Адами расонаи ягонаи форсӣ- мушкили усулии ҷаҳони хабарии форсӣ?
Нахустин фикре, ки дар ин ҳамоиш баён гардид, набуди расонаи ягона миёни се кишвари ҳамзабон буд. Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази таҳқиқоти стротежии дастгоҳи президенти Тоҷикистон гуфт, ин мавзӯъ дар долонҳои баланди ҳукуматҳои се кишвар низ матраҳ шудааст. Оқои Сафаров афзуд, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳмили фикрҳо сари шунавандаву хонанда танҳо ваҳдати журналистони форсигӯ метавонад аз арзишҳои фарҳанги муштараки онҳо пуштибонӣ кунад.
Ва аммо Боқир Муъин, собиқ раиси бахши форсии радиои ВВС мегӯяд, хабарнигорӣ дар се кишвари ҳамзабон масрафкунанда аст на тавлидгари фикр. Ба иттилоъи оқои Муъин, то журналистикаи форсӣ тавлиди фикр накунад, пойбанди ғояҳои расонаҳои хориҷӣ боқӣ мемонад. Ва аммо, афзуд Боқир Муъин, барои аз масрафкунанда ба тавлидгар табдил ёфтан, журналистикаи форсӣ бояд касбӣ шавад ва аз пажӯҳиши амиқи ҳирфавӣ кор бигирад.
Ҳасан Санчоракӣ, раиси анҷумани хабарнигорони Афғонистон бар ин назар аст, дар кишварҳои ҳамзабон ҷангҳои таҳмилӣ ва шаҳрвандӣ ба журналистикаи касбӣ таъсир гузоштаанд. Ва ин набард агар дар Тоҷикисон ҳафт сол идома дошт, пас Афғонистон 30 сол пойбанди ҷанг будааст, ки бар асари он журналистон ватанро тарк кардаанд ва ё солхӯрда шудаанд.
Ин дар мавридест, ки дар кишварҳои ҳамзабон дар давраи нави иттилоъотӣ интернет ба миён омад, ки мушкили дастрасӣ ба хабарро ба оҳистагӣ рафъ мекунад. Ба иттилоъи оқои Санчоракӣ, дар Ирон 700.000 веб-блоги шахсӣ ҳаст, дар Афғонистон ин шумора баробар ба 3000 адад аст. Аммо дар Тоҷикистон чӣ? Ба иттилоъи масъулин, теъдоди веб-блогҳои шахсӣ ангуштшумор аст. Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи Нуриддин Қаршибоев, раиси анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон, дар кишвар аз 100 нафар наздики 1 дарсади мардум дастрасӣ ба интернет дораду бас!
Иброҳим Усмонов, устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҷаҳон беш аз 100 млн. одам ба форсӣ ҳарф мезанад ва дар ин маврид расонаи мустақили форсизабон барои онҳо вуҷуд надорад. Оқои Усмонов афзуд, расонаҳои форсӣ ё тоҷикии дастрас барои онҳо усулан Радиои Озодӣ, ВВС ва Садои Амрикост, ки ба иттилоъи Иброҳим Усмонов, аз аҳдофи миллӣ ва фарҳанги форсӣ ба дурустӣ пуштибонӣ намекунанд.
Мавқеъи зан дар журналистикаи форсӣ.
Ин мавзӯъи вежае буд, ки рӯзи дуввуми баргузории форуми байнулмилалии расонаҳои форсӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳасани Биҳиштипур, хабарнигори рӯзномаи «Ҳамшаҳрӣ» мегӯяд, ҳарчанд иттилоъи саҳеҳ дар даст надорад, аммо теъдоди бонувони хабарнигор дар Ирон зиёд ва дар бархе маврид шояд бештар аз мардҳост.
Ин дар мавридест, ки ба иттилоъи Ҳасан Санчоракӣ дар Афғонистон низ нақши бонувон дар соҳаи хабарнигорӣ барҷаста аст ва теъдоди онҳо қобили мулоҳиза. Ва аммо Манижа Бохтарӣ - хабарнигори афғон ин ҳама иддаоро як худнамоии ҳукумати феълии Афғонистон хонд ва гуфт, занҳо дар ҷодаи хабарнигорӣ аз ҳамаи он ҳуқуқҳое бархӯрдор нестанд, ки мардон доранд:
«Минҷумла пас аз соати 4 ё 6-и шом занҳо наметавонанд ба ҷои ҳодисае ё воҷеае агар шудааст, ҳозир шаванд ва гузориш таҳия кунанд. Зеро мо пойбанди ҷамъияти мардсолорӣ ҳастем, ки мувофиқ ба он зан иҷозаи дар шом аз хона бадар шудан надорад»
Хонум Бохтарӣ афзуд, Афғонистон ҷамъияти мардсолор аст ва барои зан агар иҷозаи рӯзноманигорӣ додаанд, пас ҳамаи ин дар чаҳорчӯби ҳамин ҷамъияти мардсолор таҳия шудааст.
Ҳуриннисо Ализода, сардабири маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» афзуд, ҷамъияти мардсолорӣ дар ин кишвар низ ҳукмрон аст ва озодии зан дар журналистика берун аз чаҳорчӯбаи қиссапардозӣ нашудааст:
«Ба ҳамин иллати мардсолорӣ, ки зикраш рафт, мардҳо ба занҳои журналисти тоҷик низ имконияти пурраи фаъолият намедиҳанд ва агар зан журналист ҳаст, пас ин журналистика дар чаҳорчӯбаи қиссанависӣ, ки баъдан тақрибан бо номҳои «Зан-қотил», «Зан - фоҳиша» нашр мешаванд, кор мекунад ва маҳдуд мегардад.»
Мушкили дигари назаррас барои журналистикаи форсӣ дар Афғонистону Тоҷикистон ба иттилоъи мусоҳибони ман, ин набуди журналистони ҳирфавӣ миёни бонувон аст. Ва аммо дар мавриде, ки бонуҳо аз мардон гилагузорӣ мекунанд, Ҳасан Биҳиштипур - хабарнигори иронӣ мегӯяд, набояд ҳама мушкилро ба як нукта ва он ҳам мардсолорӣ баркашид, балки занҳо худ талош кунанд, ки озодиҳои бештаре дар журанлистика ба даст оваранд.
Забони ягона миёни се кишвар: бурд ва бохти расонаҳои форсигӯ
Сайфулло Сафаров, муовини раиси маркази тадқиқоти стротежии дастгоҳи президенти ҶТ мегӯяд, ки забон ягона воситаест, ки ҳамакнун се кишварро мепайвандад, ва ин забони ягона ҳамчун сафинаест, ки ҳамаи моро ба сӯи ҳадафи ягона ва мақсуд мебарад ва низ дар шароити ҷаҳонишавӣ танҳо забони ягона кишварҳоро аз хатари таҳоҷуми фарҳангӣ сари арзишҳои миллӣ ҳифз хоҳад кард.
Аммо ба иттилоъи бархе аз мусоҳибони ман дар аксари маврид ин забон барои сокинони се кишвари ҳамфарҳанг номафҳум боқӣ мемонад ва мушкили усулии ин раванд набуди истилоҳоти ягона аст. Ҳасани Биҳиштипур, хабарнигори иронӣ мегӯяд, дар ин маврид бояд ҳамзабонон аз ҳамдигар вожаҳои саҳеҳ, дилчасп ва зеборо бигиранд.
Иброҳими Усмонов - устоди Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон меафзояд, барои рафъи ин мушкил бояд як маркази вежаи истилоҳот таъсис ёбад, то мафҳумҳои навро барои расонаҳои ҳар се кишвар қабул ва тасдиқ намояд.
Мушкили дигари усулии расонаҳои форсӣ ин адами расмулхатти ягона аст. Дар Ирону Афғонистон аз ҳуруфи арабиасос кор мегиранд ва дар Тоҷикистон аз сирилик. Боқир Муъин мегӯяд, дар шароити ҷаҳоншавӣ ва фарогирии интернет ин мушкилро бо кӯмаки ҳуруфоти Windows саҳл метавон бартараф кард.
Ба иттилоъи Саймиддин Дӯстов, раиси бунёди ҷумҳуриявии информатика барои демкоратия ҳамакнун Тоҷикистон дар арафаи расман шомил кардани ҳуруфи сирилликасоси тоҷикӣ қарор дорад. Оқои Дӯстов гуфт, бо ширкати Microsoft ҳамакнун гуфтушунудҳо анҷом меёбанд ва бо пардохти 200.000 доллари амрикоӣ ҳарфҳои сирилликасоси форсии тоҷикӣ дар Windows Microsoft ҷой мегиранд.
Ҳамоиши баъдӣ дар Кобул
Ҳамоиши мазбур ҳайъати муассисони анҷумани рӯзноманигорони форсизабонро таъсис дод, ки бар тибқи оиннома ин ҳайъат 2 моҳ ба баъд дар Кобул бояд анҷумани хабарнигорони форсигӯро ташкил кунад.