Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари сафирони аврупоӣ ба Хатлон


Ҳадаф аз сафари серӯзаи сафирони панҷ кишвари Иттиҳоди Аврупо ба ҷануби Тоҷикистон ошноӣ ба вазъи иҷтимоӣ ва зиндагии мардуми ин минтақа муаррифӣ мешавад.

Сафару дидори сафирони Олмон, Бритониё, Фаронса, Суэд (Шветсия), Ирландиёи Шимолӣ ба навоҳии Шарҳритус, Носири Хисрав ва Қубодиён дар замоне сурат гирифт, ки ахиран вазири хориҷаи Тоҷикистон ба Олмон даъват шуда буд. Ва дар Олмон дар мулоқот бо намояндагони ин кишварҳо мавзуъоти кумак ва иҷрои тарҳи иқтисодӣ дар Тоҷикистон баррасӣ шуда буд.

Ин дар ҳолест, ки Иттиҳоди Аврупо кумак ва иҷрои барномаҳои иқтисодӣ дар Осиёи Марказиро як бахши фаъолияти худ қарор додааст. Бархе аз коршиносон алоқамандии ин кишварҳо ба ҷануби Тоҷикистонро ба минтақаи аслии парвариши пахтаи навъи аъло ба шумор рафтани ин минтақа рабт медиҳанд. Ба ақидаи онҳо, парвариши пахтаи навъи аъло ва ҷамъоварии он ҳазинаҳои зиёде дар пай дорад. Ба назари ҳамин коршиносон, мақсади сафари сафирони кишварҳои аврупоӣ ба ҷануби Тоҷикистон ҳамчунин ошноӣ ба авзоъи сиёсӣ ва имкони сармоягузорӣ дар рушди пахтакорӣ дар ин минтақа аст.

Бо таваҷҷуҳ ба матолиби расонаҳои хабарӣ, бахусус шабакаҳои телевизиёнии Тоҷикистон, авзоъ дар ҷумҳурӣ ором аст ва шароит барои сармоягузории ширкатҳои хориҷӣ фароҳам шудааст. Аммо иттилоъоти расонаҳои хабарии давлат мавриди эътимоди сармоягузорон нест. Ва онҳо мехоҳанд худ дар ҷараёни авзоъ дар ин минтақа қарор бигиранд.

Пахтаи навъи аълои навоҳии Шаҳритус ва Қубодиён дар даврони Шӯравӣ ба корхонаҳои нассоҷии Аврупо аз тариқи Русия интиқол мешуд. Ва дар он замон ҳазинаҳои рушди пахтакорӣ аз сӯи Маскав пардохт мешуд. Тоҷикистон дар шароити феълӣ тавони молии пардохти ин ҳазинаҳо ва иҷрои барномаҳои таъмини об барои обёрӣ ва рушди зербинои ин навоҳиро надорад.

Ба ин далел Тоҷикистон низ дар ин замина ба сармояҳои хориҷӣ, бахусус кишварҳои аврупоӣ, ки ба пахтаи Тоҷикистон алоқаманд ҳастанд, ниёз дорад. Интизор меравад, ки натоиҷи дидори сафирони панҷ кишвари Иттиҳоди Аврупо дар рушди иқтисоди ин минтақа кумак кунад.
XS
SM
MD
LG