Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон дар бозии дӯстона аз тими Сурия (U-20) бо ҳисоби 0:1 мағлуб шуд.
Дар ин бозӣ, ки дар доираи омодагии футболбозони ҷавони тоҷик ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 рӯзи 21-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир гардид, голи ягонаро Муҳаммад Асад дар охири дидор, дар дақиқаи 90+4, ба самар расонид.
Пеш аз оғози ин бозӣ футболбозони ҷавони Тоҷикистону Сурия хотираи қурбониёни офатҳои табиӣ дар вилояти Кӯҳистони Бадахшон ва онҳоеро, ки бар асари заминларза дар Сурияву Туркия ба ҳалокат расидаанд, бо як дакика хомушӣ гиромӣ доштанд.
Бозии дуюми дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонони то 20-солаи Тоҷикистон ва Сурия рӯзи ҷумъаи 24-уми феврал дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор мешавад. Бозӣ соати 16:00 оғоз меёбад.
Зимнан, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2023, ки аз 1-ум то 18-уми март дар Узбекистон доир мегардад, дар гурӯҳи «С» бо дастаҳои Урдун (2-юми март), Умон (5-уми март) ва Кореяи Ҷанубӣ (8-уми март) бозӣ хоҳад кард.
Бозиҳои дӯстона
Тоҷикистон (U-20) – Сурия (U-20) – 0:1
Гол: Муҳаммад Асад, 90+4.
Тоҷикистон (U-20): Суҳробхуҷа Юсупов (Сафармад Ғаффоров, 46), Асадбек Зиёзода, Меҳрубон Ғаффорзода (Диёрбек Марауфов, 46), Раҳматшо Раҳматзода, Рӯзимуҳаммад Абдураҳмонов (Бежан Нишонбойзода, 64), Азизбек Ҳаитов (Кабир Салимшоев, 46), Салоҳиддин Эргашев (Абдулло Шарипов, 21), Салам Ашурмамадов (Ҳамадонӣ Камолов, 64), Алиҷони Айнӣ (Муҳаммадалӣ Азизбоев, 46), Далер Шарипов (Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 46), Фаридун Давлатов.
Сардовар: Насрулло Кабиров (Тоҷикистон).
21-уми феврал. Ҳисор. Варзишгоҳи марказӣ. 1000 тамошобин.
24-уми феврал (ҷумъа)
Оғози бозӣ – соати 16:00
Тоҷикистон (U-20) – Сурия (U-20)
Ҳисор, Варзишгоҳи марказӣ
Гуфтугӯ