Дар нишасти хабарии Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон на ҳама журналистон имкони савол додан пайдо карданд.
Ин нишаст рӯзи 14-уми феврал баргузор шуд ва дар он 50 рӯзноманигор иштирок доштанд.
Раиси вилояти Хатлон 25 дақиқаи нишасти худро бо хондани ҳисобот сарф кард ва дар миёни нишаст бо баҳонаи “аз қабулгоҳи президент занг задан“ барои чанд дақиқа нишастро тарк кард.
Масъулини Хадамоти матбуотии раиси вилояти Хатлон аз хабарнигори Радиои Озодӣ хостаанд, то ба раис суол надиҳад, чун раис “мухлис”-и навиштаҳои ӯ будааст.
Масъулини ҳукумати Хатлон мегӯянд, нишаст дар доираи муқаррарот баргузор шуд ва давоми як соат имкони посух додан ба суоли ҳамаи рӯзноманигорон вуҷуд надошт. Дар дастгоҳи раиси вилоят гуфтанд, ки “дари ҳукумат ҳамеша ба рӯи рӯзноманигорон боз аст ва метавонанд суолҳои худро хаттӣ фиристанд ва ҳатман ҷавоб мегиранд.”
Хатлон, бузургтарин вилояти Тоҷикистон аст, ки беш аз 3 миллион аҳолӣ дорад.
Видеоро инҷо тамошо кунед: