Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуръакашии мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ  доир шуд


Дастаҳои футболи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.
Дастаҳои футболи Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар мусобиқоти имсола, ки бори 32-юм доир мегардад, даҳ даста – «Истиқлол», КМВА (ҳарду аз Душанбе), «Равшан» (Кӯлоб), «Хуҷанд», «Эсхата» (ҳарду аз Хуҷанд), «Хатлон» (Бохтар), «Файзканд» (Восеъ), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Ҳосилот» (Фархор) ва «Кӯктош» (Рӯдакӣ) – иштирок мекунанд.

Ба иттилои Лигаи футболи Тоҷикистон, мусобиқот бо иштироки даҳ даста дар ду давра сурат мегирад. Сипас, дар марҳилаи дуюм дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим мешаванд. Панҷ дастаи беҳтарин аз рӯи натиҷагирии марҳилаи аввал дар гурӯҳи «А» дар як давра барои ҷойҳои аз 1-ум то 5-ум мубориза мебарад.

Панҷ дастаи боқимонда дар гурӯҳи «Б» дар як давра барои ҷойҳои аз 6-ум то 10-ум талош мекунанд, ки мавқеашонро дар лигаи олӣ нигаҳ доранд. Ду дастае, ки аз рӯи ҷамъбасти мавсим ҷойҳои охирро мегиранд, ба лигаи аввал мегузаранд.

Имтиёзҳои дар марҳилаи аввал соҳибшуда ба ҳисоб гирифта мешавад. Дар маҷмуъ ҳар як даста дар мусобиқаи лигаи олӣ 22 бозӣ анҷом медиҳад.

Бар асоси қуръакашии тақвими бозиҳои мусобиқоти имсола, ки рӯзи 24-уми феврал доир шуд, дар даври аввал чаҳор бозӣ миёни дастаҳои «Хуҷанд» – «Истиқлол», «Регар-ТадАЗ» – «Хатлон», «Эсхата» – КМВА, «Равшан» – «Кӯктош» ва «Ҳосилот» – «Файзканд» сурат мегирад.

Тақвими комили бозиҳои ду давраи аввали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди тасдиқи он нашр мешавад. Қуръакашии давраи сеюми мусобиқот баъди хотимаи давраи дуюм доир хоҳад шуд.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG