Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Намедонам, ба шумо ҳамчун профессор ё рафиқ муроҷиат кунам?” Сауле Умарова дар Сенат. ВИДЕО


 Сенат, 18-уми ноябри соли 2021. Номзади Ҷо Байден Сауле Умарова ба саволҳои аъзои сенат посух медиҳад
Сенат, 18-уми ноябри соли 2021. Номзади Ҷо Байден Сауле Умарова ба саволҳои аъзои сенат посух медиҳад

Сауле Умарова, як зодаи Қазоқистон ва шаҳрванди ИМА номзад ба мақоми мудири фаъолиятҳои бонкӣ мебошад. Рӯзи 18-уми ноябр зимни баррасии номзадии ӯ дар Сенат бархе конгрессменҳои асосан ҳизби ҷумҳурихоҳ чандин бор “гузаштаи шӯравӣ”-и ӯро ёдовар шуданд.  

Кохи Сафед оғози моҳи ноябр Умароваро ба мақоми мудири назорати асъори хориҷӣ дар вазорати молияи ИМА пешбарӣ кард. Ин ниҳод нозири кори низоми бонкии ИМА мебошад.

Умароваи 55-сола дар Қазоқистони шӯравӣ таваллуд шуда, соли 1991 ба ИМА кӯчидааст. Ӯ ҳуқуқшинос аст ва як муддат дар вазорати молияи ИМА дар аҳди Ҷорҷ Буши хурдӣ кор карда, борҳо дар сенат аз рӯи масоили молӣ суханронӣ намудааст.

Мухолифонаш борҳо гузаштаи шӯравиашро ёдовар мешаванд, вале бисёриҳо ин ҳамлаҳоро “ифротӣ” меноманд.

Зимни баррасии номзадии Сауле Умарова дар Сенат рӯзи 18-уми ноябр ҳам қонунгузорон аз ҷумла дар бораи кӯдакиву ҷавониҳояш пурсиданд. Яке аз саволҳо ба узвияти ӯ дар комсомол ва ҳизби коммунистӣ рабт дошт. Комсомол, ки созмони коммунистиҳои ҷавони Иттиҳоди Шӯравӣ маҳсуб меёфт, ба узвияташ аксар ноболиғони давраи шӯравиро қабул карда буд. Ин узвият барои пешрафт дар таҳсилу кор муҳим буд.

Дар сурати тасдиқи номзадиаш, Сауле Умарова аввалин зодаи собиқ шӯравӣ ва ҳам нахустин зан дар ин мақом хоҳад буд
Дар сурати тасдиқи номзадиаш, Сауле Умарова аввалин зодаи собиқ шӯравӣ ва ҳам нахустин зан дар ин мақом хоҳад буд

Пэт Туми, як сенатори ҷумҳурихоҳ дар суолу ҷавобаш бо Умарова ба ӯ чандин саволе дод, ки ба давраи ҷавониҳои Умарова бармегардад. Аз ҷумла, ба давраи таҳсилаш дар донишгоҳи давлатии Маскав ва мақолаи илмии ӯ дар бораи Карл Маркс - яке аз идеологҳои асосии фалсафаи коммунизм. Сенатори дигари ҷумҳурихоҳ Ҷон Кеннеди дар муроҷиат ба Умарова гуфт: “Намедонам, ба шумо ҳамчун профессор ё рафиқ муроҷиат кунам?”

Демократҳои сенат, баръакс, талош карданд аз Умарова ҳимоят карда нагузоранд ӯро зери ҳамлаҳои лафзӣ қарор диҳанд. Онҳо гуфтанд, ки баъзе гуфтумонҳои сенаторҳо “таҳлукаи сурх”-еро мемонад, ки баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар ИМА ҳукмфармо шуд.

“Ифтихор мекунам, ки амрикоӣ ҳастам”

Сауле Умарова дар посух ба саволҳои сенаторҳо гуфт, ки коммунист нест, аз ин идеология пуштибонӣ намекунад ва ӯ наметавонист “ҷои таваллудашро интихоб кунад”.

Ӯ гуфт: “Оилаи ман аз режими коммунистӣ осеб дидааст. Ман нисфи аъзои оилаамро намешиносам, ҳамин хел бузург шудам. Бибии ман дар давраи сталинӣ ду дафъа тасодуфан аз марг наҷот ёфтааст. Ин он чизе аст, ки дар хотираи ман нақш бастааст. Ман ана ҳамин гуна як шахсе ҳастам. Ҳаминро ёд дорам. Ман ба ин кишвар омадам ва ифтихор мекунам, ки амрикоӣ ҳастам”.

Демократҳое, ки аз номзадии Умарова ҳимоят кардаанд, мегӯянд, номзадии ӯ ба мақоми калон дар вазорати молия бисёр муносиб аст ва ҳамкорони худро дар он гунаҳгор карданд, ки мехоҳанд Умароваро сиёҳ кунанд.

"Духтари боақл буд"

Бахши қазоқии Радиои Озодӣ дар шаҳри Уралски вилояти Қазоқистони ғарбӣ ҳамсинфон ва дӯстони давраи бачагии Умароваро пайдо карданд. Дӯстонаш гуфтанд, ки Умарова ҳамеша духтари донову пурталош буд ва мактабро бо нишони тилло хатм кардааст, ки на ба ҳар як шогирди мактаб имкон медод.

Власта Коптелова, як дӯсти бачагии Умарова мегӯяд: “Ӯ як шахси бисёр боҳадаф буд. Масалан, аз фанни тарбияи ҷисмонӣ мушкил пайдо шуду омӯзгор баҳояшро паст кард. Сауле аз паи тарбияи худ шуд ва ҳама камбудиҳоро ислоҳ кард. Дар дафтари баҳоҳо баъди ин фақат баҳои аъло дошт. Ӯ дар миёни ҳамаи мо як духтари боақл буд, айни замон, як шахси хоксор ва хеле оддӣ”.

Қарор аст дар наздиктарин фурсат барои қабули номзадии Умарова овоздиҳӣ барпо шавад.

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG