Ба иттилои раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов, бар асоси натиҷагирии назархоҳии хабарнигорони варзишӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳои сол намояндагони се намуд – бокс, ҷудо ва кураш дохил шуданд.
Рӯйхати даҳ варзишгари беҳтарини сол:
Баҳодур УСМОНОВ (бокс) – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар Тошканд дар вазни то 63,5 кг, ғолиби “Шоми бокс” дар Душанбе.
Сомон МАҲМАДБЕКОВ (ҷудо) - барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 81 кг, ғолиби “Tоскӯлоҳи бузург” дар Остонаи Қазоқистон ва Гран-при дар Душанбе, барандаи медали биринҷии “Тоскӯлоҳи бузург” дар Тошканд.
Давлат БОЛТАЕВ (бокс) – барандаи медали тиллои Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 92 кг, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024, ғолиби “Шоми бокс” дар Душанбе.
Темур РАҲИМОВ (ҷудо) – барандаи медали нуқраи Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни +100 кг, ҷоизадори нуқраи «Hungary Masters-2023” дар Будапешти Венгрия, соҳиби медалҳои нуқраи “Tоскӯлоҳи бузург” дар Остонаи Қазоқистон ва Гран-при дар Душанбе.
Миҷгона САМАДОВА (бокс) - барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 57 кг, соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024.
Беҳрӯзи ХОҶАЗОДА (ҷудо) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 73 кг, ҷоизадори нуқраи «Hungary Masters-2023” дар Будапешт, ҷоизадори биринҷии Гран-прии Душанбе.
Хайрандеш МУРОДЗОДА (кураш) – барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ дар Ҳангжоуи Чин дар вазни то 66 кг, ҷоизадори биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон дар Ашқободи Туркманистон.
Эмомалӣ НУРАЛӢ (ҷудо) – барандаи медали тиллои “Tоскӯлоҳи бузург” дар вазни то 66 кг дар Тошканд.
Абубакр ШЕРОВ (ҷудо) – барандаи медали биринҷии қаҳрамонии ҷаҳон миёни ҷавонон дар вазни то 73 кг дар Одивеласи Португалия, соҳиби нишони нуқраи қаҳрамонии Осиё миёни навҷавонон дар Тошканд.
Фариноз АБДУЛЛОЕВА (бокс) – барандаи медали нуқраи қаҳрамонии ҷаҳон миёни духтарон дар вазни то 52 кг дар Еревани Арманистон, соҳиби медали биринҷии қаҳрамонии Осиё миёни духтарон дар Остонаи Қазоқистон.
“Бояд гуфт, ки медали биринҷии Баҳодур Усмонов дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон натиҷаи беҳтарини варзиши тоҷик дар соли 2023 дар риштаҳои олимпӣ мебошад. Бинобар ин, ӯ барои ин дастовардаш беҳтарин варзишгари Тоҷикистон дар соли 2023 эътироф гардид.
Инчунин Миҷгона Самадова, ки дар риштаи бокс барандаи медали биринҷии Бозиҳои 19-уми осиёӣ гардида, дар байни варзишгарони тоҷик соҳиби аввалин роҳхат ба Олимпиадаи Париж-2024 шуд, беҳтарин варзишгари сол дар миёни занон маҳсуб мешавад”, - иброз дошт раиси АЖРВТ Нарзулло Латипов.
Гуфтугӯ