Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни зилзила дар Туркия ва Сурия аз 40 ҳазор нафар гузашт


Зилзилаи Туркия.
Зилзилаи Туркия.

Шумори қурбониёни зилзила дар Туркия ва Сурия ба беш аз 40 ҳазор нафар расидааст. Телевизиони давлатии Туркия (TRT) рӯзи 15-уми феврал гузориш дод, ки то кунун марги беш аз 35 ҳазор дар Туркия ва наздик ба 6 ҳазор дар Сурия таъйид шудааст. Омори монандро хабаргузори "Франс -пресс", Бӣ-Бӣ-Сӣ ва "Ал-Ҷазира" ҳам нашр кардаанд.

Ҳамзамон бо ин роҳи наве барои кумакрасонӣ ба шимоли Сурия, ки дар назорати нерӯҳои мухолифи режими Башор аст, боз шуда ва ҳудуди 11 мошини пур аз кӯмакҳо ба ин минтақа ворид шудаанд. Созмони Милали Муттаҳид шаби гузашта кӯмаки 397-миллиондолларӣ барои зарардидагони Сурия дархост кард.

Раиси ҷумҳури Туркия рӯзи сешанбе эълон кард, ки шумори қурбониёни зилзилаи ахир дар ҷануби ин кишвар ба 35 ҳазору 417 нафар расида, беш аз 13 ҳазор аз осебдидагон ҳанӯз дар бемористон бистарӣ ҳастанд.

Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ки дар Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Туркия суханронӣ мекард, афзуд, амалиёти ҷустуҷӯ дар 15 ҳазор сохтмон аз маҷмуи 19 ҳазор сохтмони фурӯрехта дар минтақаҳои зилзилазада, тамом шудааст. Вай афзудааст, ки ҳазорҳо манзили истиқоматӣ дигар қобили истифода нестанд.

"Мо ҳамаи ин манзилҳоро дубора хоҳем сохт ва ба зарардидагон хоҳем супурд. Аз моҳи март раванди бунёди 30 ҳазор манзили истиқоматӣ оғоз мешавад ва то як соли оянда ҳадафи мо бозсозии ҳамаи сохтмонҳои вайроншуда бо стандартҳои бехатарӣ аст".

Ӯ изҳор дошт, "ҳамчунин ба бозмондагони қурбониён 100 ҳазор лира (5300 доллар) ба таври нақдӣ кӯмаки фаврӣ ҷудо кардаем".

Ҳукумати Туркия қаблан аз ҳукми боздошти 150 нафар хабар дода буд, ки дар бунёди биноҳои вайроншуда дар ин зилзила, иштирок доштанд. Тибқи гузоришҳо, ниме аз ин афрод то кунун боздошт шудаанд.

Ҳукумати Туркия мегӯяд, то ду ҳафтаи дигар, замоне, ки дигар умеде ба наҷоти афроди зери вайронамонда вуҷуд надорад, амалиёти пок кардани харобаҳо оғоз хоҳад шуд.

Заминларзаи субҳи душанбеи 6-уми феврал дар Туркия ва Сурия вайрониҳои зиёде дар пай дошт. Ба гуфтаи мақомоти Созмони Милали Муттаҳид, ин зилзила ба ҳаёти 23 миллион нафар дар ин ду кишвар таъсир расондааст.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG