Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кормандони иҷоранишини ҳукумати Кӯлоб ба бинои нав кӯчиданд. ВИДЕО


Бинои ҳукумати шаҳри Кӯлоб
Бинои ҳукумати шаҳри Кӯлоб

Бинои ҳукумати шаҳри Кӯлоб бо харҷи шаш милион сомонӣ бозсозӣ шудааст.

Сохтмони он дуюним сол пеш бо ибтикори Баҳром Иноятзода, раиси собиқи Кӯлоб, ки ҳоло зиндонӣ аст, оғоз шуда буд.

Кормандони ҳукумати Кӯлоб то анҷоми сохтмон дар қароргоҳи раиси вилоят ва дар бинои собиқи “Агроинвестбонк” иҷора менишастанд.

Сокинон мегӯянд, таъмири зоҳирии бинои ҳукумат чизеро дар зиндагии онҳо тағйир намедиҳад ва сифати кори масъулонро низ дигар накардааст. Корафтодагон шикоят мекунанд, ки аксаран кормандони ҳукумати маҳаллӣ масъулиятҳояшонро дуруст ва саривақт иҷро намекунанд.

Видеоро инҷо тамошо кунед:

Бозсозии қароргоҳи шаҳрдории Кӯлоб ба анҷом расид
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:04 0:00

Бинои шаҳрдории Кӯлобро Баҳром Иноятзода, раиси собиқи шаҳр барои таъмир вайрон карда буд. Ӯ гуфта буд, ки бино ба ҳезумхона табдил ёфтааст ва таҳхонаашро ҳашарот задааст.

Иноятзодаро моҳи ноябри соли 2020 бо ҷурми суистифода аз мансаб, ришватгирӣ ва аз худ кардани молу мулк ба дувоздаҳ сол зиндон маҳкум карданд, вале ӯ гуноҳро напазируфт.

Иноятзода аз камтарин раиси шаҳр буд, ки замони кораш боздошт шуд.

XS
SM
MD
LG