Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чемпо - ифтихори мамнӯъгоҳи "Шоҳин". ВИДЕО, АКС


Чемпо -  бузи кӯҳии морхӯр – як ифтихори  мамнӯъгоҳи “Шоҳин” аст, ки дар 10-километрии сарҳади Афғонистон дар ҳудуди деҳаи Қавоқи ноҳияи Шамсидддини Шоҳин ҷойгир аст.

Зайниддин Мадоимов, масъули ин муассиса, ба Чемпову дигар ҷонварони нодири он нигоҳубин мекунад.

Бузҳои морхӯр ва гӯсфандони бухороӣ, ки дар мамнӯъгоҳ ба таври доимӣ дувоздаҳ сари онҳо ба сар мебаранд, аз хурдсолӣ дар ин мавзеи махсус ташкилшуда парвариш меёбанд. Ба Зайниддин Мадоимов дар ин кор ҳамсар ва фарзандонаш кӯмак мекунанд. Ӯ мегӯяд, ин ҷонварон “мисли фарзанд ҳастанд. Вақте аз хурдсолиашон тарбия мекунӣ, азиз мешаванд. Вақте дар барашон ҳастӣ, ҳатто дарди онҳоро ҳам ҳис мекунӣ”.

Ба гуфтаи Мадоимов, бузҳои морхӯр ва гӯсфандони нодири бухороӣ, ки ҳарду аз навъи ҷонварони ваҳшӣ буда, пеш аз ба ин мамнӯъгоҳ омадан ҳама дар кӯҳҳои баланд зиндагӣ мекарданд, бо хулқу хӯяшон аз ҳам фарқ мекунанд. Масалан, гӯсфанд дар ҳолати эҳсоси хатар ё ноамнӣ метавонад ба афроди бегона ҳамла кунад. Вале Чемпо, ки шаш сол дорад, дар ин муддат ба парасторонаш одат карда, ба гапи онҳо гӯш мекунад.

Чемпо эркаи мамнӯъгоҳ аст ва зоҳиран аз муносибати хуби парасторон хушаш омад, ки тавонист бузҳои дигари ҳамҷинсашро ҳам барои зиндагӣ дар ин ҷо моил кунад.

Дар ноҳияи Шоҳин Зайниддин бузу гӯсфандҳои ваҳширо ром кардааст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Ба ҳисобҳои Мадоимов, саршумори бузу гӯсфандҳои нодир дар кӯҳҳои атрофи мамнӯъгоҳ ба 300-400 сар мерасад.

Мақомоти ноҳияи Шамсиддини Шоҳин мегӯянд, дар баробари кӯмак ба мамнӯъгоҳи “Шоҳин” дар фикри бунёди як нуқтаи дигари ошноӣ бо ҳаёти ин ҷонварон ҳастанд, то ки тавонанд аз ин роҳ сайёҳону ҷаҳонгаронро ба мазеъ ҷалб кунанд.

Масалан, дар дар деҳаи Самандии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин хонае бо усули бобоӣ сохта шудааст. Ин деҳа дар дили кӯҳҳои баланд ва мисли Қавоқ, дар ҳамсоягӣ бо Афғонистон ҷойгир аст. Дар ин ҷо бузҳои кӯҳӣ ва пармашохро дидан мумкин аст. Масъулини ноҳия мегӯянд, ки бо сохтани хонаҳои амн онҳоро ба нуқтаҳои мушоҳида аз ҳаёти ин ҷонварон табдил диҳанд.

Тағйироти иқлим ва гармии зиёд ба одатҳои табиии ин ҷонварон ҳам таъсир кардааст. Мақомот мегӯянд, ки тобистони имсол мебинанд, ки бузу гӯсфандон, ки одат доранд оилавӣ зиндагӣ кунанд, аз баландиҳо ба поён, маконҳои сардтар мефароянд.

Мавзеи дигаре, ки мақомот мехоҳанд онро чун макони туристӣ барои мушоҳида аз ҳаёти ҷонварони нодир табдил диҳанд, Даштиҷум аст.

Зимнан, масъулияти кормандони мамнӯъгоҳҳо на танҳо нигоҳубину парвариши ҷонварон ва аз ин роҳ мусоидат дар афзоиш саршумори онҳо аст, балки муҳофизати ҷангал ва ҷонварон низ аст.

Вале бо ин вуҷуд, қонунҳои Тоҷикистон дар табиати ваҳшӣ шикор кардани бузҳои морхӯрро дар шумори муайян иҷоза медиҳанд. Мавсими шикори қонунии ҳайвонот аз тирамоҳ шурӯъ шуда то аввали баҳор давом мекунад.

Мақомот ҳамасола барои шикори бузи морхӯр квота ҷудо мекунанд. Нархи иҷозатномаи шикори як сар буз то 237 ҳазор сомонӣ мерасад ва аксар муштариҳои ин шикор хориҷиҳо мебошанд.

Кумитаи омори Тоҷикистон октябри соли 2021 гуфт, саршумори морхӯр, яке аз ҷонварҳои зебои кишвар дар солҳои гузашта афзуда ва дар соли 2020 ба бештар аз 4150 сар расид. Ин ҷонвари зебо дар Китоби Сурхи байнулмилалӣ ва ҳам Китоби Сурхи Тоҷикистон шомил карда шудааст. Ба гуфтаи табиатшиносони тоҷик ва ҳам Иттиҳодияи байналмилалии муҳофизати табиат, хатари аслӣ ба ҷони морхӯрҳо дар Тоҷикистон, шикори ғайриқонунӣ ва бемориҳои сироятист.

Гуфтугӯ

XS
SM
MD
LG