Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чоҳҳои камоби Кобул зиндагии сокинонро сангин кардааст. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Дар шаҳри Кобул, пойтахти Афғонистон, ки шабакаҳои обёрии дуруст надорад, мардум барои нӯшидану истифода дар рӯзгор оби кофӣ намеёбанд. Пештар обҳои зеризаминӣ мушкилкушои онҳо буд, аммо ҳоло чоҳҳо ҳам хушк шудаанд.

Ин шабу рӯз мардум ба ягона чоҳи об дар як маҳаллаи сераҳолӣ дар шимоли Кобул "ҳуҷум овардаанд", то обе ба хонаҳояшон бибаранд.

Соатҳо лозим мешавад, то як хонавода оби лозимиро барои як рӯзи худ таъмин кунад. Мардум мегӯянд, чорае ҳам надоранд. Монанди Шер Олам, ки мегӯяд, ҳар рӯз барои об саргардон аст.

“Дар ҳамин манотиқ, ки мебинӣ, яке ҳамин манбаъ, яке дигар дар масҷиди қандаҳориҳо ҳаст. Дигар дар ин минтақа манбаи обгирӣ вуҷуд надорад,” -- нақл кард ӯ.

Бисёре аз чоҳҳои об дар ин гӯшаи Кобул хушкидаанд. Шабакаи обрасонии давлатӣ дар бисёре аз маҳаллаҳои Кобул аз кор мондааст. Ба гуфтаи сокинони маҳалла, гоҳо онҳо аз шабакаҳои хусусии обрасонӣ об мегиранд, аммо бисёр кам.

Муҳаммад Самеъ, як сокини Кобул, гуфт: "Лӯлаҳои давлатӣ ҳама баста шудаанд. Дар ин шабакаҳои шахсӣ дар 15 рӯз як бор об меояд. Дар 15 рӯз фақат як шаб меояд ва он ҳам бисёр кам мебошад. Оби он ҳам қобили истифода нест, шӯр шудааст дар ин вақтҳо".

Буҳрони камобӣ танҳо хоси Кобул нест. Вазорати энержӣ ва оби Толибон мегӯяд, коҳиши обҳои зеризаминӣ ба вижа дар шимол ва ғарби Кобул ба ҳаддест, ки ба марҳилаи буҳронӣ расидааст.

Видеоро дар инҷо бинед:

Чоҳҳои зеризаминӣ хушк шуданду Кобул бо камбуди ҷиддии об мувоҷеҳ гаштааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:56 0:00

Азизурраҳмон Азиз, раиси Идораи манобеи зеризаминии оби вазорати энержӣ ва оби Толибон аст. Ӯ мегӯяд, "мо ҳолати беҳтарро дар соҳаи Лугар ва поёнтар аз он дорем, вале онҷо ҳам таназзул мавҷуд аст, яъне ҳолате аст, ки буҳрон шиддаташ камтар аст. Аммо дар маҳалҳои шимолии Кобул, Кобули болову поён, оби хӯрданӣ тақрибан хушк шуда, сатҳи обҳои зеризаминӣ бисёр зиёд поён омадааст, ки як ҳолати буҳрониро дар ин соҳот нишон медиҳад".

Бо хушк шудани обҳои зеризаминӣ дар табақаҳои болотар, ҳоло мардум саъй мекунанд, ба манобеи амиқтари об дастрасӣ пайдо кунанд, ки солҳои тулонӣ ҷамъ шудаанд ва захираҳои стратегии об ба ҳисоб мераванд.

Омори чоҳҳои амиқу начандон амиқ дар Кобул вуҷуд надорад.

Фазлрабӣ Шерзай, муҳандиси вазорати энержӣ ва оби Толибон мегӯяд, "дар солҳои қабл сатҳи обҳои зеризаминӣ дар 19 ва 20 метр буд, ҳоло ба 36 метр расидааст, мутаассифона".

Хушксолӣ, истифодаи беш аз ҳади обу обёрии камсамари замин, хонасозиҳои худсарона дар Кобул аз сабабҳои буҳрони камобӣ ба шумо мешавад. Масъулон мегӯянд, аҳолии Кобул тахминан ба 6 миллион нафар мерасад.

Ба қавли Азизурраҳмон Азиз, “баланс ё мувозинат бояд бошад дар миқдори обе, ки истифода мешавад ва миқдори обе, ки истихроҷ мешавад. Дар Кобул ин мувозинат ба ҳадде манфӣ аст, ки мо тақрибан 100 фисад баланси манфӣ дорем".

Бисёре аз хонаҳо, ба шумули биноҳои баландошёна, обро аз аз мошинҳои обкашӣ мегиранд. Обе, ки он ҳам аз манобеи зеризаминӣ гирифта мешавад. Аз обҳои зеризаминии Кобул барои саноату кишоварзӣ ва тиҷорат истифода мекунанд. Масъулон аз барномаи дарозмуддати танзими истифодаи об дар Кобул хабар медиҳанд, аммо мегӯянд, ин барнома дар марҳилаи ибтидоӣ аст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG