Гурӯҳе аз фаластиниҳои мусаллаҳ имрӯз намояндагии Иттиҳоди Аврупоро дар Ғазза барои як муддати кӯтоҳ ба муҳосира гирифтанд ва ба нашри тасвири масхараомези паёмбари ислом дар рӯзномаҳо эътироз баён карданд.
Онҳо гуфтанд, "аврупоиҳо бо ин таҳқир ниҳодҳои худ ва калисоҳои худро дар Ғазза таҳти хатар мегузоранд". Карикатур ё тасвири мазҳакавии паёмбари ислом аввал дар рӯзномаи даниягӣ нашр шуд ва эътирозҳои шадиди ҳукумату созмонҳои мусумонро ба амал овард. Сухангӯи Кумисюни Аврупо Эмма Удвин дар ин бора имрӯз дар Бруссел ин тавр гуфт: "Мо ҳамоно озодии баёнро як арзиши бунёдии Аврупо мешуморем. Аммо як арзиши бунёдии дигар ин эҳтиром ба кишварҳои дигар аст ва мо ба ҳама гуна бегонабадбинӣ мухолифем. Ба фикрам, инро ҳам бояд зикр кард, ки ҳар кас озодии баёнро ҳамчун ҳаққи худ истифода мекунад. Онҳо вақте дар Аврупо ин корро мекунанд, аз тарафи ҳукуматҳои худ назорат намешаванд ва назари онҳо лузуман бозтоби назари кишвари онҳо нест."
Тасвирҳои танзомез ба нақл аз рӯзномаи даниягӣ дар Норвегия, Олмон, Итолиё ва Испониё низ нашр шуданд. Тибқи баъзе аз хабарҳо сардабири як рӯзномаи фаронсавӣ барои чопи ин тасвирҳо аз вазифа барканор гашт. Рӯзнома навишт, аксҳои танзомезро ба хотири ҳимоят аз озодии баён дар кишвари демократӣ ва дунявӣ ба нашр расондааст. Сардабири рӯзномаи Политикени Дания, ки аввалин шуда ин тасвирҳоро чоп кард, гуфтааст, агар паёмади инро медонист, ҳаргиз даст ба чунин кор намезад. Ҷавонони даниягӣ бо шиорҳои "Моро бубахшед", тазоҳурот карданд ва аз мусулмонон маъзарат хостанд. Дар Тоҷикистон раиси ҲНИТ, Сайид Абдуллоҳи Нурӣ низ ба нашри ин тасвирҳо эътироз баён намуд.
Ва Абдулҳодӣ Ал Дараҷӣ -- ёвари рӯҳонии тундрави шиъаҳои Ироқ Муқтадо Ал Садр хостори дахолати попи Рум дар ин бӯҳрон шудааст: "Ман аз попи Рум дар Ватикон даъват мекунам, бо нашри як изҳорот Калисои католикро аз ин амалҳо фосила диҳад ва ин амалҳоро маҳкум кунад, вагарна он метавонад, як ташаннуҷи хатарноки динӣ ва мафкуравиро ба миён орад, ки ба муносибати байни динҳо зарба хоҳад зад."
Ҳафтаи гузашта бархе аз давлатҳои исломӣ ба нораво донистани моли кишварҳое даъват намуданд, ки ин тавсирҳоро чоп кардаанд. Дар Покистон имрӯз бисёре аз мадрасаҳо аз ҳукумат талаб карданд, сафири Покистонро аз Дания бозхонад.