Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса ва Марин Ле Пен, рақиби ӯ шаби чаҳоршанбе дар бораи масъалаҳое чун робита бо Русия, ҳиҷоби исломӣ, сиёсати байнулмилалӣ, тағйири иқлим, Иттиҳоди Аврупо, синни бознишастагӣ ва хароҷоти зиндагӣ мунозираи сахте доштанд. То баргузории даври дувуми интихоботи президентии Фаронса чаҳор рӯз мондааст. Ҳарду талош доранд, ройи афроди бетарафро ба худ ҷалб кунанд.
Хонум Марин Ле Пен аз сиёсатҳои зидди муҳоҷират пуштибонӣ мекунад ва талош дорад, аввалин раисҷумҳури ростгарои ифротии Фаронса бишавад. Амре, ки метавонад Аврупоро такон бидиҳад.
Ин мунозира се соат давом кард. Дар ҳоле ки Макрон талош дошт, бо ёдоварӣ аз гузаштаи Марин Ле Пен ба ӯ зарба бизанад, Ле Пен бештар аз амалкардҳои ҳукумати Макрон танқид кард.
Бо таваҷҷуҳ ба ҳамлаи низомии Русия ба Украина, ки ин муборизаи интихоботиро зери сояи худ қарор додааст, Макрон ба қарзе ишора кард, ки ҳизби Ле Пен дар интихоботи панҷ сол пеш аз як бонки русӣ гирифта буд. Ӯ хитоб ба Ле Пен гуфт, "ту ба ҳукумати Русия вобастаӣ, ту ба оқои Путин вобастаӣ. Вақте аз Русия ҳарф мезанӣ, яъне дар бораи бонкдори худат ҳарф мезанӣ."
Макрон, инчунин, ба мавзеи Марин Ле Пен дар соли 2014 ишора кард, ки иқдоми Русия барои ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрими Украинаро ба хоки худ ба расмият шинохта буд. Ӯ пурсид, "чаро ин корро кардӣ?" Марин Ле Пен дар ҷавоб гуфт, ӯ "зани комилан озод аст" ва таъкид кард, ки ҳизби ӯ танҳо ба ин сабаб қарзро гирифта буд, ки ҳеч бонке дар Фаронса ҳозир нашуд, ба ӯ вом бидиҳад.
Ин мунозира дар лаҳзае ба авҷи худ расид, ки Марин Ле Пен таъйид кард, ки дар пайи амалӣ кардани сиёсати ҷанҷолбарангези манъи ҳиҷоби исломӣ дар ҷойҳои умумӣ аст ва рӯйсариро "юниформ" ё "либос"-е хонд, ки "исломгароён" бар сари мардум бор мекунанд. Макрон ҷавоб дод, "агар чунин кунед, сабабгори як ҷанги дохилӣ хоҳед шуд. Ман инро содиқона мегӯям."
Марин Ле Пен ҳамчунин ваъда дод, ки "ба анархия ва муҳоҷирати густурда ба Фаронса" поён медиҳад ва иддао кард, ки "ин муҳоҷиратҳо ҷинояткорӣ дар кишварро бештар мекунад".
Дар робита ба Иттиҳоди Аврупо, хонум Марин Ле Пен таъкид кард, ки ӯ мехоҳад Фаронса ҳамчунон дар ин иттиҳодия бимонад, аммо онро бояд ба "Иттиҳоди миллатҳо" тағйир дод.
Макрон дар вокуниш гуфт, ба назар мерасад пешниҳоди ӯ чизи дигар аст ва сиёсати Марин Ле Пен хуруҷ аз Иттиҳоди Аврупо мебошад. Вай ҳушдор дод, ки Ле Пен интихоботи президентиро "ба як ҳамапурсӣ дар бораи мувофиқат ё мухолифат бо Иттиҳоди Аврупо" табдил кардааст.
Аксар назарсанҷиҳо нишон медиҳад, ки Макрон дар даври дувуми интихоботи президентии Фаронса аз рақиби худ 10 дарсад ройи бештар ба даст меорад. Аммо таҳлилгарон ва муттаҳидони Макрон ҳушдор додаанд, ки натиҷа қобили пешбинӣ нест, зеро беш аз 10 дарсади фаронсавиҳое, ки қасд доранд рой диҳанд, ҳанӯз тасмим нагирифтаанд, аз кадомк аз ин ду номзад пуштибонӣ кунанд.