Ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт ҳайати мунтахаби кишварро барои бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт эълон кард.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, мунтахаби кишвар 25-уми март дар шаҳри Дубай бо тими миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ва 28-уми март дар шаҳри Ал-Кувайт бо мунтахаби Кувайт бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад.
Ба ин бозиҳо 24 бозигар – 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагар даъват шудаанд.
Ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон дар бозиҳои дӯстона бо тимҳои миллии Имороти Муттаҳидаи Араб ва Кувайт:
Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду аз «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Хуҷанд»);
Ҳимоятгарон: Ваҳдат Ҳанонов («Персеполис», Эрон), Аҳтам Назаров («Андиҷон», Узбекистон), Зоир Ҷӯрабоев («Нефтчӣ», Узбекистон), Манучеҳр Сафаров («Локомотив», Узбекистон), Меҳрубон Каримов («Самгурали», Гурҷистон), Сиёвуш Асроров, Табрез Исломов, Далер Имомназаров, Алиҷон Кароматуллозода (ҳама аз «Истиқлол»);
Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев (КМВА-1948, Булғористон), Амирбек Ҷӯрабоев («Кедаҳ», Малайзия), Муҳаммадҷон Раҳимов («Насаф», Узбекистон), Комрон Турсунов (ТРАУ, Ҳиндустон), Салам Ашурмамадов («Думиенсе», Португалия), Алишер Ҷалилов, Эҳсони Панҷшанбе, Алиҷони Айнӣ (ҳарсе аз «Истиқлол»);
Ҳамлагарон: Шаҳром Самиев («Зимбру», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев (ҳарду аз «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Регар-ТадАЗ»).
Сармураббӣ – Петр Сегрт (Хорватия).
Футболбозони тоҷик рӯзи 22-юми март ба пойтахти Имороти Муттаҳидаи Араб - шаҳри Абу-Даби - сафар хоҳанд кард.
Ширкат дар бозиҳои дӯстона барои тими миллии Тоҷикистон яке аз марҳилаҳои омодагии даста ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 мебошад, ки он аз 12-уми январ то 10-уми феврали соли 2024 дар Қатар баргузор мешавад. Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё 24 дастаи беҳтарини қора ширкат хоҳад кард.
Бозиҳои дӯстона
25-уми март (шанбе)
Имороти Муттаҳидаи Араб – Тоҷикистон
Дубай, Имороти Муттаҳидаи Араб
28-уми март (сешанбе)
Кувайт – Тоҷикистон
Ал-Кувайт, Кувайт
Гуфтугӯ