Ба иттилои Федератсияи куштии Тоҷикистон, дар ин мусобиқоти пурнуфузи ҷаҳонӣ ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар дар риштаи куштии озод чаҳор нафар шомил буданд: Абдулмаҷид Кудиев (-65 кг), Мустафо Аҳмадов (-70 кг), Магомед Евлоев (-74 кг ) ва Шуҳрат Бозоров (-79 кг).
Аз миёни онҳо танҳо Абдулмаҷид Кудиев имкони медал гирифтанро дошт. Ӯ дар вазни то 65 кило дар даври аввал ба варзишгари Фаронса Арсамерзуев бо ҳисоби 6:2 дастболо шуд. Абдулмаҷид баъди пирӯзӣ дар даври дуюм ба намояндаи Куба Тобие Волдес бо ҳисоби 6:2 ба ҳаштякфинал роҳ ёфт.
Вале Кудиев дар даври ҳаштякниҳоӣ аз варзишгари Арманистон Теванян бо ҳисоби 6:8 мағлуб шуд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои медал маҳрум гашт.
Се паҳлавони дигари тоҷик - Мустафо Аҳмадов, Магомед Евлоев ва Шуҳрат Бозоров бошанд, дар даврҳои муқаддамотӣ аз рақибонашон шикаст хӯрда, аз мусобиқа берун шуданд.
Тоҷикистонро дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Сербистон боз ду варзишгар дар риштаи куштии юнонию румӣ ё фарангӣ намояндагӣ кард.
Фирӯз Мирзораҷабов дар вазни то 67 кило дар даври аввал аз намояндаи Шветсия Никлас Ян Олов Понтус бо ҳисоби 3-5 мағлуб шуд.
Намояндаи дигари Тоҷикистон - Асламҷон Азизов (-60 кг) - дар даври аввал муқобили Райбер Родригес аз Венесуэла рақобатро оғоз намуд. Дар ин нерӯсанҷӣ, ки бо ҳисоби 3-3 анҷом ёфт, ғолибият насиби Азизов гардид. Вале дар даври дувум Асламҷон бо ҳисоби 1-9 аз Кристофер Кремери олмонӣ мағлуб шуда, аз идомаи мубориза маҳрум гашт.
Зимнан, ин аввалин мусобиқоти интихобӣ барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 буд. Варзишгарон барои 30 маҷмуи медалҳо ва 90 квотаи олимпӣ мубориза бурданд. Онҳое, ки дар ҳар вазн ҷойҳои 1-5-умро гирифтанд, соҳиби роҳхати олимпӣ шуданд.
Созмони ҷаҳонии куштӣ (UWW) ба барномаи мусобиқот се навъи рақобатҳоро дохил карда буд: куштии озод миёни мардон ва занон, куштии юнонию румӣ байни мардон.
Бояд гуфт, ки дар таърихи мусобиқоти қаҳрамонии куштии ҷаҳон Тоҷикистон танҳо як медал дорад. Юсуф Абдусаломов соли 2007 дар қаҳрамонии ҷаҳон дар Боку дар риштаи куштии озод дар вазни то 84 кило медали нуқра ба даст овардааст. Аммо ӯ барои ин дастоварди бузург дар таърихи варзиши тоҷик ба таври шоиста қадрдонӣ нашуд. Яъне ба Абдусаломови доғистонӣ, ки ба манзили зист дар Душанбе эҳтиёҷ дошт, хона тақдим нагардид.