Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирози олами ислом. Ҳалокати муҳоҷир.


Ҳафтаномаи «Наҷот» навиштааст, пас аз фоҷеаи 11.09 сиёсатҳо дар олами муосир ғарбиву шарқӣ ва исломиву ғайриисломӣ шудааст. Дар матлаби «Наҷот» омадааст, мувофиқи меъёрҳои демократия инсон то ҳадде хостаи худро менамояд, ки аз амалҳои ӯ фарди дигаре ҷабр набинад ва аммо хушунат, таҳқир, озор ва шиканҷаро на дар Ғарб ва на дар Шарқ таҳаммул надоранд. Муаллиф навиштааст, аксҳои карикатурии паёмбар таҳқири таҳаммулнопазир аст.

«Зиндагӣ» бо нашри як матлаби дусафҳагӣ, зери исми «Дунёи Ислом эътироз мекунад», чопи такрории он карикатураҳоро дар баъзе нашрияҳои Аврупо ба болои алангаи фурӯзон равған рехтан ташбеҳ додааст.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар матлаби худ, ки онро «Таҳқири Пайғамбар» ном ниҳодааст, нашри аксҳои карикатурии пайғамбари мусалмононро шабеҳ ба устухоне донистааст, ки дар гулӯи Ғарб дармондааст.

«Миллат» дар саҳифаи аввали худ аксҳое аз эътирозоти мусулмонон нашр карда ва бо муруре ба таърихи ин воқеа навиштааст, сӯзонидани байрақи Дания низ аз меъёрҳои инсонӣ дур аст, вале чаро ҷомеаи Аврупо ин амалро маҳкум менамояду карикатураи пешвои беш аз яку ним миллиард мардумро озодии баён менамояд? Ё муқаддасоти онҳо аз муқаддасоти мусалмонон имтиёз дорад, суол додааст муаллифи матлаб. Ҳафтанома навиштааст, фашизм, ки миёни мардум тафриқа меангезад, башар онро маҳкум менамояд ва аммо нашри аксҳои карикатурии пайғамбари мусалмонон низ амали фашистӣ ва тундгароист.

«Наҷот» навиштааст, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, сарварони кишварҳои зиёде ва намояндагони динҳои дигар, аз ҷумла, усқуфони калисои католикии кишварҳои Скандинавия бо пахши як изҳорот чопи аксҳои карикатурии пайғамбарро шадидан маҳкум намудаанд.

«Ҷавонони Тоҷикистон» навиштааст, ҳукумати Тоҷикистон чопи ин аксҳоро маҳкум карда ва аз дини мубини Ислом муҳофиз будани худро пинҳон намесозад.

Дар як пурсиши «Азия - Плюс», раиси Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, муовини раиси ҲНИТ, намояндаи расмии вазорати хориҷаи Тоҷикистон ва раиси маркази исломии ин кишвар, сафирони Амрикову Русия ва масъули сафорати Олмон дар Душанбе ҳамагӣ нашри аксҳои карикатурии паӣғамбари Исломро маҳкум кардаанд. Амонуллоҳ Неъматзода, раиси шӯрои уламои Тоҷикистон мубтакирони ин амалро иғвогар номида ва гуфтааст, иллати аслии ин амал тарси мухолифини Ислом аз афзоиши теъдоди мусалмонон ва шӯҳрати рӯзафзуни Ислом дар ҷаҳон аст.

Амонуллоҳ Неъматзода дар сӯҳбат бо ҳафтаномаи «Зиндагӣ» гуфтааст, аз ҳамаи имом - хатибони масоҷиди Тоҷикистон даъват кардааст, ки мардумро ба оромӣ даъват намоянд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» навиштааст, мусалмонон расулони масеҳия ва яҳудияро эътироф ва эҳтиром менамоянд ва ҳеҷ гоҳ нисбат ба онҳо ҳарфи бадеро раво намебинанд. Ва ҳам, озодии баён маънои таҳқири беш аз як миллиард сокини сайёраро надорад.

Ва аммо бино бар навиштаи ҳафтаномаи «Наҷот», ҳанӯз ҳалли бӯҳрон ба назар намерасад ва касе наметавонад бигӯяд, ки қалби реши мусалмононро чӣ марҳам хоҳад шуд?

Мавзӯъи дигари матолиби нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Русия буд.

«Вечерний Душанбе» гузорише аз нишасти матбуотии Рамазон Абдулатифов, сафири Русия дар Тоҷикистон чоп карда ва аз қавли сафир навиштааст, ҳар нафаре, ки ягон тоҷикро дар Русия ва ё русро дар Тоҷикистон таҳқир менамояд, пас душмани ватани худ ва миллати худ аст.

Ва дар ҳамин ҳол, дар саҳифаи аввали «Азия - Плюс» аксе нашр шуда буд, ки дар он милисаи рус муҳоҷири дар замин афтидаеро бо чӯбдаст мекӯбад. Дар ин матлаб омадааст, мардуми оддӣ ҳанӯз гармии муносиботи Тоҷикистону Русияро дар бадани худ эҳсос накардаанд. Мақолаи «Азия - Плюс» аз қатли як мардикор дар бозори Черкизовои Маскав аз ҷониби як милисаи рус ҳарф мезанад, ки баъдан, кормандони интизомии Маскав ба мардикорон, аз ҷумла, ба бародари нафари мақтул фишор овардаанд, то аз ҳар гуна тамос бо мақомоти расмии Тоҷикистон дурӣ ҷӯянд. Ва аммо дар матлаб омадааст, пас аз кушта шудани Искандар Саидови 25 сола, дар макони қатл беш аз 500 муҳоҷири тоҷик ҷамъ омада ва онҷо нидоҳое баланд шудааст, ки ҷасадро гирифта ба нишони эътироз ба кӯчаҳои Маскав бирезанд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ҳисоб кардааст, ки танҳо тайи як ҳафтаи ахир дар натиҷаи ду сӯхтор дар Маскав 12 шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст дода ва дар ҳамин ҳол, дар як шаҳраки вилояти Маскав милиса беш аз 1.000 тоҷикро аз макони истиқоматӣ берун кардааст, ки дар натиҷаи ин амал 20 нафарро сармо задааст.
XS
SM
MD
LG