯзи нуҳуми декабр фақат қисме аз аъзои Халқ Маслиҳатӣ интихоб хоҳанд шуд. Боқимондаро президент аз намояндагони панҷ вилоят ва шаҳри Ашқобод таъйин мекунад.

Матбуоти маҳаллии Туркманистон иттилоъ медиҳад, ки ҳамаи номзадҳо аъзои ягона ҳизби сиёсии ин кишвар: Щизби демократи Туркманистон, ва созмонҳои ҷамъиятӣ аз қабили Иттиҳодияи ҷавонон ва Иттиҳодияи занон мебошанд.

Баъзеҳо мегӯянд, ки аъзои пештараи Халқ маслиҳатӣ кореро ба нафъи мардум анҷом надоданд. Аъзои нави ин Шӯро низ амалеро ба нафъи мардум ба сомон нахоҳанд расонд.

Вале дигарон бо ишора ба эълонҳо дар девору кӯчаҳо, ки барои авввалин бор дар таърихи Туркманистон овехта шудаанд, мегӯянд, онҳо дар интихобот иштирок мекунанд. Хулоса, барои аксарияти раъйдиҳандагон муҳим нест, ки кӣ пирӯз мешавад, барои онҳо ин суоле матраҳ аст, ки оё аъзои нави Халқ маслиҳатӣ ба беҳбуди вазъи кишвар кумаке хоҳанд кард ё не?

XS
SM
MD
LG