Як сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин кадуҳое парвариш кардааст, ки як донааш то 50 кило вазн дорад.
Раҷаб Назиров, сокини деҳаи Ҷилгаи ин ноҳия, мегӯяд, солҳои гузашта кадуҳояш то 20 кило вазн доштанд, вале бо бештар кор кардан дар замин ва истифодаи нирӯҳои минералӣ ҳосилаш беҳтар шудааст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Деҳаи Ҷилгаи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин бо ноҳияи Ҷилгаи Афғонистон рӯ ба рӯ аст.
Раҷаб Назиров аслан омӯзгор аст, вале деҳқонӣ ҳам мекунад. Ҳоло дар боғчаи назди хонааш, натанҳо обчакорӣ, балки боғ ҳам бунёд кардааст. Меваҳои боғашро барои зимистон хушк карда, дар анбор нигаҳ медорад.
Як килограм нархи каду дар минтақаи Кӯлоб се сомонӣ арзиш дорад. Аксаран, ин навъи кадуро сокинон барои зимистон захира мекунанд.
Омӯзгоре, ки деҳқонӣ мекунад, мегӯяд, кадуҳояшро дар намоишгоҳи молу маҳсулот намоиш хоҳад дод.
Гуфтугӯ