Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тундбод манзилҳои мардумро хароб кард


Тайи се рузи ахир бар асари гирдбоди шадид дар бархе манотиқи шарқу шимоли Тоҷикистон, дар навоҳии Тоҷикободу Зафаробод 87 манзили истиқоматӣ ва муассисаҳои давлатӣ тахриб гардид. Ба иттилои вазорати ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, тундбодҳои ахир хушбахтона хисороти ҷониро дар пай надоштанд. Искандар Усмонов, корманди вазорати мазкур мегуяд: "Дар натиҷаи шамоли сахт дар ҳудуди ноҳияи Зафаробод 50 хонаи истиқоматӣ, ду мактаби миёна, чор трансформатор қисман зарар дидаанд. Дар Тоҷикобод хонаҳои истиқоматӣ ва симчубҳои барқ зарар диданд. Аз ҷамоати Ширинчашма - 2 хона, ҷамоати Шоҳгадоев - 10 хона, ҷамоати Қалъаи лаби об - 17 хона, ҷамоати Нушор - 8 хона, ҷамъ 37 хона зарар дидаанд". Назар ба ҳисоботи пешакии мутахассисони вазорат, ҳаҷми миёнаи зарар дар ҳудуди 45 ҳазор сомонӣ, муодили 15 ҳазор доллар ҳисоб шудааст.
Бино ба маълумоти вазорати ҳолатҳои изтирорӣ, дар навоҳии Ҷомӣ ва Носири Хусрави вилояти Хатлон рузи 19 апрел ҳамчунин тундбоди шадид ҳамроҳ бо боронҳо мушоҳида шудааст. Оё дар сурати сар задани чунин ҳодисаҳо инсон бояд чи гуна рафтор кунад, то зиндагии худу фарзандонашро аз хатар эмин нигоҳ дорад.
Сироҷиддин Муллоев, корманди масъули вазорати ҳолатҳои изтирорӣ чунин машварат медиҳад: "Албатта, барои худро муҳофизат кардан, одамон бояд дар ҷойҳое паноҳ баранд, ки аз шикастапораҳо эмин бошанд, аз шикастапораҳои бом ё шикастапораҳои дигар ҷоҳо. Дар чунин ҳолатҳо, ҳамчунин хуб мешавад, мардум барои муваққат муташаккилона ба ҷойҳои бехатар куч бандад".
Дар робита бо ҳодисаҳои ахир, аз Ҷамила Убайдуллоева, сардори маркази пешгуиҳои боду ҳавои Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон хоҳиш кардам, сабабҳои сар задани гирдбодҳои шадиди Тоҷикободу Зафарободро шарҳ диҳад.
Вай гуфт: "Муддате дар ҷумҳурӣ ҳаво гарм буд ва ногаҳон ҳаво хеле сард шуд. Ба забони ҳавошиносон гуем, яку якбора омадани фронтҳои сард аз Русияву сардиҳои Атлантика ва аз Сибир - ҳавои арктикӣ ба шиддатнокии бод сабаб шуданд".
Назар ба маълумоти ҳавошиносони Тоҷикистон, ҳар сол дар бархе навоҳии кишвар, мисли Бустону Ашт, Файзобод, Ванҷу Рушон ҳолатҳои дар як сония то беш аз 30 метр вазидани бод ба қайд гирифта мешаванд, ки ба назари ҳавошиносон ин нишондоди баланд, аммо барои инсон безарар арзёбӣ мешавад. Ҳодисаи ахири вазидани гирдбоди шадид дар қаламрави Тоҷикистон 25-уми январи соли 1974 дар навоҳии Айваҷу Шаҳртузи вилояти Хатлон мушоҳида шудааст. Дар он руз шиддати бод дар як сония то 40 метр мерасид.
XS
SM
MD
LG