Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрӣ барои Шомбурсӣ муҷассама сохт


Дар маросими ифтитоҳи муҷассама, ки рӯзи сешанбе баргузор шуд, вазири маорифи Фаронса Ҷил Доробян, мири шаҳри Шомбурсӣ ва вакили парламент Пъер Моронж, ноиби аввали раиси Сенати Фаронса Алан Гурнак, вакили парламенти Фаронса хонум Катерина Перикард ва сафири Тоҷикистон дар Комиссиюни Аврупо ва Фаронса Шариф Раҳимов ширкат доштанд. Ҷил Доробян зимни суханронӣ, аз ҷумла, дар бораи ҳунари волои пайкарасози тоҷик ҳарф зад ва гуфт, ки Амрӣ тавонистааст муҷассамае бисозад, ки, бидуни шак, аз ин баъд рамзи шаҳри Шомбурсӣ хоҳад шуд.
Дар як сӯҳбати телефонӣ аз Амрӣ Аминов, муаллифи муҷассама хоҳиш кардем, ки дар бораи офаридаи худ барои шунавандагони Родиёи Озодӣ тафсилоти бештар диҳад:

Дар шаҳри Шомбурсӣ афроди маъруфи Фаронса ба сар бурдаанд, аз ҷумла Андре Бере, яке аз ҳунармандони аввалҳои қарни 20, ки дар сатҳи Пикассову Матис қарор дорад. Ва аммо ин шаҳр ҳамчунин бо ангуру себу нокаш машҳур аст. Ва ман як духтареро офаридам, модари ояндаро, ки рӯи дастонаш себу ангур ва дастнависҳои афроди бузурги шаҳрро дорад.

Шариф Раҳимов, сафири Тоҷикистон дар Комиссиюни Аврупо ва Фаронса дар сӯҳбат бо Родиёи Озодӣ ин маросимро чун як рӯйдоди муҳими фарҳангӣ барои Тоҷикистону Фаронса арзёбӣ кард:

Ба фикри ман, баъд он ҳама маъракаҳои хубе, ки дар Париж доштем, аз ҷумла, Рӯзи фарҳанг дар ЮНЕСКО бо ширкати раиси ҷумҳурамон ва дигар маъракаҳо, маросими имрӯза яке аз маъракаҳои беҳтарин буд, ки метавон гуфт, мо имрӯз якҷоя бо ҳукумати Фаронса анҷом додем. Дар ин ҷо мӯҳтарам вазири маорифи Фаронса, вакилони парламенту сенаторҳо ва намояндагони ҳукумати маҳаллӣ ширкат доштанд ва ман ифтихор мекунам, ки як фарзанди тоҷик, як тоҷикистонӣ имрӯз барои ин шаҳри зебои канори Париж чунин як муҷассамаро сохтааст. Ҳама хурсандӣ мекарданд, ҳама ба он баҳои баланд медоданд.

Амрӣ Аминов, пайкарасози тоҷик чанд соли ахир дар Париж ба сар мебарад ва бо сабки хоси худ миёни аҳли ҳунари ин шаҳр маъруф аст. Муҷассамаҳои сохтаи Амрӣ дар шаҳрҳои гуногуни олам, ва аз ҷумла дар бинои ЮНЕСКО - Бунёди фарҳанги Созмони милал дар Париж гузошта шудаанд. Барои муҷассамаи "Шаҳри Сулҳ" ваё "Чиҳил меҳроби Оли Сомон", ки зимнан дар як озмуни ЮНЕСКО пирӯз шуда буд, соли равон Амрӣ Аминов бо ҷоизаи бонуфузи фарҳангии ҷумҳурии Чех - ҷоизаи Требия қадр гардид.
Амрӣ Аминов дар сӯҳбат бо мо бо ҳамчунин гуфт, ки мири шаҳри Сан Жерма Онлэ Эммануэл Ламӣ низ аз ӯ даъват кардааст барои ин шаҳр муҷасамае бисозад.
XS
SM
MD
LG