Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Долонҳои молии Тоҷикистон ва ниҳодҳои байнулмилалӣ


Маҷаллаи Дунёи Иқтисод. Дар ин шумора:

Рӯйдодҳои иқтисодии ҷаҳон ва Тоҷикистон:

-------------- Ҷаласаи шашуми вазирони кишварҳои узви ташаббуси КАРЕК, яъне ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душабне

--------------- Дидори президенти Тоҷикистон бо раиси Бонки Осиёии Рушд Ҳаруҳико Курода

--------------- Дастури шаҳрдори Душанбе дар мавриди инҳисори нархҳои маводи ниёзи аввалия

--------------- Коҳиши қурби доллар дар муқобили ЕВРО

--------------- Қурби доллар дар саррофиҳои Тоҷикистон

--------------- Истеъфои мудири дувумин бонки бузургтарини ИМА, раиси гурӯҳи СИТИГРУП

--------------- Қиммати феълии нефти хом дар бозорҳои ИМА

Порлумон лоиҳаи буҷаи Тоҷикистон барои соли 2008-ро тасдиқ кард.

Лоиҳаи буҷа баробар ба 4 миллиарду 476 миллион сомонӣ, яъне тахминан мусовӣ ба 1,3 миллиард доллар будааст. Ҳукумат тасмим гирифтааст, 1, 7 миллиард сомониро ба соҳаи иҷтимоӣ ва 1,8 миллиард сомониро барои рушди иқтисод масраф кунад. Ҳамчунин соли оянда 152 миллион сомонӣ барои бозгардони қарзҳои хориҷии Тоҷикистон тахсис дода мешавад.

Буҷаи 2008-и Тоҷикистон меҳвари мусоҳибаи вакили Маҷлиси намояндагон Мӯъминҷон Қаюмов бо маҷаллаи «Дунёи иқтисод» буд.

Стратегияи даҳсолаи рушди долонҳои нақлиётии Осиёи Марказӣ ба тавсиб расид.

Дар он сохтмону тармими роҳҳои мошингард, бунёди фурудгоҳҳо ва тавсеаи роҳи оҳан пешбинӣ шудааст. Кишварҳои узви Карек, яъне Афғонистон, Озарбойҷон, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон, Муғулистон, Узбакистон ва Тоҷикистон бо дастгирии як қатор созмонҳои молии байналмилалӣ тасмим гирифтаанд, шаш долони нақлиётӣ бунёд намоянд. Ин долонҳо бояд на танҳо Аврупоро бо Осиё, балки ҳамчунин Осиёи Марказиро бо Русия, Чин, мамолики Осиёи Ҷанубӣ ва Халиҷи Форс пайваст кунанд. Тафсилоти бештарро Роберт Сию - раиси бахши Осиёи ҷанубиву ғарбии Бонки осиёии рушд медиҳад.

Раиси Сандуқи байналмилалии пул иваз шуд.

Доминик Стросс-Кан - собиқ вазири молия дар ҳукумати сотсиалистони Фаронса, раҳбарии Сандуқи байналмилалии пул ё худ International Monetary Fund (IMF)-ро бар ӯҳда гирифт. Родриго Ратои испаниявӣ охири моҳи октябр бо сабабҳои хусусӣ ду сол пеш аз анҷоми мӯҳлат курсии раиси Сандуқи байналмилалии пулро тарк кард. Стросс-Кани 58 сола ваъда додааст, ки дар ин муассисаи байналмилалии молӣ ислоҳот раҳандозӣ намуда, нуфузи кишварҳои дар ҳоли рушд аз қабили Бразилия, Чин ва Ҳиндустонро афзоиш хоҳад дод. Шарҳи ин мавзӯъро метавонед дар барнома бишнавед.

Хариду фурӯши интернетӣ дар Тоҷикистон

Аммо кори баъзе тоҷирони интернетии Тоҷикистон ба авомфиребии шабеҳи аҳром ё худ пирамидаҳои молӣ шабоҳат доштааст. Гузориши хабарнигори Радиои Озодӣ, ки нақши "барраи қурбонӣ"-ро бар дӯш гирифта, дар бораи намунаи тоҷикии " multi-level marketing" таҳия шудааст.

Бишнавед.

XS
SM
MD
LG